
Ба муносибати 27 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов конфронси илмӣ назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми ҲХДТ барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, ҷавонон ва бонувони фаъоли ҲХДТ, раисони Ҷамоатҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, собиқадорони ҳизб ва аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба муносибати рӯзи таъсисиёбии ҳизб қироат намуд.Инчунин мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Набиев Шерзод «Дар бораи саҳми ҲХДТ барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва таърихи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» баромад намуд. Аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» Худоёров Раҳматулло «Дар бораи мақсаду мароми ҲХДТ», донишҷӯи КМО-и ноҳия Сафарова Саёҳат «Дар бораи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон» суханронӣ намуданд.Дар фарҷоми чорабинӣ ба 5 нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба як қатор фаъолони ҳизб барои иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб ва саҳми назаррас дар иҷрои вазифаҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сипоснома»-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.Баъди ба итмом расидани чорабинӣ намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам як қатор собиқадорони ҲХДТ-ро аёдат намуданд.