“Касе к–у меҳри Ватан надорад, имонаш коста аст”. Беимонро аслан бе ватану бе асл гўянд, балки бани одамӣ нагӯяндаш. Зеро ватандорӣ аз имондорӣ мебошад. Беимон дар дил меҳр надорад, дӯстдорӣ надорад, агар дошта бошад ҳам, сатҳӣ, рӯякӣ, сохта аст.
Ватандорӣ – аксуламалаш тобиши эҳсосоти инсонӣ аст, яъне дӯстдорӣ, меҳру сахо, эҳсосоти инсонии қалби дилогоҳ дар паҳное пош мехурад ва дар он ҷилои Ватан тобиш мехўрад. Дили саршори меҳр, вафо, садоқат, ишқи пок бояд дошт, то Ватандор бошӣ. Ватан – Модар аст, балки гаҳвораи ҳастии инсонҳост, пойдории миллату давлат аст. Ба Ватан меҳр бастан шарти муҳими имондорӣ аст. Агар меҳр нест, ишқ нест, агар ишқ нест-ватандӯсти нест, вафодорӣ нест. Сарчашмаи ҳамаи инҳо – имон аст, аммо худи имон чист?
Кардам аз ақл савол – ин ки чӣ бошад имон?
Ақл бар гўши танам гуфт, ки имон адаб аст.
Ҳақ ба ҷониби Мавлои Балх-Ҷалолуддини Балхӣ аст, ки бо фалсафаи ирфониасосаш имонро адаб арзёбӣ кардааст ва маҳз адаб-асоси тамаддун ва фарҳанги гузаштаю имрӯзи мост.
Оре, маҳз ҳамин адаб аст, ки бо зиндагии миллати куҳантамаддуни мо омезиш хўрдааст ва дар тўли қарнҳо адаб тоҷи сар омадааст.
Таърихи беш аз ҳазорсолаи мо бисёр рохи пурпечутоб ва дар бисёр ҳолатҳо тоқатфарсоро ба мо боқӣ гузоштааст, ки то ҳол пандомӯзи имрӯзиён аст, то ҳол сабақомӯзи ашрофон аст. Донистани таърих агарчи он сангин аст ва ё пурпечутоб аст ё худ пандомӯз-ҳатмӣ ва зарур аст. “Таърих аз дигар фанҳо муътабар аст, агар мухтасар аст”.
Шахсияте фармудааст: “ба таърих бояд чун ба оинаи мошин нигоҳ кунем, яъне гоҳ – гоҳе, на ҳамеша ва на бояд атрофи он нишинем”. Дар ҳақиқат, таърих оинаи аъмоли одамон дар зиндагӣ аст, ки дар ҳама давру замонҳо воқеаҳоро иньикос кардааст.
Ҳар давру замон қонуниятҳои хоси худро дорад. Дар ҳар давр амале, равише ҷараён дорад, ки рӯёи хешро дорост. Ҳар амалеро мақсудест. Дар ҳар давру замон амали неки пандомӯзро қувваҳои бадӣ “дунболгиранд”, агарчи дар бисёр ҳолатҳо ноумеду русиёҳанд. Боиси таассуфи зиёд аст, ки имрӯз низ чунин думболагириҳо аёнанд ва алалхусус, миёни ҷавонон. Ҷавонон дар ҳар давру замон неруи пешбаранда, созандаю бунёдкор ва ояндадор ҳастанд. Кас ба азму талош, созандагию бунёдкорӣ, ватандорию меҳанпарастии ҷавонони давраи Истиқлол нигариста, ҳаловат мебарад, ба онҳо аҳсан мегўяд. Ҷавонон – насли ояндасоз ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд ва мебошанд. Соли 2017- ро Соли ҷавонон эълон намудан ва пайваста дар пайёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар Рўзи сулх ва дониш баҳои баланд додан ба ҷавонон гувоҳ аз дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Пешвои миллат мебошад.
Мутассифона, вобаста ба ҷаҳонишавӣ, ки баъзе монеаҳоро дар раванди инкишофи давлатҳо ба бор меорад –ин афзоиши баъзе амалҳои номатлуб: нашъамандӣ, маводи муҳҳадир, одамрабоӣ, одамфурўшӣ, амалиётҳои нопоки
инсонӣ, хиёнат ба Ватан, гаравидан ба равияҳои гуногун, эктремизми динӣ миёни ҷавононро аҳён аҳён ба чашм мерасонанд.
Боиси шукр ва сарфарозист, ки дустдорону ҳаводорони миллат ва умуман тоҷикистониён дар ҳама ҳолатҳо буданд ва ҳастанд. Ин ашхос аз зумраи он ҳақҷӯён ва беғаразона аз нигоҳи ҳақиқату ростӣ, бо амри виҷдони пок, аз қалби саршори меҳри ҳақиқатрез довари ҳодисаю табаддулотҳо, созандагию ободкориҳо ва амсоли онҳо мегарданд. Хушбахтона ин ашхос ҳамеша дар лаҳзаҳои душвор аз ҳақиқатҳои пешин ёдрас мешаванду ҳамеша ба даҳони беназзораю берқурби ашхоси тангназар, сиёҳдилу тиразамир санг мезананд ва парешхўрии фитнаю иғворо монеъ мешаванд. Инро мо ҳамеша аз матбуоти даврӣ мебинему мехонем, ҳам мешунавем ва бешак ба ҳақгуӣи, шуҷоати онҳо аҳсан мегўем. Зеро дар акси амалҳои дур аз ирфон, берун аз маҷрои маънӣ ин ашхос касро ба миллатдӯстӣ, ватандўстию ватанпарастӣ талқин менамоянд. Аммо аз рафтори кўрнамакона, нотавонбинона ва бемаънӣ кас хиҷил мешавад. Инҷо бештар гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва эктремизми динӣ миёнӣ ҷавонон аст. Аз мусулмон будани худ садҳо маротиба Ҳудовандро шукр мегуем ва шукр мегуем, ки баҳри иҷрои суннатҳою амалҳои мусулмониамон дастгирии давлату хукумат ва шахсан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало дида мешавад. Беҳуда ҳам нест, ки Пешвои муаззами тоҷикони дунё яке аз 500 мусулмони шинохтаи олами ислом арзёбӣ гардидаанд. Ин ифтихори баланди Тоҷикистониёну тоҷикони ҷаҳон-форсизабонон ва умуман мусулмонони олам аст:
Бо чунин фарзанди некупешаи пок фахр мебояд кард,
Бо чунин Доди Худовандӣ ҳамеша фахр мебояд кард.
Солҳои ҳукумати Шӯравӣ пайваста матбуоти даврӣ дар эфир-дар саросари дунё садои дӯст ва бародари тоҷикон – тоҷикшиноси чех Иржа Бечкаро пахн менамуд. Дар воқеъ ин олими дунявӣ–ҳолдони тоҷикон ҳамеша тарғибгари фарҳанги оламгири тоҷикон буд. Аз пайравони ин профессори фахрӣ солҳои охир аз баъзе журналистони ҳақгӯ низ дар ин боб садо ба эфир мебарояд.
Владимир Соловёв яке аз журналистони шинохтаи рус аз зумраи ин афрод мебошад, ки ҳамеша аз тоҷикон пуштибонӣ менамояд. Ў нисбат ба тоҷикони азизи мо ва мардуми он ҳамеша бо меҳру самимияти хоса сухан менамояд. Дар яке аз мусоҳибааш дар ин боб ашхосеро, ки аз Тоҷикистони соҳибистиқлол шиква доранд, сахт маҳкум намуда, менависад: “ Меҳоҳам ёдовар шавам, ки тоҷикон ба низоми давлатдории имрӯза баъди хунрезиҳо, баъди ҷанги шадиди шаҳрвандӣ расиданд. Баъди ҷанг муҳлати зиёде нагузаштааст ва ин ҷанги оддӣ набуд, ин даҳшат буд. Беҳуда нест, ки ҳар вақте дарк накарда, хусусияти давлат ва мардуми онро наомӯхта, ба сари онҳо сохти ночаспонро бор карданӣ мешаванд, ин ба неру гирифтани радикалҳо анҷом меёбад. Маҳз бо ҳамин сабаб ҳодисаҳои нохуши ҷанги шаҳрвандиро ин миллати барои мо бародар, ки дар ҳайати Иттифоқи Советӣ (собиқ СССР - муаллиф) мезист, аз сар гузаронид. Ман нисбат ба онҳо бо муҳаббати том муносибат мекунам ва бо эҳсоси миннатдорӣ, солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро ба ёд меорам, ки ин мардум оилаҳои русу украин ва белорусро қабул карданд. Мо аз тоҷикон
қарздорем. Зеро онҳо дашҳати ин ҷангро бо айби мо чашидаанд... Хиёнаткорон ҳанўз 8 декабри соли 1991 қарори барҳам хўрдани ИҶШС (Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР- муаллиф) ва таъсиси ИДМ – ро ба имзо расонида буданд ва давлатро пароканда намуда, назари инҳоро напурсиданд ва имкон надоданд, ки онҳо бо роҳи осоишта аз ин вазъият бароянд”.
Чунин суханони саршори меҳру самимияти ҳақиқӣ аз ҷониби як тан ҳақиқатнигори рус нисбат ба мардуми куҳантамаддуни тоҷик ва фарҳанги он, боиси ифтихор аст. Ин дар замони ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои ҳимояи фарҳангу таммадуни миллати тоҷик нақши муҳим дорад. Ин ақидаи журналист бешак давоми гуфтаҳои муҳақикони Ѓарб аст, ки имрӯз пайдоиши тамаддуни дунявиро аз модҳо – форсҳо медонанд. Ин ифтихори миллати куҳантамаддун аст, ки хазинаи маънавии оламиёнро сарчашма буда, бо маънавиёти ирфонии худ онро бой (ғанӣ) гардонидааст.
Бо ин ҳама бузургию ифтихор ва оламшумулӣ имрӯз боиси таассуф аст, ки қисме аз ҷавонон ва дигар ашхоси камолёфта (солор) ба гаравиданҳои бемаънӣ ва нохуш боиси нанги ҷавонон ва умуман, мардуми кишвари мо мегарданд. Маҳз ҳамин аст, ки имрӯз экстремизми динӣ миёни ҷавонон аҳён аҳён ба чашм мерасад. Ин аз ҷониби баъзе ашхоси камсавод ва ё гумроҳ ба вуқўъ меояд. Пешгирии чунин амалҳо вазифаи фарзии ҳар як шаҳрванди боақлу бозаковат, алалхусус, омўзгорон ва донишҷӯёни макотиби олӣ ва умуман, муҳассилин мебошад. Албатта, боиси хушнудист, ки он роҳгумзадаҳо миёни муҳасиллин-донишҷӯёни мо нестанд, вале ин моро таскин намедиҳад, бояд мо дигар ҷавонон- оне, ки дар деҳоту ноҳия, дар шаҳр ё муҳоҷирати муваққатӣ ҳастанд, ба роҳи дуруст ҳидоят намоем, зеро ҳамаи онҳо пайвандони мо ҳастанд. Ба онҳо омўзем, то ба макри гирдоби ашхоси бегона ва идеологияи барои мо нолозим – зараровар ворид нагарданд. Тавре медонем, мақсади он афроди дур аз мазҳабу тамаддуни мо дар охири кор ин барҳамзании фарҳанги мо аст. Ин бошад, хавф ба ҳастии миллат, побарҷой будани миллату давлат аст. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки чунин иброз доштаанд:“фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст”.
Дар қатори гузаронидани дарсҳои тахассусӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ имрӯз ба корҳои тарбиявӣ таваҷҷуҳи бештар додан яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи сарпараст ё худ кураторони гурўҳҳои академӣ маҳсуб меёбад. Гузаронидани соатҳои тарбиявӣ ҳамаҳафтаина дар давоми соли таҳсил маҳз мувофиқи нақшаи таълимӣ- тарбиявии аз ҷониби раёсати донишгоҳ таълифшуда фарогири масалаҳои асосии тарбияи дурусти ҷавонон- донишҷӯён ба шумор меравад.
Қайд кардан зарур аст, ки “Ҷавонони имрӯза дар фаъолияти худ ҳамеша ба беҳшавӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ва пеш аз ҳама савияи дониши худ ноил гашта истодаанд. Сол ба сол донишандӯзӣ, рафтори шоистаи ибрат, забономӯзӣ, одоби муошират, донистани забони давлатӣ, муомилаи хуби байниҳамдигарӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, фарҳангию сиёсӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва м.и. аз ҷониби донишҷӯён беҳтару хубтар шуда истодааст. Ҳамасола шумораи донишҷӯёни аълохон афзуда истодааст”- бо ифтихору қаноатмандии зиёд қайд мекунанд роҳбари таълимгоҳ, ректори Донишгоҳ, профессор Махмадёрзода Усмон Маъмур.
Чизи дигар низ қобили қайд аст, ки қариб хар рўз аксари мо шоҳиди ҳол ҳастем ва аз он фараҳмандӣ мегирем: шурўъ аз истгоҳи Донишгоҳи аграрӣ то ба истгоҳи Ватан дар шафати шоҳроҳ панҷ муассисаи таълимӣ – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино, Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод С.Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгиранд. Бисёр вақт тавассути нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари шаҳрӣ ба кор равуо дорем. Ҳамеша як чиз таваҷҷуҳи моро ба худ мекашад, аниқтараш як чизро мушоҳида менамоем, яъне одоби донишҷўён. Боварии кас намеояд, ки дар панҷ дорулфунуни таълимӣ ҳамаи донишҷўён бо рафтору кирдор, одоби сухангўйӣ, ҳалимию нармӣ, шухиҳои хушҳолӣ, сару либоси якхела, эҳтироми калонсолон якдигарро такрор мекунанд ва шахсе, ки бо назари волидайнӣ ё бародарӣ ба онҳо менигарад, ҷаҳони ирфониеро бо худ мекушояд. Ин боиси таҳсин аст ва ин аст, ки ҳамеша барои сарсабзии онҳо даст ба дуо мебардорем.
Мо бояд давомдиҳандаи фаъоли кори падарону модарон, ворисони бонангу номус, сарварони сарсупурдаи хеш бошем.
Мо омӯзгорон низ бояд худ пешоҳанги ин корҳо ва мақсадҳои накӯ бошем. Бояд дар замири шогирдон донишҳои худшиносӣ ва ватанпарастиро ҷойгир намоем, яъне онҳоро аз илми замона огоҳ намоем, то дар як давраи хело кӯтоҳ ба ҳадафҳои сиёсиамон расем.
Охирсухан боз ҳам офаридаи Лоиқи безавол аст, ки фармуда:
Шукр гуям ҳар нафасро ҳамчу нақди зиндагӣ,
Ки бувад пайваста бо халқу Ватан чун ҷону тан.
Ин Ватан бе ман тавонад буд ҷовидон, вале
Ман натонам як нафас ҳам зинда бошам бе Ватан.
М.А.Шарипов, дотсенти кафедраи беҳдошти ветеринарии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, номзади илм