Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” дар шаҳри Гулистон

Ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” дар шаҳри Гулистон

23-11-2021, 08:26
Хабарро хонданд: 398 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиши ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” дар шаҳри Гулистон

Таҳти ҳамин унвон дар толори Кохи “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бо иштироки зиёда аз 300 нафар ҷавонон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши аъзоёни Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Чорабинӣ таҳти раёсати раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Ҷамолиён Муслимахон Ғайбуллозода баргузор гардида, дар кори он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Исматҷонов Бахтиёр, Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, сарбозон, намояндагони ташкилотҳои ибтидоӣ ва васоити ахбори умум ширкат варзиданд.

Нахуст, меҳмонон аз маҳсули дастранҷи ҳунармандони ҷавони шаҳри Гулистон аз қабили дӯзандагӣ, гулдузӣ, дастоварду ҷоизаҳои варзишгарон дидан намуда, барои рушди ҳунар ва лаёқатмандии ҷавонон баҳои баланд ва барои рушди ҳунармандӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Баъд аз боздид, ҳамоиши ҷавонон бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ, самти фаъолияти он, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба рушди соҳаҳои дахлдор, гаравиши ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои муҳими рўз ибрози назар намуда, ба ҷавононе, ки хизматро бо сари баланд адо намуда, бо сару либоси ҳарбӣ бо як ҳисси баланди Ватандорӣ ба ҳамоиш ташриф оварда буданд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон доир ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ –Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таъсисёбии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳо, даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ки қарзи ҳар як ҷавонмард аст, андешаронӣ намуда, аз ҷавонон даъват баамал оварданд, ки барои пойдории сулҳу суббот дар меҳан нақши муассир гузоранд.

Инчунин, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Абдулатифзода Меҳрафрӯз дар мавзӯи “Пешвои миллат-роҳнамои ҷавонон”, сарбоз Пояндаев Исматулло атрофии мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафу ҷавонмардист” ва ҷавони фаъол Баҳриддинов Ҷонибек дар мавзўи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» андешаҳои худро баён намуд.

Баъдан, маросими савгандёдкунии 12- нафар ҷавононе, ки нав ба сафи аъзогии ТҶҶ “Созандагони Ватан” шомил гардида, дар вазъияти тантанавӣ Шаҳодатномаҳои аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ба 10- нафар ҷавонони ба сафи ҳизб қабул гардида, Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Дар ҳамоиш Муроҷиатномаи иштирокчиён таҳти унвони “Тоҷикистон ба пеш!” аз ҷониби роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Гулистон Иноятов Муҳрулло ба самъи ҳозирин расонида шуда, баъдан аз тарафи иштирокчиёни ҳамоиш Муроҷиатнома якдилона қабул карда шуд.

Дар фарҷом санъаткорони ҷавони бахши фарҳанги МИМҲД-и шаҳр бо сурудҳои дилнишин ба ҳамоиш ҳусни тоза зам намуданд. Суруди гурӯҳии “Пешвои мо!” бо парафшонии парчамҳои давлатӣ ва ҳизбӣ бо кафкубиҳои иштирокдорон фараҳ бахшид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: