Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ғолибони Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ муайян шуданд

Ғолибони Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ муайян шуданд

13-09-2021, 16:51
Хабарро хонданд: 85 нафар
Назарҳо: 0
Ғолибони Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 13.09.2021 . 12 сентябр дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ — гӯштингирӣ баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Мусобиқаи дуюми байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат намуданд.

Рақобатҳо дар вазнҳои 60кг, 70кг, 80кг, 90кг, +90кг миёни мардон ва вазни 65кг миёни бонувон ҷараён гирифта, ба ғолибони ҳар шаш вазн шоҳҷоиза – мошин, ба барандагони медалҳои нуқра 3000 доллари ИМА ва ба барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 доллари ИМА тақдим гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: