Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон

26-08-2021, 08:23
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон


26.08.2021 , шаҳри Душанбе Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат ба Сарвари давлати Фаронса барои ташаббуси муҳокимаи масъалаҳои кунунии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса ва масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори сипос намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Зикр гардид, ки амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон алоқаманд аст.

Сарвари давлати мо бо нигаронӣ зикр кард, ки Афғонистон имрӯз бо сабаби таҳдиди воқеии мавҷи нави муқовимати шаҳрвандӣ дар кишвар дар остонаи фалокати гуманитарӣ қарор дорад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҷонибдори таъсиси як давлати сулҳҷӯёна ва устувор бо нақши марказии ҳамоҳангсозии СММ мебошад.

Президенти Тоҷикистон ба Президенти Фаронса дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар робита ба якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилоф аз ин кишвар маълумот доданд.

Таъмини амнияти кафолатдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳимтарин шарти рушди минбаъдаи устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳоямон мебошад,-изҳор доштанд Сарвари давлати мо дар ин замина.

Ҷонибҳо дар бораи идомаи машваратҳо оид ба масъалаҳои Афғонистон ба мувофиқа расиданд ва тасмим гирифтанд, ки ба вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дастур медиҳанд, то дар ин масъалаҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба дар тамоси доимӣ бошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: