Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ГУЛБУДДИН ҲИКМАТЁР ХУДРО "КАФОНД"!?

ГУЛБУДДИН ҲИКМАТЁР ХУДРО "КАФОНД"!?

25-11-2021, 11:13
Хабарро хонданд: 154 нафар
Назарҳо: 0
 ГУЛБУДДИН   ҲИКМАТЁР  ХУДРО  "КАФОНД"!?

Гулбуддин Ҳикматёрро дар се даҳаи ахири таҳаввулоти сиёсии Афғонистон чун "Робин Гуд" ном мебаранд. Ҳар куҷо, ки кумаки "оҷил" зарур шумурда мешуд, хоҳ аз дохил, хоҳ аз хориҷ, он ҷо ҳозир мешуд. Ин "гурги борондида" худро чунон вонамуд месохт, ки як фишанги қудрати сиёсӣ дар идоракунии мамлакатро дар даст дорад.
Дар якуним соли музокироти ҳукумати хоини Ашраф Ғанӣ бо Толибон Ҳикматёр шояд аз бозиҳои пасипардагӣ огаҳӣ дошт, ки гоҳ-гоҳе аз номи ҳизби бо ном "Исломии Афғонистон", ки худ муассиси он аст, ҳарфҳои ботарсу духӯра мегуфт. Аз танқиди амрикоиҳо, ки аз соли 2001 дар Афғонистон ҳузури низомӣ доштанд, тарси сахт дошт; ваҳму ҳарос аз ду ҷиҳат буд: аввалан дар солҳои муқовимат алайҳи Шуравӣ вай аз Амрико 600 миллиён доллар гирифта буд, куҷо сарф кард, бо кӣ он маблағро «обу лой» ва «арра» кард, касе огаҳӣ надорад. Сонӣ, аз соли 1990 баробари Бен Лодан дар рӯйхати сиёҳи неруҳоии истихбороти Амрико қарор дошт. Аз ин рӯ, Ҳикматёр дар ҳукумати Карзай мақоме наёфт, амрикоиҳо номи ӯро аз рӯихати номзадҳо дар вазифа ва мақомоти давлатӣ хат заданд. Соли 2003 Ҳикматёр аз ҷониби Амрико террорист эълон шуда, номи ӯ дар қатори мулло Умар ба рӯихати сиёҳи СММ шомил гардид. Ҳомид Карзай раиси вақти Ҷумҳурии исломии Афғонистон соли 2016 амрикоиҳоро мутақоид сохт, ки Гулбуддин Ҳикматёр-раиси ҳизби "Исломии Афғонистон" метавонад, дар таҳкими сулҳ ва ҳамбастагии қавму қабоил ва миллатҳои Афғонистон саҳм гузорад. Ин пешниҳод пазируфта шуда, Ҳикматёр мавриди авфи СММ қарор гирифт ва ҷиноҳи низомии ин ҳизби Ҳаробиовар аз байн рафт. Миёнҷигарии Карзай барои нақши фаъоли Ҳикматёр дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ дар шимоли Афғонистон буд, зеро Ҳикматёр зодаи вулисволии Имом Соҳиби вилояти Қундуз буда, дар шимоли мамлакат нуфузи зиёде дорад.
Дар интихоботи даври дуюм ба ҷонибдории Ашраф Ғанӣ қарсак зад, аммо аз ишғоли курсиҳои холӣ худдорӣ кард, тарс аз мардуми Кобул буд, бо фармони Ҳикматёр соли 1996 ҷиноҳи низомии ҳизби "Исломии Афғонистон" дар кумак ба Толибон як ҳафта Кобулро мавриди ракетаборон қарор дод, дар натиҷа зиёда аз 4 ҳазор одамони бегуноҳ ба шаҳодат расиданд. Ҳикматёр ҳукумати Раббонӣ ва Масъудро, ки дар он вазифаи сарвазирро иҷро мекард, соли 1996 ин "ҳукумати тоҷикӣ" гӯён аз он намоишкорона даст кашид ва бо Толибон ва "Ал-қоида" пайваст. Фаъолияти Ҳикматёр дар ҳукумати толибон, солҳои 1996-2001 ҳам, пардапӯшона буд, чунон ки имрӯз фаъолияти эшон дар ҳукумати Толибони қандаҳорӣ ва панҷобӣ мармузона маҳсуб меёбад.
Агар ба чеҳраи сиёсии ин буқаламун амиқан бингарем, ӯ бист соли ахир дар Афғонистон чун замонасоз сиёсат ронда, аз маҳдудаи қавму миллатгароӣ берун наомадааст. Гулбуддин Ҳикматёри пуштунтабор агарчанде шогирд ва таълимдидаи мактаби маънавии устод Раббонӣ бошад ҳам, инро кайҳо фаромӯш кардааст, ҳатто вақте Толибони миллатгаро номи устод Раббониро аз Донишгоҳи омӯзгории Кобул ҳазф намуданд, садо рӯшан накард. Ин хиёнати маънавии шогирд ба устод аст.
Дар ҳукумати имрӯзаи Толибон Гулбуддин Ҳикматёр ва Ҳомид Карзай, ба қавли афғонҳо чавкӣ (курсӣ) надоданд, аммо онҳо дар сиёсати хориҷии Толибон, ки ҳанӯз ба кадом самт равона аст, норавшан боқӣ мемонанд, мушовирон ва маслиҳачиёни "куҳансол" маҳсубанд. Як ҳафта пеш Карзай ҷомеаи ҷаҳониро чунин ҳушдор дод: "Агар дунё Толибонро ба расмият нашиносад, хатари муҳлик дунёро домангир хоҳад шуд". Ҳикматёр аз мавҷудияти Ҷабҳаи муқовимат бо сарварии Аҳмадшоҳ Масъуди хурдӣ сахт дар ташвиш буда, се рӯз пеш дар интиқоди сиёсати Амрико, ки дар Вашингтон барои муборизони роҳи озодӣ ва ростини Панҷшер дафтари сиёсӣ боз кардааст, худро чунон "кафонд", ки ин мояи ҳайрати ҷаҳониён гардид. Ҳикматёр дар фароварди ҳарфҳояш чунин иброз дошт: "Амрико дар талоши интиқоми шикасташ дар Афғонистон аст, ба ҳамин манзур ба муқовиматгарони кӯлобӣ дар Вашингтон дафтари сиёсӣ додааст". Ин музахрафоти Гулбуддин Ҳикматёро бишнавед! Чаро муқовиматгарони Панҷшерро кӯлобӣ хонд? Ин аз чӣ маншаъ мегирад? Ба ҳамагон мисли рӯз равшан аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сиёсатмадоре буд ва ҳаст, ки аз минбари баланд борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо ба амал овард, то ҳукумати Толибонро, ки террористӣ аст, ба ҳеҷ ваҷҳ ба расмият нашиносанд. Пешвои миллат ҳаққонӣ иброз доштанд, ки Толибон ҳам ба минтақа ва ҳам ба ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд ва оғозашро ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст. Ин ишораи Ҳикматёр мустақиман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Ҳикматёр қавмгаро ва миллатгаро буда, аз он ки тоҷикон дар Панҷшер, Андароб, Гулбаҳор ва чанд минтақаи шимоли мамлакат алайҳи Толибон мардонавор меҷанганд, ҷигархун асту ташвиши муҳлик аз он дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пушту паноҳи тоҷикони дунё ва Афғонистон мебошад. Ин намакхӯри хони Аҳмадшоҳ Масъуд ва профессор Б. Рабонӣ солҳои муқовимати Ҷабҳаи шимолро алайҳи Толибон хуб дар хотир дорад. Медонист, ки Аҳмадшоҳи Масъуд тавассути чархбол тез-тез барои дастраси ба акмолот ба минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон парвоз мекард. Тарс дар дили ин гандумнамои ҷавфурӯш аз минтақаи Кӯлобу кӯлобиҳои Тоҷикистон ҳанӯз боқӣ мондааст.
Бурҳон Салмон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: