Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳизб ва ҷомеа Омўзгоре аз Хокак

Ҳизб ва ҷомеа Омўзгоре аз Хокак

3-08-2021, 09:25
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизб  ва ҷомеа  Омўзгоре аз Хокак

- Агар лозим донед, худи муаллимро даъват мекунем, - вақти суҳбат дар КИ ноҳиявии ҳизб ва дар омади гап чунин як пешниҳод шуд. Мо бо сарвари кумитаи иҷроия аз ину он гуфтугў доштем ва ман хостам дар бораи то кадом андоза наздик будани ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ бо аъзои ҳизб ва расидагӣ ба арзу дархостҳояшон маълумот гирам.
Ҳомидҷон Шарофзода бо ишора ба алоқаи наздик бо аъзои ҳизб ва дигар сокинони ноҳия таъкид карда, шарҳ дод, ки дари кумиҷроия барои корафтодаҳо ҳамеша кушода аст ва мо - ҳама аҳли як маҳал ҳастем ва аз рўи одамгарӣ нест, аз онҳо дур бошем.
Дар идома раиси кумиҷроия қиссаи ҳамин муаллими куҳансолро ёдоварӣ кард, ки чӣ тавр бо кўшишҳояш тавонист дар як вохўрӣ бо Сарвари давлат иштирок ва сухан гўяд.
- Ў аз ҷумлаи чанд нафар ҳамхизматҳои Пешвои миллат дар Тоҷикистон аст, ки дар ноҳияи мо зиндагӣ мекунад ва собиқаи 55-солаи омўзгорӣ дорад.
Мавзўи суҳбат бо муаллим дар барномаи сафар набуд, вале таваҷҷуҳи маро ба худ кашид ва пешниҳод кардам, ки агар муаллим дар ин ҳавои гарм омада натавонад мо наздаш меравем.
Сарвари ҳизбиён бо хушҳолӣ гуфт, ҳоло ў аз мову шумо бақуввату чолоктар аст, Ҳарчанд роҳаш дур аст, аммо ягон соат пас мерасад, аз шумо фақат розигӣ барои вохўрӣ ва аз мо даъват кардан мемонад.
Ман бо майли том номи мусоҳиби ояндаро, ки ҳанўз надидаам ба китобчаам менависам: Сафаралӣ Бойназаров, муаллими риёзии мактаби №6-и ноҳияи Шаҳритус.
Марде одӣ бо чеҳраи хос
Соате нагузашта марде лоғарандом, офтобхўрда, вале ҳамзамон обутобдида бо як даста ҳуҷҷату суратҳо рў ба рўи мо менишаст. Шахсе, ки тавре маълум шуд, берун аз соатҳои омўзгорӣ ба кишоварзиву чорводорӣ машғул аст.
Мардонеро бо чунин чеҳра ҳоло дар ҳар мактаби деҳот ва дар ҳар гўшаи кишвар ягон- ягон дидан мумкин аст. Инҳо парварда ва шоҳиди рўйдодҳои ду сохти иҷтимоӣ ҳастанд, ворисони даврони Шўравӣ, ки кадом як гўшаи дигари он ҳам барояшон хоки Ватан буд. Дар вуҷудашон фиреб нест, ботавону шукргузор аз зиндагӣ ва қаноатманд аз он чӣ ки доранд. Аммо ин муаллим аз дигарон бо як саҳифаи рўзгораш фарқ мекунад, даврони ҳизмати аскариаш дар як қисми ҳарбӣ бо Эмомалӣ Раҳмон – шахсияти имрўз бо маъруфияту шуҳрати ҷаҳонӣ гузаштааст.
Ҳис мекунам, ки мавзўъ васеъ аст, вале бояд аз чизе гуфтугўи мо оғоз ёбад. Муаллим худ ин корро бо ёдоварӣ аз хизмат бароям сабук мекунад.
- Аз Тоҷикистон мо 150 ҷавони ба хизмат даъватшударо ба Шарқи Дур бо самолёт бурданд. Баъди расидан 50 нафар якҷо мондем, дигаронро ба ҷойҳои дигар тақсим карданд. Мо бо Президент аз як даъват будем, аммо он вақт ҳама наваскар, фарқе аз якдигар надоштем. Баъди расидан дар як қисми ҳарбӣ мондем. Бо мурури замон вақте он кас соли 1992 Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд, табрикаш кардам. Ноябри соли 1994 Президент интихоб шуданд, боз мактуб навишта, табрик гуфтам. Ин бор ҷавобашро гирифтам.
Дар ноҳия қариб ҳама медонистанд, ки мо бо Президент ҳамхизмат ҳастем, вале вохўрии мо дар тобистони соли 2020 агар ҳамин раиси ҲХДТ Ҳомидҷон Шарофзода намебуд ва раиси ноҳия Ғаффор Ҷабборӣ мусоидат намекард, баргузор намешуд. Зеро он кас соли 2016 ҳам як бори дигар ба ноҳияи мо омада буданд, дар вохўрӣ иштирок доштам, аммо барои хестану гап задан иҷозат набуд.
Пеш аз сафари дуюм кўшиш кардам, ба ман ҳам иҷозати сухан гуфтан дар назди Президентро диҳанд. Ба макомоти гуногун муроҷиат кардам, вале маълум буд, ки касе моил ба шунидани арзу амалӣ шудани ҳоҳишам нест. Ноумед шудам, бо хости офаридгор бо ин бародар, раиси ҳизб дар ноҳия вохўрдам, ў сабаб шуд, ки аввал барои вохўрӣ бо раиси ноҳия имкон ёбам ва он кас баъдтар барои вохўрии мо бо ҳамхизматам – Пешвои миллат мусоидат карданд.
Муаллим ба ёд овард, ки раиси ҳизб пас аз шунидани мақсадам пурсид, ки аз Президент чӣ мехоҳӣ? Гуфтам, ки ҳеҷ чиз, мақсадам талабу тамаъ нест, ҳама чиро дар зиндагӣ дорам, фақат мехоҳам аз давраи хизмат ёдовар шавам, хотираҳоеро аз он даврон ба ёдашон андозам.
Шарофзода ба ин гапҳоям бовар кард ва ваъда дод, ки барои вохўрдан бо раиси ноҳияамон Ғаффор Ҷабборӣ мусоидат мекунад. Чунки то он вақт ҳар бор то қабулгоҳ мерасидам, вале барои дохил рафтан иҷозат намедоданд.
Ҳизб  ва ҷомеа  Омўзгоре аз Хокак

Дар вақти вохўрӣ аз рўйи маслиҳат, пас аз баромади се нафар аз ҳама охир ман бояд гап мезадам. Вале чун дигарон сухан карданд, фазову ҳавои вохўрӣ хеле бароям вазнин шуд. Чунки Президент ба ҳар баромадкунанда саволҳо медод ва ман хаёл кардам, ки аз ҷавобҳояшон чандон қаноатманд нестанд. Баъди вохўрӣ дар суҳбат бо ман ба ин ҳолат доштани вохўрӣ дигарон ҳам ишора намуданд.
Дар чунин вазъият Президент ба толор муроҷиат карда пурсиданд, ки боз ягон кас чизи мегуфтанӣ дорад ва гап задан мехоҳад? Ман карахт ва дудила будам, ки чӣ кор кунам. Ин дам аз ақиб касе сахт бо зери шонаам зад ва гуфт: - Муаллим, бархез! Гапҳоятро бигў! - Ин боз ҳам раиси ҳизб буд, ки пешакӣ матни баромадамро бо ҳам тайёр карда будем.
Ба мисле, ки вақти ба майдони гуштӣ баромадан як сухани баҷо ҷасорати одамро бедор мекунад, ман ҳам ҳаяҷонро даме яктарафа карда, ба назди минбар рафтам.
Бо муроҷиат ба Президент гуфтам, ки мову Шумо ҳамхизмат ҳастем ва мо ҳамватанон ба роҳбариву ташкилотчигиатон ҳамон вақт қоил будем, зеро Шумо дар қисми ҳарбӣ яке аз фаъолони ташкилоти ҷавонон – комсомол, яъне «комсорг» будед. Ин қобилияти Шуморо дар солҳои вазнини роҳбарӣ дар кишварамон бори дигар дидем. Шумо сарварии Тоҷикистонро дар давраи вазнин бар уҳда гирифта, онро аз ҷанг берун оварда, ба як кишвари орому босубот табдил додед. Инро дар мисоли ҳамин ноҳияи мо ҳам дидан мумкин аст, ки дар аввали солҳои 90, дар оғози ҷанги дохилӣ вайрону валангор, сокинонаш қариб ҳама гурзеа шуда буданд…
Вақте гап мезадам, Президент гапамро бурида гуфтанд: - Муаллим, аз пушти минбар як тараф, дуртар ист! Ман қадаме ақиб гузошта, ба сўйи Пешвои миллат нигоҳ кардам.
Сафаралӣ, ман туро шинохтам! - гуфтанд он кас.
То ин вақт Шарофзода, ки суханони муаллимро мисли мо бо ҳавас гўш мекард, ба гап даромад: - Бовар мекунед, пас аз ин фазои маҷлис ба тамом тағйир ёфт. Махсусан, вақте ки Президент ба ҳамхизматашон рў оварда гуфтанд, ки ҳангоми сафари чор сол пеш ба ноҳия дар ҳамин толор ман аз ту ёдовар шудам, ки як ҳамхизматам аз ин ноҳия буд ва ҳоло куҷо бошад? – гуфта савол кардам. Ту куҷо будӣ?
- Ҳамин ҷо будам, вале намонданд, ки аз ҷоям бихезам.
- Кӣ намонд? – пурсид Президент ва зуд дарк карда хандид ва гуфт: - Ин бор касе монеъ намешавад. Пас аз вохўрӣ бо ҳам гап мезанем.
Ин вохўрии ду ҳамхизмат рўҳияи Сарвари кишварро дар ҳузури шаҳритусиён тағйир дод. Ва бо хушҳолӣ маҷлисро ба охир расонда, муаллими ҳамхизматашро барои суҳбат даъват кард. Бо вуҷуди маҳдудияти давраи пандемия ўро ба оғўш кашида, вохўрӣ кард ва сипас муддати 20 дақиқа аз он даврони ҷавонӣ гап заданд. Онро ҳам ба ёд оварданд, ки чӣ тавр Бойназаров, ки то хизмат самбо машқ мекард, дар вақти хизмат боре ҳатто бо яке аз командирони қисми ҳарбӣ, ки низ дўстдори ин навъи варзиш буд, рақобат кард.
Президент аз зиндагиаш пурсид. Нишони пеши барашро дида, савол кард, ки ин чист? Чун донист, бо каме нороҳатӣ ба мақомот, ки атрофаш буданд, гуфт: - Наход дар панҷоҳ соли муаллимӣ фақат ба ҳамин нишони «Аълочии маориф» сазовор бошад? Ва дастур доданд, ки хизматҳои муаллим қадр шавад.
Президентамон соли 1971 ба сафи Артиши Шўравӣ даъват шуда ва то соли 1974 дар Флоти Уқёнуси Ором дар қаламрави Приморск хидмат кардааст, хизматро бо рутбаи маллоҳи калон ба охир расонидааст. Бойназаров низ дар ҳамон сол пас аз хатми факултети математикаи Институти омўзгории ба номи Т. Шевченкои Душанбе ба хизмат рафта, ба сабаби маълумоти олӣ доштан дар ҳамон қисми ҳарбӣ фақат як сол хизмат карда, соли 1972 аз хизмат ҷавобаш доданд. Вале дар ҳамон як муддати кутоҳ ба ин сабаб, ки дараҷаи (разряд)-и якуми гўштии самборо дошт ва дар барномаҳои варзишии қисми ҳарбӣ қувваозмоӣ мекард, дар миёни ҳамхизматон машҳур шуд ва ҳамватанонаш низ аз ў фахр мекарданд.
Вохўрӣ ба ў тавону қувваи тоза бахшид. Дар посух ба саволи Сарвари давлат дар бораи замин доштан ё надоштанаш аз хусуси 3 гектар замини дар ихтиёрашбуда гап зада, гуфт, ки аз 200 метр об бароварда, кишту кор мекунад. Президент дастур доданд, ки ба пешрафти фаъолияти кишоварзии муаллим мусоидат кунанд,то мушкиле надошта бошад.
Хамхизматҳои дигар киҳоянд?
Муаллим С. Бойназаров аксеро нишон дод, ки бо чанд нафар барои хотира гирифтаанд. Яке Мамасаид Шеров аз маҳаллаи Заргари Бохтар, дигаре Пирумшо Хоҷаеви норакӣ, ки солҳо директори автобаза буд, дар расм паҳлўи ҳам нишастаанд. Боз аз ҳамхизматашон, муаллими математика Маҳмудов Шариф аз Кўшониён ёдовар шуд, ки бо ҳам алоқа доранду гоҳ- гоҳ вомехўранд . Дар вохўрӣ бо Президент аз ҳамхизмати думбранавози ёвонӣ Нуриддин ҳам ёдоварӣ карданд, ки бо худ ин асбобро бурда буд ва дар маҳфилҳои сарбозӣ менавохту месуруд. Аммо чун маҳорати сарояндагиаш камтар буд, ҳамватанонаш дархост мекарданд, бештар оҳангҳои барои ҳар тоҷик ошноро навозад.
Дороиҳои муаллим
Президент чун аз зиндагӣ ва аҳли оилааш пурсид, муаллим С. Бойназаров дар бораи хонаводааш маълумот дода гуфт, ки 3 духтару 1 писар дорад, ки шукри офаридгор ҳама хонаву дари обод ва рўзгори осоиштаи худро доранд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, пас аз ин вохўрӣ аз номи Президент барои ҳар яке аз аҳли оилааш туҳфаеро ба шакли сару либос расониданд, ки хеле сипосгузор аст. Аз фарзандон ду нафар Назира ва Тухтамурод Бобоназар пешаи муаллимиро интихоб карданд.
Сафаралӣ аз мардуми таҳҷоӣ аст
Чуноне мегўянд, қаҳрамони мо аз мардуми таҳҷоӣ аст. Ў аз ҳолномааш ба ёд меорад, ки 5 майи соли 1950 дар деҳаи Хокаки Шаҳритус, 20 -километрии маркази ноҳия таваллуд шудааст. Ба хизмати аскарӣ пас аз хатми донишкада ва ду моҳи кор дар мактаби деҳа даъваташ карданд. То дохил шудан ҳам як сол дар ҳамин мактаб кор карда буд ва ба ин сабаб ҳоло собиқаи кориаш дар бахши маориф аз 55 сол зиёдтар аст. Дар ин миён 8 сол директори мактаб буд. Дар давраи роҳбарии ў бори аввал дар ин муассисаи таълимӣ, ки то он вақт таҳсил фақат бо забони ўзбекӣ буд, синфи тоҷикӣ кушодаанд. Дар ҳашт сол миқдори синфҳои тоҷикӣ ба 16 синфхона расид. Ў баъдан 5 сол дар Душанбе дар Институти такмили ихтисоси муаллимон ҳам кор кард.
Аз ў пурсидам, ки дар зиндагӣ ба ғайр аз шуғли деҳқониву чорводорӣ боз чӣ машғулияте дорад? Масалан, агар эҳсоси хастагӣ кунад бо чӣ ғубори дилашро мебарорад? - ҷавоб дод, ки «дар хона тор ва пианино дорам, торро гирифта,оҳанге менавозам. Овози пианино ҳам дармонбахшу рўҳбардор аст, аммо онро бештар писару набераҳо менавозанд.
Боз гуфт, ки вақтҳои ахир қариб фурсати бекорӣ ва дамгирӣ надорад, зеро бар иловаи 3 гектар замине, ки барои киштукор дошт, пас аз вохўрӣ бо Президент ва дастури он кас ва албатта бо ҳиммати роҳбарияти ноҳия қариб 40 гектар замини чарогоҳӣ ҳам ба ихтиёри хонаводааш вогузор шудааст, ки ҳамроҳ бо аҳли байт ва пайвандон барои пешбурди рўзгорашон онҷо заҳмат кашида аз он баҳра мегиранд.
Муаллим шукрона мекунад, ки бесарусомониҳо ва муқовиматҳои мусаллаҳона дар Тоҷикистон, аз он ҷумла дар ноҳияи онҳо, ки дар он давра зарари калони иқтисодӣ дида буд, таҳти роҳбарии Сарвари хирадманду тавонои кишварамон ба зудӣ ба поён расиду сокинони ноҳия баъд аз талхии давраи гурезагӣ ва муҳоҷиратро чашидан аз хориҷаву минтақаҳои дигар ба ноҳия баргаштанд ва дубора дар пайи ободии он камар бастанд. Шукр мегўяд, ки то ба имрўз ба туфайли мардуми заҳматкашу босадоқаташ дар ноҳияи Шаҳритус ба монанди ҳар гўшаи дигари Тоҷикистон аз он даврони харобиҳо нишонае боқӣ намондааст. Дар рўҳияи мардум ҳам ҷойи яъсу ноумедиҳои замони нооромиҳоро рўҳия ва ҷасорати ободкориву созандагӣ гирифтааст.
Табиист, ифтихор аз он ҳам мекунад, ки ин ҳама пешрафту дигаргуниҳо дар кишвар ва дар зиндагии мардум таҳти роҳбарӣ ва ба шарофати марде насиб гаштааст, ки ҳамхизматаш асту аз даврони ҷавонӣ мешиносад.
Солеҳ Юсуфов,
Душанбе- Шаҳритус- Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: