
Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода оид ба пешгириии шомилшавии сокинони вилоят, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фаҳангӣ миллӣ ва риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд субҳи имрӯз аз ҷониби гурӯҳи тарғиботчиёни назди кумиҷроияи вилоятӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷомеаи меҳнатии ин муассиса вохӯрӣ доир гардид.
Чорабиниро сардухтури беморхона, номзади илмҳои тиб Ҷӯраев Муродҷон ҳусни оғоз бахшид.
Дар суханрониҳои Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон, муовини директор оид ба тарбияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Гулчеҳра Аҳророва ва сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳҳобов таъкид шуд: Дар замони имрӯза, ки терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ гирифтааст, метавон гуфт, ки он ба тамоми ҷаҳон хатари бузурги иҷтимоӣ ва амниятӣ овардааст. Гарчанде, ки дар солҳои охир тадбирҳо ҷиҳати мубориза барои нобуд сохтани ин вабои аср андешидашуда шуда бошад ҳам, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Тибқи маълумоти коршиносони ҷаҳони имрӯз дар тамоми дунё зиёда аз 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои исломӣ амалҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Кишвари моро низ ин зуҳуроти номатлуб ба ташвиш овардааст. Зеро ҷавонони гумроҳшуда ба доми тазвири мабаллиғон афтода, зиндагии хушу хуррамонаи худро ба боди фано медиҳанд. Ҳамзамон сафи толибилмони ба таълимоти ғайрирасмии динӣ шомил шуда низ афзуда истодааст. Бояд аҳли ҷомеа, хоса равшанфикрон дар миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар кунанд. Аз оқибатҳои нанговари чунин амалкардҳо андеша намоянд. Барои мардуми мо воқеаҳои кишвари ҳамсояи Афғонистон бояд сабақ шавад. Маҳз тангназарӣ, гумроҳӣ, бе донишӣ ин миллатро ба вартаи фано бурда истодааст.
Дар интиҳои вохӯрӣ Ҷӯраев Муродҷон аз самараи даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, баён дошт, ки агар пештар барои таъмири ҷории чунин як бемохонаи калону дорои 450 кат ҳамагӣ 5 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешуд, ҳоло ба ободонии беморхона аз як миллион сомонӣ зиёдтар маблағ ҷудо мешавад.
Номбурда аҳли нишастро бовар кунонданд, ки ҷомеаи меҳнатии Беморхонаи марказӣ ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, ба қудрат ва тавоноии ҳизби пешсаф бовар доранд ва дар таблиғи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзанд.