Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод

21-09-2021, 11:21
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод

21.09.2021 10:35, ноҳияи Тоҷикобод
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар масоҳати 300 метри мураббаъ бо тарҳи ҷадид ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст ва аз ду ошёна иборат мебошад.

Бинои нав ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, саҳми аъзоёни Ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод аз утоқҳои кории барҳаво, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра таъмин мебошад.

Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро талаб намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр ба саҳмдорон изҳори сипос карданд.

Намои берунаи бинои маъмурии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо тарҳи хос оро ёфта, дар атрофи он гулу дарахтони орошӣ шинонида шудааст, ки зебоии маркази ноҳияро афзун менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: