Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хайрият, ки пойгаҳам будаст...

Хайрият, ки пойгаҳам будаст...

18-08-2021, 08:16
Хабарро хонданд: 119 нафар
Назарҳо: 0
 Хайрият, ки пойгаҳам будаст...

Дар истгоҳ мунтазири микроавтобуси 25 будам. Интизориям зиёд тул накашид. Лаҳзае пас мусофиркаш ба истгоҳ расид. Аз пеши дар пулчинак бо овози баланд ҷор мезад.
“Сирк, ”текстил”, “танка “, ”Дом печат”, “Сафина”, “Ашан”, “Меҳргон” –такрор ба такрор садо мебаровард пулчинак ва илова мекард – ака мерай, биё бшин , мошин холияй, апа бисёр фикр накун, тезтар биё бшин, мерем ...”.
Вориди мусофиркаш шудам. Шукрона, ки ҷавонони имрӯза, калонсолонро ҳурмат мекунанд ва ҷавоне аз ҷояш хеста маро ҷой дод. Ҳавои толори мошинро садои мусиқии дилхароше фаро гирифта буд. Ин садо пеши назарам манзараи тўйхонаеро овард, ки дар он ҳофизи тўйгард кафки даҳонашро парронда суруд мехонд ва рақоссаҳои ба назар ранголуд мерақсиданд. Марди миёнасоли тануманди мўйҳои мошу биринҷ дошта бовиқор ба пулчинак муроҷиат кард:
- Ҳой бача, мусиқиатро камтар паст наменӣ, намебини бо тилфун гап задестам, ҳичи фаҳмида намешава...
- Ҳозир пастш менм – тамасхуромез овоз баровард пулчинак ва хандид.
Пиразани дар паҳлуям нишаста, ба ман нигариста гуфт:
- Ин ронандаҳо на ақл доранду на фаросат, фикр намекунанд, ки дар мошинашон шояд мотамдоре нишаста бошад. Уф, замона вайрон шудааст...-пиразан оҳи сард кашид.
- Не оча, замона не, баъзе одамон вайрон шудаанд –гуфтам.
Пиразан чизе нагуфта хомуш монд. Аз садои карнаи мошин паст ҳам бошад, ҳамоно овози сарояндаи дайдуи тўйгард ба гўш мерасид.

“Ин беди баланд соя лаби ҷар бошад
Дар таҳаки бед селаи духтар бошад,
Ман мор шавм ҳалқа занм грдаки бед
Лаънат ба касе ошиқи дхтар боша”

Маро сурудхонии сароянда ба хандидан водор сохт, о дар ии дубайти лаънат не, балки бояд раҳмат хонда шавад. “Хайр ин эҷодӣ навбатии сарояндаҳои тўйгард аст”- худ ба худ андешидам.
Ҷавони болобаландие, ки дар болои сарам рост меистод, норозиёна ба пулчинак муроҷиат кард.
- Ака камтар тезтар ҳай мекардед , аз дарс дер монда истодаам.
- Бародар дида истодаед, ки мошин холӣ аст, охир мо аренда дорем, ба ҷои мо кӣ пули арендаро месупорад.
- Ман бошам “отрабока “ месупорам- ҷавоб дод ҷавон.
Пулчинак гўё садои ўро нашунида бошад, ки худро ба нодонӣ зада чизе нагуфт.
Дар ҳақиқат мусофиркаш ниҳоят суст ҳаракат мегард. Ҳангоми ба истгоҳи Сирк расиданамон пулчинак саросемавор ба ронанда наздик шуда гуфт:
- Акаи Амонулло тезтар ҳай кунен, ай пуштамон саѓераи Ҳабибулло омада истодааст.
Аз суханони пулчинак дарк кардам, ки аз қафои мошини мо боз як микраавфтобуси дигаре омада истодааст ва ба хотире, ки аз онҳо пеш гузашта мусофиронро аз роҳ нагирад, суръти мошини мо ният баланд шуд.
Ронанда бо овози баланд ѓуг- ѓур карда ба пулчинак гуфт:
“Ин сағераи Ҳабибулло машеники гзаро ҳаст, доим бе навбат меояд”.
Пулчинак хавотиромез тез-тез ба қафо менигарист ва мусофирон дар роҳ бударо барои нишастан саросемавор даъват мекард.
Акнун гӯё пойга сар шуд.Пулчинак, ҳам серҳаракат ва чолок шуда буд ва мусофиронро тутивор даъват мекард.
- ”Дом печат”, “Сафина”, “Ашан”, “Меҳргон”... Апа тезтар шинед, ака ҳаракат кунед, ҳаракат кунед, хоб наравед...”
Ҷавони болобаланди хандонрӯйи паҳлӯям буда, оҳиста худ ба худ пичирос зад: ” Симикартааш алиш шуд-ку?”.
Аз ин маро хандаам омад, аммо хомуширо авло донистам.
Баъди ин “пойга” ман дар як мижа задан ба коргоҳам расидам ва худ ба худ гуфтам:
- Э , хайрият, ки пойгаҳам будаст...
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: