Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Балҷувон

Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Балҷувон

23-09-2021, 13:09
Хабарро хонданд: 87 нафар
Назарҳо: 0
23.09.2021 09:51, ноҳияи Балҷувон
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мулоқоти мову шумо – фаъолон ва сокинони диёри зебоманзари Балҷувон дар рӯзҳои воқеан таърихӣ, яъне таҷлили сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, баргузор мешавад.

Бинобар ин, кулли мардуми сарбаланду меҳмондӯсти ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ин муносибат самимона табрику муборакбод мегӯям.

Ноҳияи Балҷувон аз ҷумлаи мавзеъҳои бостонии кишварамон буда, дорои таърихи қадима, имкониятҳои табииву истироҳатӣ, расму оини хосcаи меҳмоннавозӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мебошад.

Мавҷудияти чунин захираҳо, инчунин, чашмаҳои мусаффо, дарёҳои кӯҳӣ, гиёҳҳои нодиру шифобахш ва мавзеъҳои истироҳатӣ дар ҳудуди ноҳия ба рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Ҳанӯз аз замони давлатдории Сомониён аз ҳудуди Балҷувон яке аз шохаҳои Роҳи бузурги абрешим мегузашт ва ҳунармандону косибони минтақа маҳсулоти заргарӣ аз нуқраву тилло, матоъҳои абрешимӣ ва аз мису чӯбу сафол маҳсулоти косибӣ истеҳсол мекарданд, ки дар кишварҳои гуногуни дунё харидор доштанд.

Бо мақсади барқарор намудани анъанаҳои қадима, ҷалби сайёҳон аз хориҷи дуру наздик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди минтақа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2001 ноҳияи Балҷувон минтақаи сайёҳии байналмилалӣ эълон гардида, дар ин самт барномаи дахлдор қабул карда шуд.

Илова бар ин, дар доираи тадбирҳои барои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» қабулшуда дар ҳудуди ноҳия якчанд иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд карда шуд.

Дар ҷараёни сафари корӣ мо имрӯз дар ноҳия илова ба ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, варзишгоҳи марказӣ ва чандин иншооти маъмурӣ ба фаъолияти осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ оғоз бахшидем, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҷолиб хоҳад буд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки роҳбарону масъулон ва Кумитаи рушди сайёҳӣ бо ҷалби соҳибкорон доир ба бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, васеъ ба роҳ мондани корҳои таблиғу ташвиқ ва дигар самтҳои дахлдор тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зеро аз рушди сайёҳӣ дар минтақа таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дарёфти сарчашмаи иловагии даромади аҳолӣ вобастагии калон дорад.

Ҳозирини гиромӣ!

Сокинони заҳматқарини ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои Ватани маҳбубамон ҷиҳати истиқболи сиюмин солгарди истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба ин муносибат то ба имрӯз 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду азнавсозӣ кардаанд ва дар даҳҳо иншооти дигар корҳои бунёдкориву азнавсозӣ идома доранд.

Бо вуҷуди ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати боз ҳам тақвият додани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди ноҳияи Балҷувон ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 780 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии он аз буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 360 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар ин давра дар ноҳия 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 248 миллион сомонӣ амалӣ карда шуда, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи 5 лоиҳаи дигар идома дорад.

Лоиҳаҳои мазкур барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, дастрас намудани таҷҳизот ба беморхонаи марказии ноҳия, сохтмони неругоҳи хурди барқи обӣ, таҷдиди роҳҳо ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок равона гардидаанд.

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2016 – 2020 25 лоиҳа ба маблағи 84 миллион сомонӣ иҷро шудааст ва дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 боз 129 лоиҳа ба маблағи 334 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки барои рушди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бо заҳмати сокинон соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия мунтазам тараққӣ карда, соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 212 миллион сомониро ташкил додааст.

Афзоиши ин нишондиҳанда дар давраи соҳибистиқлолӣ 2 баробар, аз ҷумла маҳсулоти чорво қариб 5 баробарро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо зиёда аз 3 баробар, картошка 6,5 баробар, полезӣ 48 баробар, мева 20 баробар, гӯшт 3 баробар ва асал 60 баробар зиёд гардидааст.

Чунин натиҷаҳо самараи тақсим карда додани 440 гектар замин ҳамчун заминҳои президентӣ ва 1371 гектар ҳамчун заминҳои наздиҳавлигӣ мебошанд.

Инчунин, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар доираи барномаҳои барқарорсозӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғоти ноҳия ба 1514 гектар расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда дар 25 соли охир 1273 гектар ё беш аз 6 баробар зиёд мебошад.

Бо дарназардошти захираву имконоти мавҷуда ва истифодаи васеи ашёи хоми маҳаллӣ роҳбарони ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, инчунин, бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, аз ҷумла барои коркарди маҳсулот ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ низ ба таври назаррас рушд ёфта, саршумори чорвои калон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ қариб 2 баробар, чорвои майда 5 ва паранда 10 баробар зиёд гардидааст.

Хотирнишон месозам, ки шароити ноҳия барои растанипарварӣ ва чорводорӣ бисёр мусоид буда, рушди ин бахшҳо метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дошта бошад.

Аз ин лиҳоз зарур аст, доир ба ташкили фермаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар мавзеъҳои мусоид, истеҳсолу захира кардани маҳсулот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа чораҳои дахлдор андешида шаванд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои беҳтар таъмин намудани мардум бо нерӯи барқ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон неругоҳҳои хурди барқи обии «Ҳорма» ва «Пушти боғ» бо иқтидори умумии 360 киловатт сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Инчунин, барои дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани шабакаҳои барқӣ 25 трансформатори гуногуншиддат насб ва 70 километр хатҳои интиқоли барқ бунёд гардидаанд.

Илова бар ин, ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шуд, ки ноҳияи Балҷувонро низ дар бар мегирад.

Аз ҷумла роҳи мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ба маблағи 190 миллион сомонӣ таҷдид гардида, соли 2019 ба истифода супорида шуд.

Ҳамчунин, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор ба маблағи умумии 85 миллион сомонӣ оғоз гардида, то ба имрӯз дар доираи ин лоиҳа 43 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Илова бар ин, барои дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди ноҳия маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлат сол ба сол афзоиш ёфта, дар даҳ соли охир беш аз 2 баробар зиёд гардидааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон 45 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 5250 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, ки ба боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.

Бар замми ин, сохтмони 4 муассисаи таълимии дигар барои 1700 нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Танҳо дар ду соли охир 12 бинои нави муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 9 муассисаи таълимӣ бевосита аз ҷониби соҳибкорон барои 1900 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Вобаста ба ин, роҳбарону масъулони соҳаи маориф, устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва фаъолонро бори дигар таъкид месозам, ки ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълим, боз ҳам беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ, ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ҳидоят кардани наврасону ҷавонон, инчунин, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия кардани онҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Балҷувон ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардонидани Ватани маҳбубамон чун ҳарвақта сарҷамъу аҳлона ва бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ саъю талош мекунанд.

Бори дигар ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатиро ба хурду бузурги ноҳия ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ табрик мегӯям, барои заҳмати содиқона ва истиқболи самимонаатон изҳори сипос менамоям, ба хонадони ҳар як сокини ноҳия тансиҳатӣ, хонаи обод ва рӯзгори пурфайз орзу дорам.

Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: