Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва боздид аз ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ29-10-2021, 08:12
Хабарро хонданд: 132 нафар
Назарҳо: 0
28.10.2021 12:00, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ташриф оварда, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд. Таъкид гардид, ки хоҷагии мазкур аз соли 2010 дар баробари дигар бахшҳо ҳамчунин ба шолипарварӣ машғул буда, имсол майдони кишти шолиро ба 13 гектар расонидааст. Тибқи таҷриба, ҳамасола хоҷагидорон аз ҳар гектар замин то 50 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд ва имсол дар маҷмӯъ, дар назар аст, ки ба андозаи 650 сентнер ду навъи биринҷ ҷамъоварӣ намоянд. Айни замон дарави шолӣ бо ҷалби техникаи муосири соҳавӣ ва 60 нафар сокини маҳаллӣ бомаром идома дорад ва аллакай 90 фоизи шолӣ даравида шудааст. Зимни боздид иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагӣ маҳсулоти худро ба бозорҳои ноҳия ва шаҳрҳои Бохтару Душанбе ба фурӯш бароварда, дар таъмини фаровонии маҳсулот ҳиссаи худро мегузоранд. Хоҷагии мазкур имсол ду навъи биринҷ “Ҷашнвора” ва “Сурхи мӯякдор”-ро ба харидорон пешниҳод менамояд. Дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 13 гектар ғалла корида буданд, ки аз ҳар гектар бештар аз 40 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани замини кишоварзӣ хоҷагидорон дар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон кишти такрорӣ мегузаронанд ва аз ин ҳисоб низ фоидаи хуб ба даст меоранд. Дар маҷмуъ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имсол майдони кишти шолӣ наздик ба 150 гектарро ташкил дод. Майдони умумии кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳия имсол 791 гектаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Хоҷагидорон бо гирифтани ҳосили хуб ҳамасола барои таъмини бозорҳои мамлакат бо биринҷи аълосифат саҳми худро мегузоранд. Тавре маълум гашт, ғайр аз шолипарварӣ ҳамчунин Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ба парвариши гандум, пахта, маккаи тухмӣ, полезӣ ва сабзавот машғул мебошад. Хоҷагӣ дар маҷмӯъ бештар аз 84 гектар заминро дар ихтиёр дошта, 60 гектари он барои парвариши пахта истифода мегардад. Айни замон ҷамъоварии пахта низ дар хоҷагӣ бомаром идома дорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид рушди соҳаи кишоварзиро омили асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат маънидод карда, кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода баранд ва ба ин васила саҳми худро дар таъмини фаровониву арзонии бозорҳои мамлакат гузоранд. facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.