Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Резгиф»-и ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Резгиф»-и ноҳияи Мастчоҳ боздид намуданд

14-09-2020, 10:16
Хабарро хонданд: 50 нафар
Назарҳо: 0
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Резгиф»-и деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд. Номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ ва меваҷоти тару тозаи табиӣ ба намоиш гузошта шуд.

Кишоварзони ноҳия маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, бойимҷон, тарбузу харбуза, себу нок, ангуру шафтолуро ба маъраз гузоштанд.

Дар намоиш маҳсулоти гуногуни нонӣ ва асал низ пешниҳод карда шуд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин самараи заҳмати садоқатмандонаи сокинон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳадаф аз ташкили намоиши маҳсулоти кишоварзӣ муаррифии дастовардҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, ба ин васила мусоидат дар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Ҳамчунин дар намоиш кадбонувони ноҳия таомҳои миллӣ омода ва пешниҳод намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии «Резгиф» бо ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Резгиф” ба Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Фирдавсӣ» шомил буда, соли 2003 таъсис ёфтааст. Хоҷагии мазкур дорои 57 гектар замин мебошад, ки дар он кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла чормағзи заминӣ ба роҳ монда шудааст. Дар хоҷагӣ 155 саҳмдор фаъолият дошта, роҳбарии онро деҳқони ботаҷрибаю кордон Мирзомаҳмад Собиров бар уҳда дорад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин хоҷагӣ кишти чормағзи заминӣ мебошад, ки аз ин ҳисоб ҳамасола даромади хуби иқтисодӣ ба даст оварда мешавад.

Аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби парвариши чормағзи заминӣ аз 13 то 15 ҳазор тонна дар як сол ҳосил мерӯёнанд. Ҳамасола кишти чормағзи заминӣ васеъ карда шуда, истеҳсоли он афзоиш дода мешавад. Танҳо саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии «Резгиф» бо меҳнати шабонарӯзӣ аз ҳар гектар то 4 тонна ҳосили чормағзи заминӣ ба даст меоранд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, талабот ба чормағзи заминӣ дар хориҷи мамлакат зиёд аст ва мағзи он дар омода кардани маҳсулоти қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир, кишоварзонро барои истеҳсоли бештари ин навъи маҳсулот ва содироти он ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон ҳидоят намуданд.

Ҳоҷагидорон пас аз рӯёнидани ҳосили кишти асосӣ, кишти такрориро ба роҳ монда, ҳар қитъа замини корамро самараноку оқилона истифода менамоянд. Истифодаи босамари замин имкон фароҳам овардааст, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 5 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Масоҳати замини корам 23 ҳазору 325 гектарро дар бар мегирад, ки 21 ҳазору 910 гектари он замини обӣ мебошад.

Масоҳати умумии кишти чормағи заминӣ дар ноҳия 2 ҳазору 900 гектарро дар бар мегирад ва ҳамасола замини парвариши ин навъи маҳсулот васеъ карда мешавад.

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар баробари парваришу истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба кишти чормағзи заминӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ машғул буда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори босаодат доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: