Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҲУРОНБӢ ЛАТИФЗОДА СОҲИБИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИ ГАРДИД

ҲУРОНБӢ ЛАТИФЗОДА СОҲИБИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИ ГАРДИД

23-08-2021, 08:45
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
ҲУРОНБӢ ЛАТИФЗОДА СОҲИБИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИ ГАРДИД
КӮЛОБ- 23-юми августи соли ҷорӣ, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Юсуф Маҷидӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Вализода Абдулқодир ва сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр Худоёр, манзили нав бунёдшудаи сокини шаҳри Кӯлоб Ҳуронбӣ Латифзода, ки бар асари офати табии санаи 11 майи имсол пурра вайрну валангор шуда буд, дар вазъяти тантанавӣ супурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, манзили истиқоматии сокини шаҳри Кӯлоб Ҳуронбӣ Латифзода, иборат аз 4 ҳуҷра бо тамоми шароти рӯзгор дар муҳлати хело кутоҳ бо сатҳу сиффати баланд бо ҷалби сохтмончиёни варзидаву кордон бунёд гардидааст.
Зимни суҳбат раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ба оилаи зарардидаи сокини шаҳри Кӯлоб Ҳуронбӣ Латифзода изҳор доштанд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳ намудани ҳаёти хубу осоиштаи сокинони ҷумҳури талошу хизматҳои зиёд доранд то миллати тоҷик ҳаёти хураму хурсандона дошта бошанд.
Таъкид гардид, ки манзили истиқомати ин оилаи зарадида аз офати табии дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон сохта ба истифода дода шудааст.
Ҳурунбӣ Латизода дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташабускорони ин кори хайру савоб арзу сипоси зиёд намуда афзуд, ки ҳар он дастуру супорише, ки ба роҳбарияти вилоят Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода буданд имруз дар амал татбиқ гардид. Акнун аз ин пас Ҳурунбӣ Латифзода, ҳамроҳи 4- фарзанд ва оилаш дар хонаи зебову барҳаво зиндаги мекунанд.
Ҳаминтавр дар вазияти тан-танави аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, СИПОСНОМАИ раиси шаҳри Кӯлоб ба Бахтиёр Назарзода барои саҳми арзанда гузоштан дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ва дасигирҳои ҳамаҷониба ҷиҳати сохта ба истифода супурдани хонаи истиқоматӣ сарфароз гардонида шуд…
Далер Шарифов– котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: