Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Толибон ҳуқуқҳои занони Афғонистонро боз ҳам бештар маҳдуд намуданд

Толибон ҳуқуқҳои занони Афғонистонро боз ҳам бештар маҳдуд намуданд

23-11-2021, 08:15
Хабарро хонданд: 121 нафар
Назарҳо: 0
Толибон ҳуқуқҳои занони Афғонистонро боз ҳам бештар маҳдуд намуданд
Ноябрь 22, 2021 12:04

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ҳаракати тундгарои «Толибон»*, ки дар Афғонистон ҳукмронӣ мекунанд, қоидаҳои наверо эълон карданд, ки ҳуқуқи занонро маҳдуд мекунанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз «Российская газета» хабар додааст.

Барои занони афғон дар драмаҳои телевизионӣ зоҳир шуданро манъ намуданд. Филмҳое, ки хилофи асосҳои шариат ва арзишҳои афғонҳо дониста мешаванд, манъ мегарданд. Ҳамчунин намоиши наворҳои мардони урён, ҳатто қисман манъ аст.

Аз 22 ноябр намоиши барномаҳои ҳаҷвӣ ва фароғатӣ, ки “динро таҳқир мекунанд ё барои афғонҳо таҳқиромез ҳисобида мешаванд”, манъ шудааст. Толибон ҳамчунин талош доранд намоиши филмҳои хориҷиро, ки “арзишҳои фарҳангии Ғарбро тарғиб мекунанд”, манъ кунанд. Ҳоло занони хабарнигор ва барандаҳо муваззаф шудаанд, ки ҳангоми наворбардорӣ рӯсарӣ бипӯшанд, ҳарчанд дар дастур мушаххас карда нашудааст, ки кадом навъи пӯшиш бояд истифода шавад.

Шаҳрдори Кобул ба занон- хизматчиёни мунисипалӣ тавсия додааст, ки дар хона бимонанд. Ҳуҷҷатуллоҳ Муҷаддадӣ-узви созмоне, ки манфиатҳои рӯзноманигоронро дар Афғонистон ҳимоя мекунад, гуфт, ки ҷорикунии маҳдудияти нав ғайричашмдошт буд. Дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ ӯ гуфт, ки бархе аз қоидаҳо “ғайриамалиянд” ва дар сурати ҷорӣ шудани онҳо ширкатҳои телевизионӣ маҷбур мешаванд фаъолияташонро қатъ кунанд.

Толибон 15 август дар Афғонистон қудратро ба даст оварданд ва бисёре аз афғонҳо аз ҷорӣ шудани маҳдудияти шадид хавотир шуданд. Радикалҳо дарҳол эълон карданд, ки барои занону духтарон дар мактабҳо ҷой нест. Ва ҳоло Афғонистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки мақомоти он тақрибан нисфи аҳолиро аз таҳсил ва гирифтани дониш маҳрум кардаанд.

Дар замони ҳукмронии қаблии толибон дар солҳои 1990 барои занон ҳамин гуна таҳсил ва кор кардан мамнӯъ буд. Намояндагони ҳаракати радикалӣ тасдиқ мекунанд, ки маҳдудияти ҷоринамудаи онҳо “муваққатӣ” буда, танҳо ба хотири таъмини “бехатарӣ” дар ҷойҳои корӣ ва муҳити омӯзишӣ амал мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: