Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати соли нави мелодии 20211-01-2021, 15:42
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамватанони азиз! Дар ин лаҳзаҳо, ки соли нави мелодии 2021–ум фаро мерасад, кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як фарди Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тандурустиву осоиш, рӯзгори ободу ором ва иқболи баланд орзу менамоям. Соли 2020, яъне соле, ки ба охир расида истодааст, дар таърихи инсоният ҳамчун яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнинтарин сабт мегардад. Хусусан, дар тамоми кишварҳои дунё босуръат паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус боиси фавти беш аз як миллиону 600 ҳазор нафар сокинони сайёра гардида, ба иқтисодиёти ҷаҳон хисороти бисёр вазнин расонид. Дар соли сипаришаванда бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус, бемории сироятии коронавирус, ки боиси коҳиши ҷиддии суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гардид, дар натиҷаи чораҳои сари вақт амалинамудаи Ҳукумати мамлакат рушди босуботи иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, таъмин гардида, дар ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт пешрафту навсозиҳо идома ёфтанд. Бинобар ин, соли 2020 бо вуҷуди мушкилоти зиёди дар ин давра ҷойдошта, ба таърихи навини кишварамон ҳамчун марҳалаи заҳмати содиқона ва вусъати бесобиқа пайдо намудани корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон ворид мегардад. Зеро бо дастгирии мардуми бонангу номуси мамлакат ва ташаббусҳои соҳибкорони саховатпеша бисёр иқдому нақшаҳои бунёдкорона амалӣ гардиданд. Ҳукумати мамлакат дар соли 2020 тамоми имконияту захираҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинон равона намуд. Аз ҷумла ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, занону ҷавонон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия кардани наврасону ҷавонон, инчунин, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамватанонамон як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ гардонида шуданд. Дар баробари ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро таъкид намоям: гарчанде бемории сироятии коронавирус дар кишвари мо қариб ба нестӣ расидааст, мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошем, ба бепарвоиву фориғболӣ роҳ надиҳем, маслиҳату тавсияҳои табибону мутахассисон ва қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятиро ба таври қатъӣ риоя намоем. Чунки гирифторшавии одамон ба ин беморӣ дар баъзе мамолики дунё аз нав авҷ гирифта истодааст. Ҳамватанони азиз! Дар соли сипаришудаистода дар муҳити озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардидани ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва интихоботи Президенти мамлакат далели возеҳи пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тавсеа ёфтани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандони кишварамон ва умуман, дастоварди бузурги низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва бузургдошти 700 – солагии фарзанди фарзонаи миллати куҳанбунёдамон – Камоли Хуҷандӣ, ки бо қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО баргузор гардиданд, комёбии муҳимми мардуми мо дар самти гиромидошти арзишҳои таъриху фарҳанги қадимаи халқамон дар соли 2020 маҳсуб мешаванд. Ҳамчунин, гузаронидани чандин чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо иштироки фаъолонаву васеи қишрҳои гуногуни ҷомеа падидаи неку хотирмони соли 2020 мебошад. Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати аҳли ҷомеа, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон, ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, эҳтиром гузоштан ба забону таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон, тавсеаи ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои табииву дақиқ ба шумор меравад. Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи иштироккунандагон ва хусусан, ба ғолибони ин озмунҳо аҳсан мегӯям ва бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти илмиву фарҳангии мамлакат фаъолу ташаббускор хоҳанд буд. Зарур аст, ки дар соли 2021 ва солҳои дигар низ ин чорабиниву озмунҳо бо масъулияти баланд, омодагии боз ҳам беҳтар ва бо ҷалби шумораи ҳарчи бештари иштироккунандагон идома дода шаванд. Дар соли нави мелодӣ, яъне соли 2021 мо ҷашни барои ҳар як фарди мамлакат бузургу муқаддас – сисолагии истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро таҷлил менамоем ва бовар дорам, ки мардуми бонангу номус ва созандаву ободкори мо ин санаи таърихиву тақдирсози давлатамонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд. Тибқи таҳлилҳои мутахассисону коршиносони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид соли 2021 дар миқёси сайёра аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ яке аз солҳои вазнин дар 100 соли охир мегардад. Иловатан беш аз 270 миллион нафар одамон дар даҳҳо кишвари дунё бар асари буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ, пастравии босуръати истеҳсолот, афзоиши бесобиқаи бекорӣ, камчин гардидани маводи ғизоӣ ва болоравии нархҳо ба гуруснагӣ ва фақр гирифтор мешаванд. Бинобар ин, мо бояд аз ҳоло омодагии ҳаматарафаро ба кишту кори баҳорӣ вусъат дода, ба истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замини корам, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир кунем ва бо истифода аз тухмиҳои аълосифат ҳарчи бештар маҳсулоти босифати кишоварзӣ истеҳсол карда, амнияти озуқавории мамлакат ва талаботи мардумро ба маводи ғизоӣ боз ҳам беҳтар таъмин намоем. Қобили зикр аст, ки сокинони мамлакат имрӯз самараи муроҷиатномаи Роҳбари давлатро аз моҳи апрели соли 2020 доир ба зиёд кардани майдони кишти картошка, зироатҳои ғалладонагӣ ва вусъат додани кишти такрорӣ дида истодаанд. Мо ин корро бо дарназардошти мушкилоти зикргардидаи вобаста ба озуқаворӣ бояд дар соли 2021 –ум низ идома диҳем, боз ҳам бештар заҳмат кашем, то ки ба камчинии маҳсулот ва болоравии нархҳо дар бозори истеъмолӣ роҳ надиҳем ва мардуми Тоҷикистон ба танқисиву муҳтоҷӣ гирифтор нашаванд. Ҳамчунин, зарур аст, ки ҳар як оила ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои рӯзгор, қабл аз ҳама, ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва риояи ҳатмии талаботи қонуни танзим бисёр ҷиддӣ муносибат намояд. Ҳамватанони азизи мо набояд фаромӯш кунанд, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ, мунтазам зиёд шудани шумораи муассисаҳои иҷтимоӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ талабот ба нерӯи барқ низ босуръат меафзояд. Бинобар ин, бори дигар ба кулли сокинони Тоҷикистон муроҷиат менамоям: агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе азобу мушкилӣ гузаронем ва зарурати маҳдуд кардани интиқоли барқ пеш наояд, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳу корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истифодаи сарфакоронаву боинсофонаи нерӯи барқ дар давраи зимистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар чунин шароит ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бояд тамоми саъю талоши худро бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири пешгирӣ кардани пайомадҳои буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, таъмин намудани пешрафти босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мақому манзалати кишвари азизамон сафарбар намояд. Бахусус, дар корҳои ободониву созандагӣ, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд, ҳар як фарди бонангу номус ва тамоми мардуми кишвар бояд саҳмгузор бошанд ва ҳар як оила, дар навбати аввал, хонаву кошона, кӯчаву деҳа ва маҳалли зисти худро тозаву озода ва ободу зебо гардонад. Халқи ободгари Тоҷикистон ба оянда ҳамеша назари неку бунёдкорона дорад ва дилпурона иброз менамоям, ки мо ҳама якҷо барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини зиндагии пурсаодати сокинони кишвар ба хотири дастовардҳои нав ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар бо қадамҳои устувор пеш меравем. Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мо дар соли нав низ, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, якҷо бо кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиш ва имкониятҳои худро ба хотири ободии Ватани маҳбубамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ва пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлоламон сафарбар менамоем. Умедворам, ки соли нави мелодии 2021–ум, яъне соли ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон давраи саъю талоши бесобиқа ва заҳмати содиқонаву аҳлона, соли таҳкими дастовардҳои халқи сарбаланду шарафмандамон, тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа мегардад. Бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии соли нави мелодии 2021 сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон ояндаи ободу осуда орзу менамоям. Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.