Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Зебо Фурқатзода барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид

Зебо Фурқатзода барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид

7-10-2021, 07:50
Хабарро хонданд: 71 нафар
Назарҳо: 0
Зебо Фурқатзода барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид
ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Зодаи шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва донишҷӯи Коллеҷи муттаҳидаи ҷаҳонӣ (United World College) дар Сингапур Зебо Фурқатзода барандаи ҷоизаи «Духтарони Осиё-2021» гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маводҳои дар шабакаи иҷтимоии Facebook нашршуда.

Ҷоизаи «Духтарони Осиё» ҳамасола аз ҷониби Бунёди «Боғи умеди Сингапур» (Garden of Hope Foundation) ба занон ва духтарони фаъоли Осиё тақдим мешавад, ки дар заминаи рушд ва тавсеаи занон саҳм мегузоранд.

Зебо Фурқатзода дар тӯли марҳилаҳои интихобӣ ҳунарҳои нав омӯхта, инчунин аз фаъолияти нависандагияш дар Осиёси Марказӣ хабар додааст.

Ӯ тасмим дорад, ки достонҳои навиштаи духтаронро ҷамъоварӣ ва дар қолаби як китоб нашр кунад ва умедвор аст, ки ба василаи нашри ин китоб паёми духтарон ба ҷаҳониён расонида мешавад.

Бояд гуфт, ки Бунёди “Боғи умеди Сингапур” (Garden of Hope Foundation) як созмони ғайридавлатиест, ки дар заминаи ҳимоят аз занон ва духтарон, тарвиҷи баробарии ҷинсӣ, ислоҳоти омӯзишӣ ва тавонмандсозии занон ва духтарон фаъолият мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Зебо Фурқатзода хатмкардаи Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд мебошад. Ӯ ҳамчунин дар озмуни «Хонандаи соли 2019» дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм гардида буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: