ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН6-09-2021, 07:27
Хабарро хонданд: 155 нафар
Назарҳо: 0
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи сарфарозгардонии собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 2 сентябри соли 2021 №248(181) |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.