Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АРМУҒОНИ ИСТИҚЛОЛ

АРМУҒОНИ ИСТИҚЛОЛ

7-09-2021, 09:05
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
  АРМУҒОНИ ИСТИҚЛОЛ

Хобгоҳ барои кўдакони ятим ва бепарастор

1 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор доданд.
Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3 ошёна мебошад, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" аз ҳисоби маблағҳои худи муассисаи олии таълимӣ бунёд шудааст. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кўҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамаи онҳо ҷиҳати аз бар кардани нозукиҳои фаъолияти касбӣ барои мутахассисони ҷавон пешбинӣ шудаанд.
Барои омўзонидани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон беш аз 200 нафар омўзгори ботаҷриба фаъолият мебаранд. Иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба нақши созгори соҳаи сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2020 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода, изҳори умед намуданд, ки раёсат ва омўзгорони донишкада дар самти тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд. Лозим ба таъкид аст, ки бо бунёди биноҳои нави таълимӣ боз барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 3 ҳазору 500 донишҷў шароити хуб фароҳам гардид.
Ҳоло Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имкон дорад, ки 7 ҳазору 557 донишҷўро ба донишомўзӣ фаро гирад. Сол то сол заминаи моддӣ - техникии донишкада таҳким ёфта, сохтори ташкилӣ - идоракунии он низ мукаммал гаштааст. Айни ҳол, донишкада дорои Литсейи тамоюли иқтисодӣ, 6 факултет, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона, шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ, беш аз 800 компютери пайваст ба шабакаи интернет, 2 китобхонаи илмӣ, 2 китобхонаи электронӣ, 2 толори маҷлис, 2 майдончаи варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, 150 синфхона, 11 озмоишгоҳи таълимӣ, матбаа, парки технологӣ ва ошхона мебошад.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти байналмилаликунонии таҳсилот дар соли таҳсили 2020-2021 се ихтисоси донишкада - сайёҳат ва меҳмондорӣ, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, барномаҳои таълимии ихтисосҳои мазкур ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот мутобиқ гардонида шуданд.
Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави 8 - ошёна
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии боз як бинои дигари таълимии иловагӣ ва маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 8 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшида шуд.
Мутобиқи лоиҳа корӣ, толорҳои маҷлисӣ, синфхонаҳои таълимӣ, амбор, маркази табъу нашр, толори тенис, синфхонаи маҳфили шоҳмот, бахши хизматрасонии техникӣ ва хизматрасон дар бинои нав ҷой дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз озмоишгоҳҳои муассиса бо рафти корҳои сохтмони филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон тариқи маҷозӣ шинос гардиданд.
Филиали бунёдшавандаи донишкадаи мазкур аз 8 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 200 нафар дар як баст пешбинӣ мешавад ва он тибқи нақша то соли 2024 мавриди истифода қарор мегирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро дар самти ба колеҷ ва дар оянда ба донишгоҳ табдил додани Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканд дастгирӣ намуда, баҳри ҳарчӣ бештар ба таълим фаро гирифтани ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳо доданд.

Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд
2 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардониданд.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” омадааст:
«Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад».
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” низ омадааст:
«Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Исмоили Сомонӣ дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад».
Бояд гуфт, ки ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён супорида мешавад.
Ордени “Исмоили Сомонӣ” аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳаштқира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил медиҳанд.
Дар маркази ситора медалиони тасвири барҷастаи зарандуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст.
Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд иҷро шудааст. Дар қисми поёни медалион ду навдаи зарандуди дарахти ғор сабт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст.
Тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” - тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи зарандуд дорад. Паҳноии тасмаи ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи I - 100 миллиметр, паҳноии рахҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад.
Зеҳи овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 миллиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рўкаш шудааст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 миллиметр ва шерозаи тиллоранг дорад.

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати
муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам:
1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.
2. Моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рўзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.
4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби интихоби дақиқи даъватшавандагон ба қўшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд.
5. Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.
6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назорати тиббии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
2 сентябри соли 2021
№246
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: