Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад Декабрь 20, 2021 08:09

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад Декабрь 20, 2021 08:09

20-12-2021, 09:43
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад Декабрь 20, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 20.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 22-27 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водигӣ бориши сусти борон, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борши борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар базе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, рӯзона асосан ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: