Ба истифода додани шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳия20-08-2019, 17:08
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи деҳоти Лангар шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ дар масоҳати 288 метри мураббаъ қомат афрохта, 10 ҳуҷраро дар бар мегирад. Барои қабул ва муолиҷаи беморон бино бо катҳои хоб, дастгоҳи ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ таъмин карда шудааст. Бунёди иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Бино хуштарҳу замонавӣ сохта шудааст. Шуъбаи табобатӣ аз ҳуҷраҳои бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, доругузаронӣ, ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи хатна ва ғайра иборат аст. Дар ин ҷо дар баробари табибони таҷрибадор мутахассисони ҷавоне, ки тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб шуда, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамовардашуда дар Шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар деҳаи Роғ шинос гардида, аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд. Сарвари давлат кормандони соҳаи тандурустиро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои масъулияти касбиашон комёбиҳо таманно намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.