ГИРДБОД11-05-2021, 09:30
Хабарро хонданд: 170 нафар
Назарҳо: 0
Чанде пеш дар шабакаи иҷтимоии суханони Шарофиддин Гадоевро гӯш карда, дар ҳайрат мондам “ӯ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои он ки ба деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара бо мошин нею бо чархбол рафтааст, тарсу гуфтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмонро сокинони кишвар ҳамчун марди ҷасуру ватандӯст иззату эҳтиром мекунанд. Аз рӯзи нахустини роҳбарӣ ба ҳама ҷойҳои зиддиятҳои силоҳбадастон «таваккал ба Худо»-гуфта, сафар мекард ва бенатиҷа барнамегашт. Худатон андеша кунед, ки куҷои Тоҷикистон бехавф буд, ки ӯ сафар накарда бошад. Ҳамин ҷасорату нотарсӣ буд, ки сулҳи Тоҷикистонро таъмин карду ҳазорон муҳоҷиронро ба Ватан – ба ҷои доимии зист баргардонд. Аз ин далелҳо бармеояд, ки «тарсу» гуфтани Шарофиддин Гадоев ягон асосе надорад. Ба қавли бобои Азизуллои фархорӣ: «Ман подшоҳгарии Николай, Ленин, Сталин баъд Довуду Зоиршоҳ, Нурмуҳаммад Таракӣ, Бобрак Кормал, Ҳафизулло Амину Наҷибуллоҳро дидам, аммо мисли Эмомалӣ ягонтоашон намебароянд. Ин хел марди одиву самимиро дар зиндагӣ надидаам». Подшоҳи мо дар куҷое сел меояду хонаҳоро шуста мебарад, ҳамон рӯз дар бари халқ рост аст. Рафта, сари сағераҳоро сила мекунад, кумак мерасонад. Дасти пирону барҷомондагонро мегирад». Ин суханҳоро муйсафеди 104-солае гуфтааст, ки тӯли 58 сол ғарибу овора ёди Ватан мекард. Бо кумаки Эмомалӣ Раҳмон соли 1993, вақти бозгашти гурезаҳо аз Афғонистон, ба Ватан - деҳаи Арчаи ноҳияи Фархор баргашта буд. Дар 108-солагӣ дар ватанаш деҳаи Арча дунёро падруд гуфт. Эмомалӣ Раҳмон вақте ба сари қудрати давлатдорӣ омад, ки қаблан панҷ нафари дигар роҳбарӣ карда буданд. Барои пешгирии хунрезӣ, рафъи зиддиятҳои дохили мамлакат ягон коре карда натавонистанд. Ҷангу низоъҳо мардуми бечораро хонавайрону сарсон кард. Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, сокинони мамлакат оҳи сабуке кашиданд. Зеро аз паи ҳам иваз шудани роҳбари давлат таъғйироте ба амал наомад. Ман ҳамчун рӯзноманигор ҳамеша дар байни халқ будам, ки мегуфтанд: «Ана ҳамин одам ба Тоҷикистон сулҳ меорад. Он вақт ҳама ҷоро силоҳбадастон назорат мекарданд, ки аз бини боло гап занӣ – қандата зан». Эмомалӣ Раҳмон, ҷон дар кафи даст, ба назди ҳамаи онҳо нотарсона мерафт, суханашро мегуфт. Ин амалҳои сарвари тозаинтихоби давлати Тоҷикистон магар осон буд? Ҳамин мардиву ҷасурии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи азизаш ба ӯ эътиқод пайдо кард. Сулҳу ваҳдатро барқарор ва Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонд. Ман ҳайронам, чӣ хел забони шумо мегардад, ки чунин одамро «тарсу» мегӯеду дигар айбҳоро бор мекунед? Агар ҷасурии Ҷаноби Олӣ намебуд, тобистони соли 1993 ба шаҳри Кобули Давлати Афғонистон мерафт? Афғонистоне, ки ҳар соат таркишу ҷангу низоъ ҳаёти садҳо одамони бегуноҳро мерабояд. Дар ин сафари нахустин ман ҳамчун рӯзноманигор иштирок доштам. Ба воситаи «коридор» расидем. Дар фурудгоҳ техникаи валангоршудаи Шӯравӣ – танку БТР-ҳо ба чашм мерасид. Дидани ин манзара як даҳшат буд. Тайёра болои фурудгоҳ чарх мезаду чарх мезад. Баъд дар бозгашт аз сарнишинони тайёра сабаби дер фаромадани тайёраро пурсиданд. Гуфт, ки Президенти Афғонистон – Раббонӣ аз силоҳбадастоне, ки дар атрофи Кобул буданд, хоҳиши оташбас карда будааст. «Ман Эмомалӣ Раҳмонро бо тамоми стандартҳои байналмилалӣ пешвоз мегирам»,- гуфта будааст. Дар фурудгоҳ ансамбли навозандагон ҷамъ мешаванд. Кадом як нағоранавоз дер мекунад ва ин боис шуда будааст, ки тайёра дер ба замин нишинад. Қабл аз парвоз дар Душанбе ба мо гуфта буданд, ки сафар то соатҳои 17 – 18 ба итмом мерасаду ба Ватан бармегардем. Аммо кор ки ранги дигар гирифт, моро дар мошини алоҳида ба меҳмонхонаи «Континентал», воқеъ дар минтақаи кӯҳдомании шаҳри Кобул оварданд. Вориди меҳмонхона шудем. Дар ошхонаи он ҷо хӯрок хӯрда ба ошёнаи боло баромада, дар ҳуҷраҳоямон хобидем. Шаб садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид. Он то субҳ давом кард ва мо хоби бароҳат нарафтем. Субҳи дигар аз бино берун баромада, меҳмонхонаи як тарафаш валангорро дидем, ки аз дасти силоҳбадастон ба ҳамин ҳол омада буд. Пеш аз ба мошин нишастан ҷасади ду нафарро дидем, ки аз тирпаррониҳои шабона ҳалок шуда буданд. Мо дар ҳамин сафар се рӯз истодем ва шабе набуд, ки садои тирпарронӣ хомӯш шуда бошад. Баъди гуфтӯгӯҳои муносиб бо роҳбарони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чор нафар асирони ҳарбии Федератсияи Россияро, ки дар дасти силоҳбадастон буданд, озод карданд. Маросими озод кардани афсарони Россия ба таври хоса гузашт. Ин амал аз сиёсатмадори олӣ будани Эмомалии ҷавон далолат мекард. Дар ин бора рӯзномаву маҷаллаҳои Россия низ иттилоот медоданд. Дар интернет Ш. Гадоев роҳбари давлати тоҷиконро «тарсу» гуфта ном мебарад, ки ягон асоси воқеӣ надорад. Ба Гадоев гуфтаниям: - «Э, бас будагист»! Одамон мегуфтанд: - «Бигзор гуруснагӣ бошад, лекин ҷанг нашавад». Сарвари давлат аз рӯзи нахустини роҳбариашон ҳам ҷангро хомӯш мекарданду мардуми парешонгаштаро сарҷамъ. Соли 1995 давраи авҷи даргириҳои Тоҷикистон буд. Моҳи июн ҳамроҳи Сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ доштем. Бадахшон ҷойи нооромтарини Тоҷикистон буд, ки мухолифини зиёде он ҷо ҷамъ омада буданд. Дар толори Ҳукумати Бадахшон вохӯрӣ барпо гардид. Дар ин сафар Пешвои Исмоилиёни дунё Оғохони 4 низ иштирок дошт. Баъдтар Роҳбари давлат изҳор дошт, ки сафарашро идома дода, ба Мурғоб меравад. Тобистон буд. Обу ҳавои Бадахшон софу беғубор ба назар мерасид. Сафари мо бо чархбол сурат гирифт. Баъди андаке парвоз фазоро абрҳои тира фаро гирифта, якбора барфи шадид ба боридан сар кард. Барф чунон меборид, ки пешро дидан имконнопазир буд. Ин ҳолатро дида, Роҳбари давлат ба сарнишинҳо амр кард, ки чархболро дар роҳи мошингард фароранд. Баъди нишасти чархбол ба берун баромадем. Кудакони зиёде ҳаё-ҳуй карда, назди чархбол меомаданд. Онҳо ҳайрон буданд, ки чархбол аз куҷо пайдо шуда, ин ҷо нишаст. Онҳо чархболро тамошо карда, завқ мебурданд. Ба назарам бори аввал чархболро дида буданд. Баъди фосилае ду мард сӯҳбаткунон омада расиданд ва яке аз онҳо Президентро дида, ба забони русӣ гуфт: - «Мы Вас узнали, Эмомалӣ Шарипович». Президент онҳоро наздаш хонд. Онҳо бо завқ омада, бо Роҳбари давлат салом карданд. Яке аз онҳо пешниҳод кард, ки ҳамаамон меҳмони хонаи вай шавем. - Не, мо ба хонае меравем, ки он ҷо оташ бошад, - гуфт Эмомалӣ Шарипович ва хонаеро нишон дод, ки аз муриаш дуд мебаромад. Ва тасодуфро бубинед, ки ин хонаи ҳамон мард будааст. Соҳиби хона пеш-пеш ва аҳли сафар аз қафо, ба хонаи ҳамон мард, ки муаллим будааст, рафтем. Дар хона дастархон густурда, бо нони гарму ширу қаймоқи қутосӣ меҳмондорӣ карданд. Дере нагузашта, аҳли деҳаи Аличур хабар ёфта, омаданд. Президент аз кору бор, шароити зиндагии онҳо пурсон шуд. Суҳбат тақрибан як соат даом ёфт. Баъди анҷоми мулоқот бо сокинони Аличур, Президент аз муаллим хоҳиш кард, ки «Муаллим, агар имконият бошад, ягон мошин пайдо мекардед, ки моро то маркази Мурғоб мебурд. Чунки мо пешакӣ телефонӣ дар ин бора гапзанон карда будем. Нағз намешавад агар наравем». Муаллим «Хуб шудааст»,-гуфта, аз пайи иҷрои кор шуд. Дарҳол сатилу лата гирифта, мошини тамғаи «Нива»-ро, ки дар ҳавлиаш ҳамчун мурғхона истифода мебурд, ба шустан даромад. Аз куҷое бошад, ҷавонон чархи мошину сӯзишвориро пайдо карда, оварданд. Ҳама ба мошин часпиданд. Дере нагузашта, мошин ба сафар тайёр шуд. Мо чор нафар дар қафо ва Президент дар пеш – дар паҳлуи ронанда нишасту мошин ба роҳ баромад. Ронанда дар бораи мардум, зиндагии онҳо, урфу одат бо завқ нақл мекард. Пас аз гузашти муддате Президент аз ронанда хоҳиш кард, ки тирезаи мошинро пӯшад. Ронанда хандида гуфт: - Рафиқ Президент, ин мошин чанд сол буд, ки ҳамчун мурғхона истифода мешуд, тиреза надорад. Хулоса баъди 2-3 соат ба маркази ноҳия – Мурғоб омада расидем. Роҳ ҷониби Ҳукумати ноҳия гирифтем. Дар бинои он марди 50-55-солае моро истиқбол намуд. ӯ посбони бино будааст. Гуфт, ки «Аз роҳбарон касе нест. Ҳама ба пешвози Президент рафтаанд» ва каме ба тарафи Эмомалӣ Раҳмон назар карду баъд фаҳмид, ки дар рӯ ба рӯяш Президенти кишвар истодааст. Аз хиҷолат саросемавор писарчаеро фарёд карда, илтимос намуд, ки ба фурудгоҳ рафта, хабар диҳад, ки Президент аллакай дар бинои Ҳукумат омадааст. Пас аз ним соат роҳбарияти ноҳия бо гулу гулдастаҳо вориди бино шуданд. Зимни гуфтугӯ маълум гардид, ки таи 70 соли ахир ягон Роҳбари давлат ба ин ноҳия нарафта будааст. Суҳбати хеле судманде ба анҷом расид. Аллакай обу ҳаво соф гардида, чархбол ҳам расида омад ва мо ба маркази вилоят рафта, бо мардум низ мулоқот намудем ва баъди хайрухуш роҳ ҷониби пойтахт гирифтем. Обуҳавосанҷҳо моро таъкид намуданд, ки ҳаво абрнок шуда, боридани барф аз эҳтимол дур нест. Вале вақти сафари кории мо хеле тӯл кашида буд ва мебоист, ки мо тез ба Душанбе баргардем. Ба ағбаи Хобуробод расидем. Якбора ҳаво тира гардида, ҳолати дар Аличур ба амаломада такрор шуд. Ғайри дар болои кӯҳ шинондани чархбол илоҷи дигаре набуд. Дере нагузашта, аз байни туман аскарбачаҳо, ки мили яроқҳояшон ба тарафи мо нигаронида шуда буд, пайдо шуданду «Шумо кистед»?, – гуфта нидо карданд. Яке аз ҳамроҳонам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дода «Президент омадааст»,-гуфт. Ҷавон сарулибосашро ба тартиб дароварда, ба роҳбари давлат рапорт дод. Президент аз вай аҳволпурсӣ кард. Ҷавон, ки Носир ном дошт, гуфт, ки муҳлати хизмати мо ду моҳ мешавад, ки гузаштааст, вале касе моро намепурсад ва иваз ҳам намекунад. Шароитамон хеле бад аст. Ду нафарро барои нон фиристода будем, чор рӯз мешавад, ки даракашон нест. Президент ба гапҳои Носир гӯш мекарду ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. Ваъда дод, ки хоҳишу дархости онҳоро ба вазири дифо расонда, онҳоро аз хизмати аскарӣ ҷавоб медиҳанд. Баъди кушода шудани ҳаво мо ба Душанбе раҳсипор шудем… Бояд гуфт, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ даруни гирдбоде қарор дошт. Чӣ кор кардану ба куҷо рафтанашро намедонаст. Тифли нотавон дар он тираву тор ҳайрон муттако меҷуст, вале касе ба додаш намерасид. Эмомалӣ Раҳмон омаду муттако гардид. Дасти тифли ҳайронро гирифта, по ба по бурд, шеваи роҳгардиву бунёдкориро омӯзонд. Акнун ин тифл ба камол расид, 30-сола мешавад. Дар авҷи камолот аст. Ин ҷавон аллакай соҳибтаҷриба шуда, ҷаҳониён ӯро мешиносанд ва ба ӯ гӯш меандозанд. Солҳои аввали соҳибистиқлолиро ба хотир биёред. Вақте ба сохтмон ва барқарорсозии роҳи Душанбе- Кӯлоб- ВМКБ ҳангома бардоштед, ки халқаш гурусна асту ҳамин роҳ ба кӣ даркор. Акнун тасаввур кунед, ки ҳамин роҳро намесохтем, аҳволамон чӣ мешуд? Ногуфта намонад, ки солҳои муҳосираи иқтисодӣ аз ҷониби Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳамин роҳ халқи Тоҷикистонро наҷот дод. Ҳамин роҳ буд, ки молу маҳсулот аз давлатҳои Чину Туркиё ва дигар кишарҳо ворид мешуд. Шумо дар бунёди роҳи Душанбе-Айнӣ, кандани нақбҳои азими ҷумҳурӣ, сохтмони НБО «Роғун» ва дигар иншоотҳо чунин ҳангомаҳо бардоштед. Чаро ин қадар нотавонбинед? Дастовардҳои мо дар 30 соли Истиқлол кам нест. Чаро онҳоро нодида мегиред? Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ҳидояти ин марди шариф – Эмомалӣ Раҳмон устуворона қадам мезанад. Ҳамаи ин корҳо дар замоне амалӣ мешуд, ки мухолифин халал мерасониданд. «Тарсу» худат ҳастӣ! Рушди устувори Тоҷикистони азизро чашми дидан надор! Ана, акнун бигӯ, ту кистӣ? Фаромӯш накун бузургон чи гуфтаанд: «Саг меҷакаду корвон ба роҳи худ меравад». Халқи тоҷики азияткашида таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворона қадам мезанад. Шералӣ МУСТАФОҚУЛОВ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.