Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мусиқӣ маънии зиндагист...

Мусиқӣ маънии зиндагист...

10-11-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
      Мусиқӣ маънии зиндагист...

Аз дуриҳои дур садои мусиқӣ ба гӯш мерасад. Навои он ба дил сурур бахшида, касро ба олами руъё, гуфтаву ногуфтаҳо мебарад. Ривоят мекунанд, ки мусиқӣ аз шилдирости оби ҷӯйборон, хониши кабку булбулон ва садои форами наистон сарчашма гирифтааст. Мусиқиро ҳамнафасу ҳамсадои одамӣ меҳисобанд ва он дар лањзањои ғаму ғурбат аз дили маҳзун бо садои ғамнок берун мешавад. Дар ҷои дигар аз шодиву нишот аз қалби пур аз фараҳи инсонӣ бо навои шодмонї садо медиҳад. Дарвоқеъ мусиқӣ сабову ҳавову навои хушест, ки рўҳу табъи одамонро болида мегардонад. Инсонҳо ҳамеша ба навою суруди хуш чун рафъкунандаи ғаму андуҳ, дарду ранҷ ва чун шираи талхи гиёҳи сабр - ба панди нек, ниёз доранд. Дар мавриди дигар мусиқӣ ифшогари ишқу муҳаббат, шодиву нишот, тавлидгари орзуву омоли инсонӣ дониста мешавад.
Пас офарандагону навозандагони ин ганҷинаи беҳамто, хушбахтарин инсонҳое ҳастанд, ки ба муштоқону роғибони хеш ин муъҷизаи афкори баланди инсониро арзонӣ доштаанд. Зеро он ба мисли сухани хушу роҳатафзо, ба сони қатраи ташнашикани оби нўш, касро болидарўҳ мегардонад ва он чун пандест, ки касро дар масири ҳаёт ба некиву некўкорӣ даъват намуда, ба ободкориву созандагӣ раҳнамун месозад.
Мутриб, омӯзгор, мусиқашинос Юсуфхон Каримов аз зумраи он инсонҳое ҳаст, ки умри бобаракати хешро сарфи дунёи мусиқӣ карда, дар дили ҳазорон нафар роғибонӣ ин ҷода маскан гирифтааст. Муҳаббати ба мусиқӣ доштааш ҳанӯз аз овони наврасӣ дар қалбаш маъво гирифта буд. Соли 1971 шомили мактаби мусиқии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ шуд. Дар ин даргоҳи ҳунар аз беҳтарин донандагони мусиқӣ Душанбе Қучқоров, Холбахш Ёрмонов, Холаҳмад Маҷидов, Файзалӣ Ҳасанов,
Мирзоватан Миров дарси ҳунару маҳорат омӯхт. Соли 1976 шомили фукултаи мусиқӣ - омӯзгории Доншкадаи ҳунарҳои зебоӣ (ҳозира ДДФСТ) ба номи Мирзо Турсунзода гардид ва аз беҳтарин устодони соҳа илми мусиқиро омӯхт. Баъди хатми донишкада идомаи ҳаёташро ба ҷаҳони мусиқӣ ва пешаи омӯзгорӣ бахшида, даҳҳо нафар шогирдонро тарбия карда раҳнамуни дунёи мусиқӣ гардонид.
Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар дил майли омӯзиши жанри фалакро дошт ва пайваста бо устодони донишманди соҳа ҳамсуҳбат мешуд. Ин жанрро омӯхт ва вобаста ба фалак, паҳлуҳои эҷодии он, нигоҳу назари нав пайдо кард. Ин буд, ки дар мавзӯи фалаксароӣ бо увонии, “Фалак-ганҷи бостонии ниёгон аст” пажуҳиш кард. Бо чанд нафар фалаксароёни номиии ҷумҳурӣ ҳамсуҳбат гардида, ба деҳаҳои дурдасти минтақаи Кӯлоб сафар намуд. Бо донандагони фалак ошноӣ пайдо намуда, рубоиву дубайтиҳои зиёди мардумиро ҷамъоварӣ кард. Дар боби аввали пажуҳиши кардааш чунин навиштааст: “Бисёриҳо жанри фалакро ниёиш ба осмон, Офаридгор медонанд. Албатта, ин дуруст аст, аммо то ҳанӯз паҳлуҳои зиёди дигари ин жанр омӯхта нашудааст. Зимни пажуҳишам маълумам шуд, ки ҳангоми сароидани фалак адвори нимтонии фалакро ҳунармандон зимни сароидан ва навохтан гоҳҳо ба нимтони дигар тақсим мекунанд. Ин нимтони дигарро танҳо бо асбобҳои мусиқие навохтан мумкин аст, ки парда надоранд. Ин созҳо най, думра, ғиҷак мебошанд, ки дар ҳамовозӣ бо онҳо навохтан ва сароидани фалак мувофиқ аст”.
Дар давоми пажуҳишаш Юсуфхон Каримов оҳангҳои “Фалаки кӯҳистонӣ”, “Фалаки роғӣ”-ро, ки аз ҷониби Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Одина Ҳошимов, ки борҳо сароида шуда буданд ба риштаи адвор кашида, пешкаши ҳаводорони мусиқӣ гардонд. Ин падидаи хубе буд, ки дар он солҳо дӯсторони ҷодаро вориди ҷаҳони фалак намуд ва онҳоро ба ин жанр боз ҳам наздиктар ошно кард: “Одина Ҳошим (равонаш шод бод) фалакро дар сатҳи олӣ месароид - мегӯяд Юсуфхон Каримов - ӯ бори аввал дар ҷодаи фалаксароӣ матни ғазалро ворид намуда, махзани фалакро хеле бою ғанӣ гардонд. Одина Ҳошим борҳо таъкид мекарданд, ки фалаксароёни минтақаи Шуробод ҳангоми иҷроиши ин сурудаи мардумӣ роҳу усулҳои ба вижа хуберо истифода мебаранд. Ин дар оҳанг, тарзи сароидан, лаҳн ва кашиши овозӣ, инчунин дар тарзи сароидани онҳо дида мешавад. Инчунин фалаксароёни ноҳияи Ховалинг низ услуби хоси тарзи сароидани фалакро доранд, ки намунаи хуби онро мо борҳо дар иҷрои сарояндаи номӣ Сафармуҳаммад Муродов дидаем”.
...Юсуфхон Каримов жанри фалакро намунаи беҳтарини мусиқии суннатии шифоҳии мардуми тоҷик медонад. Ҳангоми суҳбат атрофи рушди ин жанр чунин ибрози назар кард: “Айни замони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Сарвари давлатамон 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд. Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди фалакхонӣ ниқши бориз дорад. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10 октябр ҳамчун «Рӯзи Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад. . Ҳамчунин соли 2015 дар номинаи мусиқии суннатии тоҷикон — фалак ба Ҷоизаи байналмилалии «GLOBAL RATING NOMI-NATION»-и Институти рейтинги байналмиллалӣ- «INTER-NATIONAL RATING SISTEM» — ЮНЕСКО мушарраф гардид.
Имрӯз метавон номи фалаксароёни номии тоҷик Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Гулчеҳра Содиқова, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол, Панҷшанбе Ҷорӯбовро ба забон овард, ки ба мусиқии «Фалак» ривоҷу равнақ бахшида, онро машҳури олам гардониданд”.
Юсуфхон Каримов тӯли 6 сол дар мактаби эҷодии композитор, шодравон Абдуфаттоҳ Одинаев шомил шуда, аз он кас нозукиҳои пешаи оҳансозиро омӯхтааст. Ба сюитаи “Сулҳ”, шеъри М. Турсунзода, “Суруди мо”, шеъри А. Шарифӣ, “Ҷаҳонат манам” шеъри А. Дӯст, “Муаллими мо” шеъри Л. Кенҷаева , Раҳбари мо” шеъри К. Насрулло ва ғайраҳо оҳанг бастааст. Дар асарҳои эҷодкардааш кушиш намудааст, ки қалбҳои дӯстдорони мусиқиро бо оҳангаш тасхир намояд, равони онҳоро болида гардонад, руҳи онҳоро тамкин ва ба ҳаёти онҳо рушанӣ бахшад.
Юсуфхон Каримов зиёда аз 35 соли умри бобаракати хешро сарфи ҷаҳони мусиқӣ ва тарбияи насли наврас намудааст. Дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими сол” ширкат варзида, сазовори гирифтани ҷойҳои аввал шудааст.
Ӯ ростиро мепарварад ва камтарин мазмуни тақаллубомез хотирашро тира месозад. Бахуссус вақте мебинад, ки дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгори фанни мусиқӣ шахси тасоддуфӣ ҳаст ва аз ҷаҳони мусиқӣ фарсахҳо дур буда, онро дарк карда наметавонад , дилаш ба дард меояд, эҳсос мекунад, ки чунин омӯзгор ба ҷомеа зарару иснод меоварад.
Ман ҳам ба андешаи дар боло гуфта шуда ҳамовоз мешавам ва бояд иброз дорам, ки дар ҳақиқат омӯзиши илми мусиқӣ дар муассисаҳои таълимӣ манзалати махсусро тақозо дорад, зеро мусиқӣ дар ҳама давру замон ҳамқадами мардум буда, бе он зиндагии мардумро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Эжен Созе (фр. Eugène Sauzay; 1809—1901) мусиқашинос, композитор, скрипканавози номии фаронсавӣ навиштааст,ки: “Мусиқӣ маънии зиндагист ва неруи он метавонад мардуми ҷаҳони парешонгаштаеро ба ҳам мутаҳид созад”.
Бале, ин гуфта сад дар сад дуруст аст, зеро мусиќї бузургтарин офаридаи инсонист ва таъсири он чунон љозибанок аст, ки ягон санъати дунёї ба он баробар шуда наметавонад. Ин офарида махзанест, дар он эњсосоти волои инсонї ба монанди, дўст доштани ватан, шодиву нишот, ѓаму андуњ, муњаббату садоќат, орзуву омол ва дигар маънињои зиндагї нуњуфтаанд ва он метавонад ба инсон ѓановати олии маънавї бахшад.

Тағоймуроди Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: