Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Андеша: Забон рукни асосии миллат

Андеша: Забон рукни асосии миллат

5-10-2021, 11:01
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Андеша: Забон рукни асосии миллат

Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари рушди самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба сӯйи истиқлоли фарҳангӣ низ рӯй овард. Аз ин ҷиҳат, давлат имрӯз соҳиби забони адабии такаммулу таҳаввулёфта гардидааст. Маҳз, ҳамин забони давлатист, ки дигаргуниҳои бунёдии солҳои Истиқлолиятро инъикос карда, ҷомеаи моро бо корвони тезрави фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамсафар менамояд.

Истиқлолият, сулҳу субот ва соҳибзабон гардидан аз ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд. Зеро забони тоҷикӣ дар зери тасарруфи дигар забонҳо таҳаввулоту тағйироти тӯлониро дар давоми қарнҳои вусто аз сар гузаронид. Аммо асолату аҳамияти худро заррае гум накард. Дар ҳар давру замон олимону шоироне чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Мавлавию Ҷомӣ, Синою Берунӣ, Аҳмади Дониш ва дигар мутафаккирон бо ин забон осори арзишманде таълиф кардаву ба ояндагон мерос мондаанд. Тавассути мутолиаи мероси илмию адабии онҳо мо забони худро боз ҳам амиқтар меомӯзем.

Хушбахтона, мо имрӯз пурра бо забони давлатӣ дар коргаҳу муассисаҳо ҳуҷҷатгузориро ба роҳ мондаем, тамоми воситаҳои ахбори омма бо ин забон корбарӣ менамоянд ва муҳимаш дар шабакаҳои интернетӣ низ бо ин забон фикру ақидаҳои хешро озодона баён карда метавонем.

Аммо як муаммои ташвишовари рӯз, ин нодуруст истифода бурдани забон дар шабакаҳои интернетӣ аст. Баъзе истифодабарандагони шабакаҳои интернетӣ аз забони адабии тоҷикӣ даст кашида, унсурҳои шевои забонро вайрон карда, дар кадом лаҳҷае , ки хоҳанд менависанд. Инчунин, истифодаи бемавриди истилоҳоти хориҷӣ, калимаҳои носуфтаю луғатҳои омиёна, қолабҳои калимаю иборасозии нодуруст бармало ба назар мерасад.

Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд, ки ба яке аз муқаддасоти давлатӣ, яъне забони давлатӣ арҷгузорӣ намоянд. Зеро бузургдошти забон дар сиёсати имрӯзаи кишвар низ мавқеи хос дорад. Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин маврид асарҳои “Забони миллат-ҳастии миллат” ва “Забон нигаҳбони ҳувияти миллист” таълиф намуда, таъкид намудаанд, ки забон рукни асосӣ ва ҳастии миллат аст ва поку беолоиш нигоҳ доштани он қарзи ҳар як инсони ватандӯст аст.

Султонова Гулбаҳор, мудири шуъбаи иттилоот

ва тарғиботи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: