Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таъиноти кадрӣ

Таъиноти кадрӣ

18-11-2021, 07:22
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Таъиноти кадрӣ
17.11.2021 16:30
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъингардида ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра, дастуру супоришҳои муфид доданд.

Мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол гардид.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Носири Хусрави вилояти Хатлон ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод ва ба ҷойи онҳо кадрҳои нав таъин карда шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” озод гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: