Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд

Суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд

8-10-2021, 07:47
Хабарро хонданд: 123 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд

07.10.2021 18:40, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд!

Тамоми сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳамаи шумо – ҳозирини чорабинии идонаи имрӯзаро бори дигар ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям.

Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки ҷашни муқаддасу бузурги сисолагии истиқлоли давлатиро тамоми мардуми сарбаланди кишвари азизамон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шодиву сурур таҷлил карданд.

Барои бо дастовардҳои сазовор истиқбол намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ дар вилоят дар давоми се соли охир корҳои бузурги созандагӣ вусъат гирифта, дар ин давра зиёда аз 8000 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Бинобар ин, ба кулли мардуми ободкори вилоят, аз ҷумла ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша барои иқдомоти хайрхоҳона ба хотири ободии Ватан миннатдорӣ баён менамоям.

Имрӯз ҳамаи мо мушоҳида мекунем, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят то дурдастарин деҳаҳои он дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинон чӣ қадар ободу зебо шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтар ва бисёр мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ҳаллу фасл гардидаанд.

Дар навбати худ, Ҳукумати мамлакат тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 48 миллиард сомонӣ равона кардааст.

Дар ин давра ҷиҳати рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳудуди вилоят 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағҳои дар доираи онҳо то ба имрӯз азхудшуда 2,3 миллиард сомониро ташкил медиҳанд.

Дар зарфи 15 соли охир ба вилоят ба маблағи 24 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст, ки зиёда аз 15 миллиард сомонии он сармоягузории мустақим мебошад.

Инчунин, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2016 – 2020-ум 192 лоиҳа ба маблағи умумии 7,8 миллиард сомонӣ иҷро шуда, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи боз 243 лоиҳа ба маблағи 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи мардум маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят пайваста афзоиш ёфта, соли 2020 ба 22 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000-ум 41 баробар ва ба ҳар нафари аҳолӣ 24 баробар афзудааст.

Хароҷоти буҷети давлатӣ барои соҳаҳои гуногуни вилоят низ сол ба сол афзуда, аз 37 миллион сомонии соли 2001 ба 2,3 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расидааст, ки беш аз 65 баробар зиёд мебошад.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 73 фоизи соли 1999 то ба 15,4 фоиз дар соли 2020 паст шудааст, ки дастоварди хеле назаррас мебошад.

Соҳаи саноати вилоят яке аз қисмҳои муҳимми саноати кишвар буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ дар бахшҳои мухталифи он иқтидорҳои бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноати сабук, комплекси сӯзишворию энергетикӣ, кимиё, мошинсозӣ ва маснуоти электротехникӣ, истихроҷу коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати мудофиа ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ташаккул ёфтаанд.

Дар натиҷаи истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нав ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз 1,5 миллиард сомонии соли 1995 то ба 15,6 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар ба 51 фоиз расидааст.

Соли 1991 дар вилоят 119 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард ва бо ин шумора вилоят пойгоҳи асосии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт.

Дар замони истиқлол ин шумора ба 722 расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 6 баробар зиёд мебошад.

Танҳо дар 10 соли охир дар ҳудуди вилоят 496 корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла 198 корхонаи саноати хӯрокворӣ бо қариб 15 ҳазор ҷойи кории нав бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят якчанд корхонаи сементбарорӣ бунёд гардида, соли 2020 истеҳсоли ин намуди муҳимми масолеҳи сохтмон ба 1,3 миллион тонна расонида шуд.

Ин дар ҳолест, ки то соли 2010 дар вилоят семент умуман истеҳсол намегардид.

Дар ин давра дар вилоят саноати металлургӣ низ бомаром рушд ёфта, як қатор корхонаҳои нави маъдантозакунӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсис дода шудаанд, ки дар натиҷа ҳоло ҳиссаи саноати истихроҷи маъдан дар маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатии вилоят беш аз 30 фоизро ташкил медиҳад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд соҳаҳои кишоварзӣ низ бомаром тараққӣ карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,3 баробар афзудааст ва соли 2020 ба 12 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.

Қобили зикр аст, ки тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ майдони заминҳои обии вилоят 30 ҳазор гектар зиёд гардида, ҳоло ба 295 ҳазор гектар расонида шудааст.

Бо вуҷуди дастовардҳои назарраси вилоят ҳам дар соҳаҳои саноат ва ҳам кишоварзӣ хотирнишон месозам, ки дар ин самтҳо иқтидорҳои истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноативу кишоварзӣ бояд тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд, ки саҳми вилоят дар таъмини ду ҳадафи стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат боз ҳам бештар гардад.

Дар зарфи сӣ соли охир дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Суғд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 5,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 450 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 71 пул ва 2 нақби мошингузар сохта, ба истифода дода шудаанд.

Сокинони вилоят хуб дар ёд доранд, ки то амалӣ гардидани лоиҳаҳои замони истиқлол рафтуомади одамон ба пойтахти мамлакат ва манотиқи дигари кишвар, инчунин, ҳамлу нақли молу маҳсулот дар як сол ҳафт – ҳашт моҳ баста мешуд.

Ҳоло робитаи бехатару бемамониат ва шабонарӯзии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ таъмин мебошад.

Илова бар ин, ҳоло дар ҳудуди вилоят боз 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 712 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо вақтҳои наздиктарин 33 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ сохта ва ба истифода супорида мешаванд.

Вобаста ба ин, бо қаноатмандӣ хотирнишон менамоям, ки дар давраи омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолии вилоят қариб 4400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади сохтмони муассисаҳои замонавии таълимӣ ва муҷаҳҳаз намудани онҳо бо таҷҳизоти муосир, яъне фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли наврас ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос танҳо дар давоми даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи вилоят беш аз 102 баробар зиёд шуда, ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2021 расонида шудааст.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 780 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 370 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудаанд.

Бар замми ин, танҳо соли ҷорӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилоят бунёди боз 52 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои беш аз 27 ҳазор хонанда ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз қисми зиёди онҳо ба фаъолият оғоз кардаанд ва қисми боқимонда то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар зарфи сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар вилояти Суғд аз 14 ба 22 ва шумораи донишҷӯёни онҳо аз 14 ҳазор нафар ба 27 ҳазор нафар ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 1 ба 7 расида, ҳоло дар онҳо зиёда аз 48 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 қариб 5 баробар зиёд мебошад.

Дар муддати 24 соли амали квотаи Президенти мамлакат 4757 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, аз ҷумла 2843 нафар духтарон ба 20 муассисаи таҳсилоти олии кишвар қабул карда шудаанд.

Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 1208 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 611 нафар духтарон аз вилояти Суғд тибқи квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Дар тӯли даврони истиқлол соҳаи тандурустии вилоят, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, хеле рушд ёфтааст.

Дар ин давра 316 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 17 беморхона ва марказҳои тиббӣ, 39 шуъбаи табобатӣ, 91 маркази саломатӣ, 149 бунгоҳи саломатӣ ва 20 иншооти дигар сохта, ба истифода супорида шудааст.

Танҳо дар 8 соли охир барои муассисаҳои тандурустии вилоят ба маблағи 130 миллион сомонӣ таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардидааст.

Пешравиҳое, ки вилояти Суғд дар зарфи сӣ соли охир ба даст овардааст, натиҷаи амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, заҳмати аҳлонаи мардум ва самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон мебошанд.

Дар баробари ин, бори дигар таъкид менамоям, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои бузурги то ҳанӯз истифоданашуда мебошад ва истифодаи самараноки онҳо ба хотири боз ҳам вусъат додани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз кору фаъолияти содиқонаи тамоми роҳбарону фаъолон, заҳмати содиқона ва азму талоши созандаи ҳар як сокини вилоят вобастагии мустақим дорад.

Бовар дорам, ки сокинони сарбаланди вилоят ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи комили Тоҷикистони маҳбубамон чун ҳарвақта аҳлона заҳмат кашида, саҳми арзишманди худро ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як оила мегузоранд.

Бори дигар тамоми мардуми меҳмоннавозу ватанпарвари вилояти Суғд ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлолу озодии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони сокинони вилоят саломативу саодатмандӣ, сулҳу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.



Ҳамеша хушбахту хонаобод бошед, ҳамдиёрони азиз!

facebooktwitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: