
Субҳи рўзи 10-уми декабри соли ҷорӣ ҳайати Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба зиёрати Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонии шаҳри Кулоб омаданд. Меҳмононро роҳбалади мақбара пазироӣ намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти мутафаккири барҷастаи асри 14, Алӣ бинни Шаҳобиддин, мулаққаб ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маъруф ва машҳур аст, маълумоти муфассал дода, ҳозиринро бо намунаи ашъори мавсуф шинос намуд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шуҳрати калон дошта, маҳз дар шаҳри Кӯлоб аз рӯйи муҳаббати зиёд мардум ин мутафаккирро бо лақаби Ҳазрати Амирҷон ёдоварӣ мешаванд. Лозим ба тазаккур аст, ки дар мамолики машриқзамин Сайид Алии Ҳамадонӣ бо тахаллусҳои Шоҳи Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпўш, Мири Сиёҳпўш ва Ҳазрати Амирҷон ёдоварӣ мешавад.