Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд

13-12-2021, 08:17
Хабарро хонданд: 91 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Декабрь 11, 2021 18:00

Рӯзи 11- уми декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Олаф Шолтс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли самимият Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми олии Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон табрик ва таҳният менамоям.

Бо ибрози беҳтарин таманниёт ба Шумо сиҳатмандии комил, дар пешбурди ваколатҳои тозаи пурмасъулиятатон ва дар амри татбиқи нақшаю барномаҳоятон ҷиҳати пешрафти Олмони дӯст дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, ҳамчунин тақвияти беш аз пеши обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ муваффақиятҳо орзумандам.

Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Дар ин замина мо хоҳони вусъати бештар бахшидан ба таъмиқу тавсеаи онҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем.

Изҳори умед менамоям, ки бо саъю эҳтимоми муштарак шарикии гуногунҷанбаи кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав бардошта хоҳанд шуд.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: