Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22-12-2021, 07:34
Хабарро хонданд: 126 нафар
Назарҳо: 0
Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.12.2021 13:55, шаҳри Душанбе

21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як гуруҳ собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: