Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мири Мафтун, ба Афғонистон баргашт

Мири Мафтун, ба Афғонистон баргашт

20-10-2021, 08:35
Хабарро хонданд: 103 нафар
Назарҳо: 0
 Мири Мафтун, ба Афғонистон баргашт

Овозхон Мири Мафтун ду моҳи пеш пас аз суқути аксари вилоёти Афғонистон ба Душанбе омада, дар ин ҷо зиндагиву кор мекард. Ҳоҷӣ Малик Парвонӣ, рубобнавози Мири Мафтун дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, овозхони маъруф дирӯз тасмим гирифт, ки ба Ватан баргардад.
"Ӯ хавотир аз фарзандонаш буд, ки дар Афғонистон монда буданд.Инчунин молу аъмолаш дар Афғонистон монда буд.
Мири Мафтун бори аввал соли 2013 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон омада, барномаи консертӣ нишон дод. Мири Мафтун меҳмони ҳамешагии Тоҷикистон буд ва дар консерту ҷашнвораҳои гуногун иштирок мекард. Соли равон ӯ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Бохтар се консерти наврӯзӣ бо иттифоқи ҳамтоёни тоҷики худ иҷро кард.
Соли 2020 вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон ба ӯ унвони Устодро дод, ки бузургтарин арҷгузорӣ ба ҳунару истеъдоди як овозхон дар Афғонистон аст.
Бозгашти ӯ дар ҳолест, ки дар гузашта “Толибон”чанд маҳаллисароро дар Кандаҳору Бағлон ба шаҳодат расонида буданд. Ин гурӯҳ баробари вуруд ба Кобул фармон ҳам бароварда буд, ки аз ин ба баъд мусиқӣ дар Афғонистон қатъиян манъ аст.
Мири Мафтун ҳудуди 60 сол дошта, дар маркази вулусволии Ишкошим зиндагӣ мекунад ва асосан бо хондани сурудҳои маҳаллӣ маъруф гаштааст. Вай як писар дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: