Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид

13-09-2021, 16:48
Хабарро хонданд: 86 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 13.09.2021. 11 сентябр дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) оғоз шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба котиботи СҲШ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ масъалаҳои омодагӣ ба саммити ҷашнии дарпешистодаи СҲШ, ки 16-17 сентябр дар Душанбе доир мешавад ва лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки барои имзо ба сарони давлатҳо пешниҳод мешаванд, баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин масъалаҳои фаъолияти ҷории Созмон муҳокима карда мешаванд.

Вохӯрӣ то 15 сентябр идома меёбад.

ШҲМ фаъолияти умумии СҲШ-ро ҳамоҳанг менамояд.

Раисиро Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 10 ноябри соли 2020 баргузор шуд, ба уҳда гирифт.

Раёсати Тоҷикистон ба бистумин солгарди созмон рост омад ва он таҳти шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ» баргузор мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: