
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти баланд дар назди ҳалқу Ватан мебошад. Бо ин мақсад масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан корҳои тарғиботӣ ташвиқотӣ гузаронида, ба сафи ҳизб шахсони арзандаро қабул менамоянд. Дар ташкилоти ибтидоии «Дандонпизишк» ба қабули аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон диққати махсус медиҳанд. Ин навбат як қатор ҷавонони фаъол, мутахассисони варзида ба сафи ҲХДТ дохил гаштанд. Дар ваъияти тантанавӣ ба аъзоёни нав Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.