
Дар идомаи сафари гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бевосита бо чинакчиёну ҳашарчиён дар майдони пахтазори бригадаи 15, Ҷамъияти саҳҳоми ба номи Абдураҳим Ҷумаев вохӯрӣ доир гардид. Ба чинакчиён ва ҳашарчиён, ки дар ин бошишгоҳи саҳроӣ муваққатан зиндагӣ мекунанд, сабаб ва омилҳои даст ба ҳизбу ҳаркатҳои тундрав шомил шудани ҷавонон возеҳ фаҳмонида шуд. Таъкид шуд, ки барои ҳар як халқ беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш ва фазои беғубор аст. Бо талош ва иродатмандии Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба ин неъмат расиданд ва вазифаи аҳли ҷомеа он аст, ки сулҳи бар ивази ҷони ҳазорон нафар омадаро поку беолоиш нигаҳ доранд.
Раиси кумиҷроия Анварзода Амир, собиқ саркори бригада Одилбой Маҳмудов аз таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дар мавриди дастгирии кишоварзон ҳарф зада, зикр намуданд, ки маҳз диду назари роҳбарони хирадманд аст, ки имрӯз ҳосил дар саҳро хуб нашъунамо дорад.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба 8 нафар чинакчиёни беҳтарин Сипоснома ва туҳафҳои хотиравии кумиҷроияи ноҳиявӣ тақдим карда шуд.