Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Прокуратураи генералӣ: Давлятовҳо ба ҳабс гирифта шуданд

Прокуратураи генералӣ: Давлятовҳо ба ҳабс гирифта шуданд

2-11-2021, 11:36
Хабарро хонданд: 129 нафар
Назарҳо: 0
Прокуратураи генералӣ: Давлятовҳо ба ҳабс гирифта шуданд

Ноябрь 2, 2021 08:47

ДУШАНБЕ, 02.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлятова Азиза Турсуновнаро бо ҷурми суиқасди одамкушӣ ва Давлятов Лутфулло Давляталиевичро бо гуноҳи азобу уқубат ба ҳабс гирифт. Дар ин бора аз Прокуратураи генералӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Прокуратураи генералӣ муроҷиати шаҳрванд Алимова Зулфияро оид ба бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба Муассисаи давлатии «Шифобахш»-и шаҳри Душанбе (Қарияи боло) бистарӣ шудани духтараш Мамаҷонова Мадина Амоновна, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, мавриди баррасӣ қарор дод.

Тибқи иттилои манбаъ, маводи қаблан санҷидашуда аз воҳиди тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда, омӯхта, ба пешбурди Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ қабул карда шуд. Аз натиҷаи он нисбат ба Давлятова Азиза Турсуновна бо қисми 3, моддаи 32, қисми 1 моддаи 104 (суиқасди одамкушӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шавҳараш Давлятов Лутфулло Давляталиевич бо банди “в” қисми 2, моддаи 117 (азобу уқубат) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Зикр карда шуд, ки айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва бо иштироки Раиси Суди шаҳри Душанбе ҷаласа доир намуданд. Дар он масъалаи рафти тафтишоти пешакӣ ва корҳои анҷомдодашуда аз рӯи ҳодисаи ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани шаҳрванд Мадина Мамадҷонова баррасӣ гардид.

Раиси шаҳр ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки барои тафтиши ҳаматарафаю шаффофи парвандаи ҷиноятӣ тадбир андешанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: