Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таъиноти кадрӣ дар сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ

Таъиноти кадрӣ дар сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ

14-01-2020, 09:15
Хабарро хонданд: 18 нафар
Назарҳо: 0
Таъиноти кадрӣ дар сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣДар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Сӯҳроб аз вазифаи Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон озод гардида, Ализода Назирмад ба ин вазифа таъин гардид. Раисони ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе, Қабодиёни вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва Мастчоҳи вилояти Суғд бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод гардида, ба ин вазифаҳо ҷавонони кордону мутахассисони варзида таъин гардиданд.

Мирзозода Низом бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини Раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Дар дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои Прокуратураи генералӣ дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Зимни суҳбат бо мутахассисони соҳа Сарвари давлат фаъолияти масъулини ҳар як сохтору мақомоти давлатиро бо мисолҳои мушаххасу таҳлилҳои амиқ баҳогузорӣ намуда, дар назди кадрҳои таъиншуда ҷиҳати рафъи мушкилоту ҳалли масъалаҳои мавҷуда вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

«Бо назардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки печидаву пешгӯинашаванда мемонад, мо бояд аз ҳарвақта дида, бо масъулияти баланд ба иҷрои вазифаҳои худ муносибат намоем ва дар пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми назаррас гузорем. Он нақшаҳое, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ӯҳда гирифтаем, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намоем,»- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Таваҷҷӯҳи хоса ба ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, таъмини волоияти қонун, ҳизмати поквиҷдононаю содиқона ба халқу кишвари худ аз нуқтаҳои асосии ҳидоятҳои Сарвари давлат буданд, ки зимни мулоқот иброз гардиданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: