
ВАХШ: Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12-уми январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи МТМУ№56 вохури бо фаъолони ҳизбӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қ., раиси КИ ҲХДТ дар н.Вахш Маҳмадов О., ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд. Ҷихати шарҳу тавзеҳи нуқтахои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Юсупов Қ., раиси КИ ҲХДТ Маҳмадов О., мудири шуъбаи маорифи ноҳия Валиев С., мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Расулова Т ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мирзоев С баромад намуда иброз доштанд, ки тамоми сатҳои хоҷагии халқи мамлакатро мебояд, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар камари ҳиммат банданд.
