Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Маҷид Таббун

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Маҷид Таббун

22-09-2021, 08:12
Хабарро хонданд: 55 нафар
Назарҳо: 0

21.09.2021 14:40
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир муҳтарам Абд-ул-Маҷид Таббун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абд-ул-Азиз Бутафлиқа боиси ғояти андӯҳи мо гардид.

Марҳум дар роҳандозӣ ва таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Алҷазоир саҳми босазо дошта, бо саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд.

Лутфан аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву таъзияи самимии ин ҷонибро бирасонед. Ба ҳамаи наздикону пайвандони марҳум матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам.

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун”.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: