Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ 27.09.2021 10:07, ноҳияи Дарвоз

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ 27.09.2021 10:07, ноҳияи Дарвоз

27-09-2021, 11:04
Хабарро хонданд: 101 нафар
Назарҳо: 0
Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ 27.09.2021 10:07, ноҳияи Дарвоз

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният мегӯям.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ин ҷашни сарнавиштсозро тамоми мардуми мамлакат, аз ҷумла сокинони ватандӯсту меҳмоннавози ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва дар фазои сулҳу суботи комил истиқбол намуданд.

Ман ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар аз заҳмати софдилона ва самараҳои ободкориву созандагии мардуми бонангу номусамон ҳамеша ифтихор мекунам, зеро мебинам, ки хурду бузурги мамлакат ба шарофати неъмати бебаҳои ҳастии хеш, яъне истиқлолу озодӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз азму талоши бесобиқа ба харҷ медиҳанд.

Соли гузашта дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз мо якчанд иншооти муҳим, аз ҷумла боғи фарҳангу фароғат, парки инноватсионии саноативу технологӣ, меҳмонхонаи замонавӣ ва биноҳои маъмуриро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, барои бунёди боз якчанд иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ санги асос гузошта будем.

Имрӯз дар ҳудуди ноҳия якчанд иншоот ба истифода супорида мешавад, ки бунёди онҳо як сол пеш оғоз гардида буд.

Корхонаҳои нави истеҳсолӣ, майдончаи варзиш, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти хизматрасоние, ки имрӯз ба фаъолият оғоз менамоянд, самараи заҳмати софдилонаи мардуми ноҳия ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии истиқлоли давлатӣ мебошанд.

Боз як иншооте, ки баъди мулоқот бо шумо ба истифода дода мешавад, қисмати шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳия мебошад, ки барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва умуман Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳаммияти ниҳоят калон дорад.

Имрӯз, ҳамчунин, кори сохтмони роҳи Дарвоз – Ванҷ – даромадгоҳи Рӯшон оғоз мегардад.

Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони кишвар, махсусан, Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад.

Яке аз роҳҳои таъмин намудани тараққиёти чунин минтақаҳо таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ба бозори дохиливу хориҷӣ ба фурӯш баровардани маҳсулоти хушсифат мебошад.

Маҳз бо ҳамин мақсад дар доираи амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар мо барои сармоягузорону соҳибкорон ҷиҳати ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ чораҳои дастгириву ҳавасмандгардониро андешида истодаем.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 11 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки шумораи кормандони онҳо беш аз 400 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия аз 5,6 миллион сомонии соли 1996 ба 91 миллион сомонӣ дар соли 2020 расонида шудааст, яъне 16 баробар афзудааст.

Танҳо дар 8 моҳи соли 2021 дар ноҳияи Дарвоз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 баробар афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳанда мисоли бесобиқаи рушди саноат дар ноҳияи дурдасти кӯҳӣ мебошад.

Дар ноҳияи Ванҷ 9 корхонаи саноатӣ бо 165 корманд ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин ноҳия аз 3,9 миллион сомонии соли 1996 ба 7,7 миллион сомонӣ дар соли 2020 расонида шудааст, ки ду баробар зиёд мебошад.

Бо вуҷуди дастовардҳои ҳарду ноҳия дар соҳаи саноат, захираву имкониятҳои истифоданашуда дар ин самт, хусусан, доир ба коркарди маъдан, сангҳои ороишиву сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногун ва рушди ҳунарҳои мардумӣ хеле зиёд мебошанд ва аз роҳбарону масъулон андешидани тадбирҳои иловагиро дар бобати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ тақозо менамоянд.

Омили дигари рушди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ баланд бардоштани сифати роҳҳои пайвасткунанда бо дигар минтақаҳо мебошад, ки ба рафтуомади бехатару осони мусофирон, ҳамлу нақли молу маҳсулот ва васеъ гардидани имкониятҳои транзитӣ мусоидат менамояд.

Маҳз ба ҳамин хотир, Ҳукумати мамлакат доир ба бунёди қитъаи роҳи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшони шоҳроҳи Душанбе – Кулма қарор қабул намуд.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, ки маблағи умумии он беш аз 2 миллиард сомониро ташкил медиҳад, бунёди 93 километр роҳ, 15 пул ва 2 нақби мошингард амалӣ карда мешавад.

Чанде пеш мо лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нурободро, ки яке аз қисмҳои муҳимми нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз намудем.

Ҳадафи давлату Ҳукумати мамлакат аз татбиқи лоиҳаҳои зикргардида рушди бомароми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, афзоиши ҳаҷми боркашониву мусофиркашонӣ ва албатта, фароҳам овардани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии онҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра мутаносибан 308 ва 462 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар давоми сӣ соли истиқлол дар ноҳияи Дарвоз 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки то имрӯз дар доираи онҳо қариб 250 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Дар ноҳияи Ванҷ дар ин давра 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ амалӣ гадида, ҳоло иҷрои корҳо боз дар 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи то имрӯз азхудшудаи онҳо беш аз 32 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои воқеӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, ба роҳ мондани хизматрасонии замонавии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2021 – 2025-ум 106 лоиҳа ба маблағи 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамин гуна барнома барои ноҳияи Ванҷ низ қабул шудааст, ки тибқи ин санад амалисозии 112 лоиҳа ба маблағи умумии 160 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ корҳо дар самти бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар ноҳияҳои мазкур вусъати тоза гирифта, то имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар ноҳияи Дарвоз 90 иншоот ва дар ноҳияи Ванҷ 83 иншоот бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Бо истифода аз фурсат, ман ба ҳамаи шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва мардуми ноҳияҳо, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудани ҷашни бузурги миллиамон саҳм гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ва бо итминон иброз медорам, ки корҳои ободонӣ минбаъд низ идома дода мешаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи мазкур дар ноҳияи Дарвоз бомаром тараққӣ карда, дар ҳашт моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 23 миллион сомонӣ расонида шудааст.

Умуман, тайи сӣ соли гузашта дар ноҳия истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 4, мева 8,5 ва тухм 21 баробар зиёд гардида, саршумори чорвои калон 16 фоиз ва паранда 18 баробар афзоиш ёфтааст.

Кишоварзони ноҳияи Ванҷ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии 40 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагӣ 5 баробар, картошка 7,5, сабзавот 11,5, мева зиёда аз 32 баробар, гӯшт 4 ва тухм 30 баробар зиёд гардидааст, ки нишондиҳандаҳои мазкур ба ҳалли масъалаҳои шуғл ва афзоиши даромади аҳолӣ таъсири бевоситаи мусбат расонида истодаанд.

Бояд гуфт, ки ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, растанипарварӣ ва чорводорӣ шароити мусоид ва имкониятҳои васеъ доранд.

Бинобар ин, зарур аст, ки барои истифодаи ҳарчи бештари захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Дар замони то истиқлол таъминот бо нерӯи барқ яке аз мушкилоти асосии сокинони вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ буд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳалли ин масъала як қатор чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, 28 иншооти соҳаи энергетика ба маблағи умумии зиёда аз 50 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифодаи мардум супорида шуд.

Дар натиҷа ҳудуди бо барқ таъминшудаи ҳарду ноҳия васеъ гардида, аз 13 фоизи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то 95 фоиз дар соли 2021 расидааст.

Ҳоло дар қаламрави ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва умуман вилоят якчанд лоиҳаи дигари энергетикӣ амалӣ шуда истодааст, ки бо анҷом ёфтани онҳо ҳудуди барқтаъминкунӣ дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят ба 100 фоиз расонида мешавад.

Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ширкати «Помир – энерҷӣ» вазифадор карда шудаанд, ки татбиқи босифати лоиҳаҳои бахши энергетикаро дар вилоят таъмин намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Дарвоз 34 бинои муассисаи таълимӣ барои қариб 5 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи уммумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ ва дар ноҳияи Ванҷ 29 муассиса бо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 30 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар зарфи сӣ соли охир дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, дар маҷмӯъ, 56 муассисаи тандурустӣ бунёду азнавсозӣ карда шуда, ҳоло дар онҳо зиёда аз 500 нафар табибону мутахассисон ба аҳолии ин ду ноҳия хизмат мерасонанд.

Дар баробари ин, дар соҳаҳои маорифу тандурустии ҳарду ноҳия як қатор масъалаву мушкилоти ҳалталаб мавҷуданд, ки вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои бартараф кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Аз ҷумла зарур аст, ки дар самти таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту ашёи фаннӣ, боз ҳам беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ бо ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ ва меҳмоннавозии худ шуҳрат доранд.

Даҳҳо нафар фарзандони маъруфи онҳо барои рушди илму фарҳанги миллии тоҷикон, дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, инчунин, баланд бардоштани шуҳрати варзиши Тоҷикистон хизмати басо арзишманд кардаанд.

Бовар дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, хусусан, бо дарназардошти вазъи бисёр мураккабу печидаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон – истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ Ватани маҳбубамон ва диёри худро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Бори дигар тамоми сокинони меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтӣ, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату пирӯз бошед, ҳамватанони азиз!

facebooktwitter
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: