Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳар садои дилхарош дилро мушавваш мекунад

Ҳар садои дилхарош дилро мушавваш мекунад

18-08-2021, 08:24
Хабарро хонданд: 423 нафар
Назарҳо: 0
   Ҳар садои дилхарош дилро мушавваш мекунад
Санъати ровигӣ ва наттоқӣ, қироати ифоданоки матни насрӣ ва назмӣ яке аз ҳунарҳои қадимаи мардуми дунёӣ дониста мешавад. Мо ин мазмунро борҳо дар падидаҳои адабиёти гузаштаву имрӯзаамон хондаем. Маъхазҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар гузашта байни мардум соҳибҳунароне фаъолият мекарданд, ки бо қироати падидаҳои насрӣ ва назмӣ байни мардум ном бароварда буданд. Чунин ашхосро ровӣ, ривояткунанда, яъне гӯянда, нақлкунанда меномиданд. Мо мафҳумҳои «ровиёни ахбор», «ровиёни қисса», «чунин ривоят мекунанд» ва ғайраҳоро борҳо дар асарҳои насрӣ ва назмии суханварони гузаштаамон хондаем.
Имрўз низ дар ҷомеаи мо ровиён ва наттоқони хубе ба монандӣ Қурбони Собир, Муҳаммадҷон Шодиев, Ортиқи Қодир, Хайрулло Иброҳимов, Муҳаммадҷон Мирзоалиев, Саймукаррам Шарифов, Мунира Ҳакимова ва боз чанде дигарон фаълият доранд ва мо онҳоро, садояшонро борҳо дар радио, телевизион ва саҳнаҳои театриву консертӣ дидаему шунидаем.
Мутаассифона баъзан шоҳиди он мегардем, ки дар барномаҳои консертӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи давлатию ҷамъиятӣ дошта, иддае аз наттоқон ба ҳайси ровӣ интихоб мешаванд, ки ҳунари пастӣ баррандагӣ доранд, фориғ аз паҳлуҳои зиёди ин пешаи қадима дошта, ҳатто зимни гуфтан ва хонданашон мавқеи задаҳои мантиқиро дарк намекунанд.
Банда тӯли 20-сол дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият доштам ва ба шогирдон аз фанни маҳорати журналисти телевизион дарс додаам. Ин лаҳзаҳо мехоҳам чанд андеша роҷеъ ба маҳорати суханварӣ иброз намоям.
Ровӣ ва наттоқ шахсе ҳаст, ки дорои овози ҷаззобу қавӣ, гӯшрас аст ва метавонад бо садои худ таваҷҷуҳи тамошобин, шунавандаҳоро ҷалб намояд. Албатта байни мафҳумҳои наттоқ ва ровӣ тафовут дида мешавад, агарчӣ дар маҷмуъ ҳарду қариб ифодагари як мазмунанд, яъне дар саҳнаҳо, телевизион ва радио мазмунеро қироат мекунанд ва ё мехонанд. Пас тафовут дар чист? Пеш аз ҳама дар маънии матн, агар матн мазмуни хабарӣ дошта бошад, пас хондани он аз баранда садо, ҳаракат ва шиддати (диопозон) махсуси овозиро тақозо дорад. Иддае гумон мекунанд, ки дилхоҳ шахс барандаи ахбор шуда метавонад, аммо дар асл ин тавр нест. Дар ин боб метавон гуфт, ки на ҳар кас овози хондани маводи иттилоотиро дорад, зеро маводи иттилоотӣ қонуниятҳои хоси ходанро тақозо мекунад.
Дар ҷаҳони мусиқӣ садоҳои мардонаро ба се гуруҳ-бас, (овози ғафси марғуладор) баритон (овози миёнаи марғуладор) ва тенер (овози борики шиддатнокии баланддошта) ҷудо мекунанд ва ин намуди садоҳо дар хондани матн мақом ва манзалати махсус доранд. Овозҳои занона бошанд ба гуруҳои алт ва сапрана ҷудо мешаванд, ки дар хондан ва қироати ифоданоки матн новобаста ба баландӣ ва пастии худ муҳиммияти махсус надоранд, зеро онҳо дар бисёр мавридҳо ба қироат ва хондан мувофиқат мекунанд.
Дар қироат ва хониш бештар овозҳои мардонаи бас ва баритон рост меоянд , зеро ин ду овоз агар аз ҷониби наттоқ ва ровӣ хуб истифода шаванд, таваҷҷуҳи сомеъро ба хуби ба худ ҷалб мекунанд, чунки овозҳои номбурда диопозони мувофиқ доранд.
Ёд дорам, зимни фаълияти кориям дар телевизион соли 2004 Абдуҷҷаббор Раҳмонзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва фаъолияти нахустини корияшро аз тоза намудани овозҳои паси кадрии ба талабот ҷавобгӯ набуда, оғоз намуда буд. Мутаассифона дар радио ва телевизионҳои муосир мо бо идаае аз наттоқоне дучор мешавем, ки фарсахҳо аз ин олам дуранд ва оддитарин қонуниятҳои хониши ифоданоки матнро намедонанд.
Баъзан мо шоҳиди он мегардем, ки зумрае аз наттоқон зимни баромадҳои мустақим дар радио, телевизион ва дар саҳнаҳои консертӣ ба хатогиҳо роҳ медиҳанд. Ҳамаи ин аз камҳавсалагӣ ва беҳунарии онҳо дарак медиҳад. Барои ислоҳи ин камбудиҳо бояд наттоқ кадом корҳоро ба анҷом расонад:
-матнро дар алоҳидагӣ гаштаю баргашта хонад;
-мазмун ва муҳтавои матнро дар мизони тафаккураш баркашад ва барои талаффузи дурусти калимаҳо ва оҳанги хониш тайёр шавад;
-эҳсос намояд, ки мақсади қироати матн дар чист ва мазмуни онро чӣ гуна метавонад ба тамошобин ва ё шунаванда расонад;
-пораҳои алоҳидаи калимаҳои матнро, ки онҳо ифодагари мазмуни асосии матн ҳастанд, бештар талаффуз намояд ва ба задаҳои мантиқии он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд;
- ба истҳо (паузаҳо) зимни кироати матн риоя намояд;
-ҳангоми қироати матн ба нуқта, вергул аҳамият диҳад;
Маълум аст, ки агар ровӣ мазмунеро қироат намояд пеш аз ҳама бояд ба мазмуни он таваҷҷуҳ намояд ва вобаста ба ин хондан ва қироат намудани шеър ва ё ҳикоя метавонад диққати сомеъро ровӣ ба худ ҷалб намояд. Риояи дурусти хониши ифоданок сурудеро мемонад, ки шунаванда аз он ҳаловат бурда, як ҷаҳон маънӣ мегирад. Ин яке аз хусусиятҳои асосии қироат ва хондани асарҳои бадеӣ мебошад. Фаъолияти кории наттоқ бошад дар ин ҷода домани фарохтаре дорад, зеро хабару гузоришҳои хондаи ӯ танҳо як жанрҳои иттилоотиро дар бар мегирад. Аз ин рӯ наттоқ бояд усулҳои хуби хондани хабарро риоя намояд.
Яке аз ҷузъиётҳои муҳими хондани матни хабарӣ тезу шунаво хондани он аст. Дар ин ҳолат наттоқ метавонад, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ чанд хабару гузоришро ба шунаванда расонад.
Дигар паҳлуи мавзуи зикргардаида диопозони овоз, пасту баландшавии он вобаста ба маводи пешниҳодгардида мебошад. Хондани маводи мазмунҳои сиёсӣ дошта, криминалӣ, варзишӣ, фоҷеавӣ ва ғайраҳо аз наттоқ хониши нисбат ба мазмун мувофиқро тақозо дорад. Наттоқи машҳури шӯравӣ Ю. Левитан дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо садои худ тавонист руҳияи миллионҳои одамони шӯравиро баланд бардорад ва дар ниҳоди душманон эҳсоси тарсу ваҳро бедор намояд.
Ҳаракат, мимикаи ровӣ низ зимни хондани матн муҳиммияти махсус дорад ва он метавонад диққати бинандаро ба мазмуни хондашуда бештар намояд. Пас аз ин бармеояд, ки наттоқ ва ровӣ бояд дорои ҳунари хуби ҳунармандӣ бошанд. Шодравон Маҳмудҷон Воҳидов ин маъниро ба худ хуб дарк мекард. Аз наворҳои дар хазинаи телевизион маҳфуз будаи ӯ мо бараъло мушоҳида намудаем, ки Маҳмудҷон Воҳидов зимни қироати шеър хеле хуб аз мимика ва ҳаракатҳои саҳнавӣ истифода мебурд.
Дар гузашта наттоқони хуби телевизион Рафоат Абдусаломов, Абдуаҳҳад Мирзоаҳмадов, Мунаввара Мирхолова, Қумрӣ Норова, Эмомалӣ Тоҳиров, Хайрулло Иброҳимов, Мунира Ҳакимова аз имрӯзиён Ёрмуҳаммад Самадов, Саймукаррам Шарифов, Бахтовари Ҷамшед ва боз чанде дигарон бо ҳунар ва маҳорати худ сазовори обу рӯ ва манзалати баланд гаштаанд.
Дар ҷодаи санъати наттоқӣ ва ровии хуб будан ба ҷуз садои форам инчунин симои зебо ва қадду басти хуб мавқеи баландро дорост. Аслан саҳна инъикосгари зиндагиномаи инсонист ва дар он ҳаёти одамӣ таҷассум меёбад. Иддае аз санъатшиносон саҳнаро ба оина шабоҳат медиҳанд ва оина бошад тозагиро тақозо дорад. Бале ва маҳз ҳамин тозагӣ ба саҳна нуру сафо мебахшад, аз ин рӯ он ашхосе, ки ба саҳна мебароянд бояд ин тозагиро дар ҳунару маҳорат ва истеъдоди худ ба мардум нишон диҳанд.
Яке аз наттоқони машҳур Анна Николаевна Шатилова дар дафтари хотироти худ навиштааст, ки «наттоқи бомаҳорат будан ва аз ҷониби мардум пазирои хуб ёфтан умри одамиро дучанд карда, руҳияи шунавандагонро баланд мебардорад ва ба онҳо саломатӣ мебахшад».
Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз ҷомеаи мо ба ровиёни хушгуфтор ба монандӣ шодравон Маҳмудҷон Воҳидов, Абдуқодир Маниёзов ниёз дорад. Номбурдагон замоне маҳз таввасути санъати мазкур номвари миллат гашта буданд.
Бояд тазаккур, ки дар боби санъати наттоқӣ ва ровии хуб будан санъатшиносони хориҷӣ ба монандӣ- С. Ожегов, Н. Шведова, Урмас Отт, Р. Брэдбери , Т. Воронин, Ю. Чепурин ва дигарон асарҳои хубу хонданбоб навиштаанд , вале мутаассифона оид ба ҷодаи зикргардида санъатшиносони тоҷик кам эҷод кардаанд. Хуб мешуд, оянда масъалаи зикргардида ҳамаҷониба омӯхта мешуд ва асарҳои наву замонавӣ эҷод мегардид.
«Дунё ба умед» - гуфтанд ва боварӣ дорем, ки оянда масъалаи гузошташуда роҳи ҳалли худро меёбад ва ҳаводорони санъати наттоқӣ баҳра мебардоранд.


Тағоймурод Орифӣ


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: