Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас неруи истиқлол

Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас неруи истиқлол

7-09-2021, 09:10
Хабарро хонданд: 131 нафар
Назарҳо: 0
Ба дил қувват бубахшад, ҳар нафас неруи истиқлол

Қурбони Собир, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, доктори улуми санъат, профессор

Пеш аз ҳама, бояд иброз дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола роҳи рушди устуворро тай намуда истодааст, ки он расидан ба зиндагии шоиста мебошад.
Агар ба роҳи тайкардаи ҷомеаи Тоҷикистон дар си соли охир назар афканем, бараъло эҳсос мекунем, ки воқеан ҳам бунёдкориҳои се даҳсолаи охир ба мисли шоҳкориҳое мебошанд, ки дар шаклгирии фарҳанги миллии мо ҷараёни тоза касб намудаанд. Хуллас, ба ин васила, як силсила комёбиҳои назаррас ва таҳаввулоти хубу умедбахш ба даст омадаанд. Ҳамон нуктае, ки гуфтаанд: «Фарҳанг ҳастии миллат аст» барои мо нуктаи бунёдї, балки ба ҳукми устувору мустаҳками давлатшиносӣва фарҳангшиносӣаст. Оре, ин гуфта манзалати бузурге дорад, дар пешрафт ва таҳкими ҷомеа ва ҳамчун навиди тамаддунофар буда, барои наслҳои инсонї, новобаста ба миллату халқияташон манзалати бузурге дорад.
Истиқлолият барои мо имкони воқеӣфароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократї, ҳуқуқбунёд ва дунявӣинтихоб намоем.
Истиқлолият ба мо рамзи олии Ватану ватандорї, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагї, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсї, иқтисодӣва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд, ки си сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ– Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣгаштаанд.
Тўли солҳои Истиқлолият мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сулҳу субот, ваҳдати миллї, заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣва иҷтимоиву фарҳангӣба низоми дигар ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба даст орад ва бо вуҷуди ҳама мушкилот, тавонист пайванди ҷомеаро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣташкил медиҳад, таъмин намояд ва
бароямон ин давлати озоду соҳибистиклол насиб шуд ва мо бояд дар пахлуи Раҳбари муаззаму фарзонасифатамон истода, кору пайкор намоем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: