Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фармондеҳи Округи ҳарбии марказии Русия аз шиддатёбии хатар аз ҷониби Афғонистон хабар дод

Фармондеҳи Округи ҳарбии марказии Русия аз шиддатёбии хатар аз ҷониби Афғонистон хабар дод

10-11-2021, 08:25
Хабарро хонданд: 83 нафар
Назарҳо: 0

Округи ҳарбии марказии Русия дар пасманзари шиддатёбии таҳдидҳои террористӣ аз ҷониби Афғонистон омодагии ҷангии неруҳоро баланд бардошта, онҳоро бо навъҳои нави аслиҳа муҷаҳҳаз мегардонад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU хабар медиҳад, дар ин бора ба рӯзноманигорон фармондеҳи низомиёни ОҲМ Александ Лапин иттилоъ дод.

«Таҳлилҳои низомӣ-сиёсӣ дар самти Осиёӣ-Марказӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки хатарҳо аз ҷониби Афғонистон дар ҳоли шиддатёбиянд. Вобаста ба ин вазъият талоши асосии Округи ҳарбии марказӣ ба баланд бардоштани омодагии ҷангии низомиён, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаҳои муосир, инчунин озмудани усулҳои нави ҷангӣ миёни ҳарбиён равона шудааст»,-зикр намуд ӯ пас аз маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони марҳилаи минтақавии Фестивали умумирусиягии матбуоти «Медиа-Ас сентр 2021».


Фармондеҳи Округи ҳарбии марказии Русия аз шиддатёбии хатар аз ҷониби Афғонистон хабар дод
«Якбора дар лаҳзаи кӯтоҳ (дар Афғонистон-) дигаргуншавии вазъият ба амал омад. Мо дар Тоҷикистон зиёда аз 20 машқҳои ғайринақшавиро ҳам дар сатҳи фаврӣ ва ҳам тактикӣ гузаронидем. Муҳимтаринаш он машқҳое буданд, ки дар майдонҳои «Ҳарб-Майдон», «Момирак», Самбулӣ» ва «Лоҳур» гузаронида шуданд. Ҷамъбасти омодагиҳо дар Тоҷикистон- ин машқҳои байналмилалии «Ҳамкорӣ-2021» ба ҳисоб мераванд, ки мо бо ин тамринҳо соли омӯзиширо ба анҷом намерасонем. Барои мо ҳоло тамрин дар Қазон дар пеш аст, аз ҷумла машқи ҳарбии «Бародарии шикастнопазир»,-изҳор дошт генерал-полковник Лапин.

Фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ зикр намуд, ки дар умум дар Округ соли ҷорӣ беш аз 200 тамрин дар шаклу миқёси гуногун гузаронида шуданд.

«Мо омодагии ҷиддии худро дар самти безараргардонии ҳама гуна хатарҳои террористӣ нишон додем»,-иброз дошт Лапин.

Бояд гуфт, ки низомиёни Округи ҳарбии марказӣ имсол беш аз 1 ҳазор навъи техникаҳои низомии муосир ба даст оварданд, аз ҷумла ҳавопаймоҳои Су-34 и МиГ-31БМ, стансияҳои радарии «Каста» ва «Небо-У», системаҳои зенитии ракетавии С-300ПМ2, мошинҳои ҷангии пиёдагард БМП-2М, инчунин мошинҳои ҷангии ҳимояткунандаи танкҳо «Терминатор», танкҳои такмилдодашудаи Т-72Б3М ва системаҳои зиддитанкии «Штурм-С».

/АМИТ «Ховар»/
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: