Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Даргузашти Султони Ҳамад - хабарнигори варзидаи тоҷик

Даргузашти Султони Ҳамад - хабарнигори варзидаи тоҷик

7-06-2019, 11:41
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Даргузашти Султони Ҳамад - хабарнигори варзидаи тоҷик Султони Ҳамад, хабарнигор ва шореҳи шинохтаи тоҷик имрӯз дар синни 68-солагӣ даргузашт. Хешовандонаш гуфтанд, ки ӯ шоми 6-уми июн дар хона ва дар миёни фарзандону дигар наздиконаш ҷон додааст. Фарзандаш Аҳмад гуфт, ки Султони Ҳамад гирифтори саратони меъда буд ва тайи 8 моҳи ахир аз ин беморӣ бисёр ранҷ кашидааст. Хабарнигори шинохтаи тоҷик дар охири солҳои 90-ум, сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, як ниҳоде буд, ки тарафҳои даргирро ба ҳам овард ва роҳҳои хотима додан ба ҷангу ба кишвар баргардонидани паноҳҷӯёни тоҷик аз хориҷро баррасӣ мекард. Маросими дафни ӯ рӯзи ҷумъа 7-уми июн баргузор мешавад ва ӯро дар оромгоҳи Сариосиё дар Душанбе дафн мекунанд. Султони Ҳамад, ки солҳои 1992 то 1997 ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор паноҳандаи тоҷик дар Афғонистон зистааст, соли 2004 ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ ба ин кишвар сафар кард ва наздик ба як сол аз он ҷо гузориш медод. Ӯ бо бисёре аз раҳбарону сиёсатмадорони Афғонистон, аз ҷумла президент Бурҳонуддини Раббонӣ, Қаҳрамони Миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ҳамсангарони ӯ Муаҳммадфаҳими Қасим, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигарон аз наздик ошно буд. Моҳи феврали соли 2005 ӯ дар раҳоии ду афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки аз тарафи қочоқбарон рабуда шуданд, саҳм гирифт. Вай ҳамчунин дар моҳи апрели ҳамон сол сафари расмии серӯзаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Афғонистон ба гунаи муваффақ бозтоб дод. Ӯ дар маросиме ҳузур пайдо кард, ки дар он шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба Эмомалӣ Раҳмон нишонаи "Аҳмадшоҳи Масъуд"-ро ҳамчун рамзи сипос аз мардуми Афғонистон тақдим намуд. Пас аз поёни давраи корияш дар Афғонистон Султони Ҳамад ба Душанбе бозгашт ва муддате шореҳу коршиноси Радиои Озодӣ буда, дертар торнамои иттилоотию фарҳангии “Рӯзгор”-ро бунёд гузошт ва ҳам машғули корҳои фарҳангӣ шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: