Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

22-11-2021, 08:53
Хабарро хонданд: 87 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

19.11.2021 16:45, шаҳри Душанбе

19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синоро ифтитоҳ карданд.

Бинои хуштарҳу муосир аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир бунёд гардидааст.

Иншоот дорои 61 ҳуҷраи корӣ, ду толори маҷлисӣ мутаносибан бо 360 ва 130 ҷойи нишаст ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад.

Ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи имрӯза бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютер, мизу курсӣ ва ҷевонҳои замонавӣ таъмин карда шуда, бо интернети баландсуръат пайваст мебошанд.

Тарҳи ҳуҷраҳои корӣ дар асоси талаботи муосир омода гардидааст, ки ба таъмини раванди шаффофияти кору фаъолияти кормандон мусоидат менамояд.

Дар бинои нав барои 500 нафар имкони хуби кору фаъолият муҳайё гардидааст.

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси дастуру роҳнамоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дорои шароити муосири кору хизматрасонӣ мебошад.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ дар он моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида буд ва дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Корҳои паймонкорию сохтмониро дар бино мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Самар СН” ба анҷом расонида, дар ҷараёни корҳо 140 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Масоҳати умумии замини иншоот 1,27 гектарро дар бар гирифта, худи бинои маъмурӣ дар майдони 1817,5 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Дар таҳхонаи бино барои кормандон ошхона бо 88 ҷой, анбор ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ бунёд ёфтааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави маъмурӣ барои кормандони як қатор зерсохторҳои вазорату идораҳои дар ноҳияи Сино фаъолияткунанда, аз ҷумла Раёсати молия, Шуъбаи маориф, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Муассисаи давлатии “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил”, Шуъбаи хизматрасонӣ-иҷтимоӣ дар хона ва Муассисаи давлатии “Нигоҳдории боғу гулгашт, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона”, ки қаблан дар биноҳои иҷора ва солҳои пеш сохташуда фаъолият мекарданд, беҳтарин шароити корӣ муҳайё гардид.

Ёдовар мешавем, ки бинои қаблии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ҳанӯз соли 1958 сохта шуда, аз ду ошёна ва 37 ҳуҷраи корӣ иборат буд, ки бо гузашти замон зарурати мутобиқ намудани кору фаъолияти кормандон ба талаботи замон ба вуҷуд омад.

Ҳамин тариқ дар асоси тадбирҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ бунёди бинои нави муҳташами маъмурӣ амалӣ гардид.

Бино бо шабакаи гармидиҳӣ, низоми махсуси ҳавокашӣ, ҳавотозакунӣ, ҳавохунуккунӣ ва радиошунавоӣ пайваст буда, фаъолияти муназзаму самарабахши кормандонро дар тамоми фаслҳои сол таъмин мекунад.

Бо мақсади тамъини бехтарӣ дар бино камераҳои назоратӣ насб гардида, ҳамзамон бо системаи огоҳкунандаи сӯхтор низ таъмин мебошад ва дорои ду лифти замонавӣ аст.

Саҳни бино дар доираи иқдомҳои созанда дар масоҳати 5360 метри мураббаъ сабзазор гардида, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонида шудааст.

Роҳравҳои атрофи иншоот бо тахтасангҳои бетонӣ оро ёфта, масоҳати 2350 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 5720 метри мураббаъ асфалтпӯш гардид.

Бо мақсади таъмини истироҳату фароғати босамари кормандону муроҷиаткунандагон, дар назди иншоот 20 курсии замонавӣ гузошта шуда, таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт бунёд ёфтааст.

Рӯшноии атрофи биноро шабона чароғҳои гуногун ба таври муосир таъмин мекунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити муосири муҳайёгардида барои хизматчиёни давлатӣ ва дигар зерсохторҳои вазорату идораҳо дар бинои нави маъмурӣ баҳои баланд дода, масъулону кормандонро ҷиҳати фаъолияти пурсамару назаррас ва хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат ҳидоят намуданд.

facebooktwitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: