Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод

Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод

21-09-2021, 11:20
Хабарро хонданд: 102 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод

21.09.2021 10:33, ноҳияи Тоҷикобод
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод маркази саломатиро, ки бо тарҳи зебо ва замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ҳисоби фонди хайриявии “Тоҷикистон” дар масоҳати 2,5 гектар бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2018 оғоз гардида, ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгу ба меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ, инчунин мутобиқ ба талаботи соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд.

Бо бунёд шудани чунин маркази муосири тиббӣ 14 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт ва мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Маркази саломатии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи бақайдгирӣ, ҳуҷраи духтури занона, тибби оилавӣ, ҳуҷраи хатна ва гӯшаи гиёҳдармонӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ таъмин мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ муҳим шуморида, кормандонро ба иҷрои сифатноки хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: