Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Роҳатӣ барои суботу шукуфоӣ овоз доданд

Дар Роҳатӣ барои суботу шукуфоӣ овоз доданд

13-10-2020, 09:21
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
 Дар Роҳатӣ барои суботу шукуфоӣ овоз доданд
Ҳавои тозаи саҳари интихобот аз борони як рӯз пеш буд, ки дар ин маҳаллаи кӯҳдоман низ нағзакак борид. Садои карнай ва радиоузели калонтарин мактаби ноҳия, ки дар маркази деҳаи Роҳатӣ воқест, аҳли деҳаро барои иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳим даъват мекард. Масъули фарҳангии ин муассисаи таълимӣ, ки дар каноре аз дарвозаи мактаб, ба гурӯҳи шогирдони ҳунармандаш роҳбарӣ мекард, бо навозиши мусиқии шоду ҷашнӣ меҳмонон ва даста – даста овоздиҳандагони ба саҳни мактаб воридшавандаро пешвоз мегирифтанд.
Дар саҳни ин муассисаи таълимӣ ҳамзамон дари ду қитъаи овоздиҳӣ барои раъйдиҳӣ кушода буд. Инро раҳораҳ ба ман гуфта буданд ва баробари ба саҳни мактаб ворид шудан маро (ба монанди ҳар овоздиҳандаи дигар) масъулони қитъаи интихоботӣ пешвоз гирифтанд.
Директори мактаб, раиси яке аз ду участкаи интихоботӣ, ҳамзамон директори МТМУ № 41 Аҳтам Ғайратов бо чеҳраи кушод ба пешвозам омада, баъд аз «хуш омадед!» гуфтану табрик кардани ин рӯйдоди таърихӣ, ба дохили бино даъват намуда шарҳ дод, ки «ду қитъа дорем, яке 138 ва дигаре 139, ба кадоме моил бошед, марҳамат!»
Дар воқеъ, участкаи №138 дар даромадгоҳи бинои асосии мактаб, ки сарвари муассиса худ роҳбариаш мекард ва дигарӣ сари роҳ - дар тарафи рости бинои бошукӯҳи мактаб ҷойгир буд. Ҳар ду ҳам серодам. Ба мушоҳида мерасид, ки қабули раъйдиҳандагон бо риояи тамоми қоидаҳои санитарӣ сурат мегирад, Сари роҳ мизе бо маводҳои беҳдоштӣ низ гузошта буданд. Пешниҳод кардам, ки аввал бо рафти овоздиҳӣ дар қитъае, ки мутасадиаш худи сарвари мактаб аст, шинос шавем.
Комиссияи интихоботӣ, иборат аз муаллимони мактаб ва фаъолони маҳалла, ба қабулу гусели овоздиҳандагон машғул буданд. Дар мобайн сандуқ барои партофтани варақаҳои овоздиҳӣ гузошта шудааст. Ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, ба ҳамон шакле, ки муқаррароти интихобот муайян кардааст, таҷҳиз шуда, каме канортари саҳни қитъаи раъйдиҳӣ паси мизе духтури дармонгоҳи маҳалла менишаст.
Чуноне аз нақли Ғайратов маълум шуд, ба сабаби зиёд будани шумораи овоздиҳандагон ду қитъаи овоздиҳӣ таъсис шуда ва шумораи умумии интихобкунандагони фақат ин участка 2200 нафар аст. Бо хоҳиши мо,сарвари участка шарҳ дод, ки аз ин шумора, 225 нафар мард ва 975 нафар занон мебошанд. Дар интихоботи ҷорӣ бори аввал 107 нафар, аз ҷумла 53 занону духтарон овоз медиҳанд. Чуноне маълум шуд, аз ҷамъи аҳолии деҳа 437 нафар, ба шумули 412 мард ва 25 нафар занон дар муҳоҷирати меҳнатӣ, дар Русия қарор доранд.
Деҳаи Роҳатӣ аз калонтарин маҳаллаҳои ноҳия буда, танҳо шумораи хонандагонаш дар ин мактаб 2500 нафар аст. Канори дигари даромадгоҳи мактаб осорхонаи миллӣ мавҷуд буд. Аз сарвари мактаб пурсидам, ки ин осорхона ба муносибати ин маъракаи сиёсӣ аст ё доимӣ? Маълум гардид, ки он дар доираи барномаи гиромидошт аз Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсис шуда, дар он осори миллии аз сокинони маҳал ҷамъовардашуда, ба намоиш гузошта шудааст. Муаллим дарвозаи дутабақаи кандакакоришудаи чӯбиро нишон дода, тавзеҳ дод, ки таърихи беш аз садсола дорад ва пас аз он ки масҷиди деҳа навсозӣ шуд, ин дарвоза бо ҳиммати раиси маҳалла ба осорхона ҳадя гардид.
Директори мактаб гуфт, ки аллакай раиси ҷамоат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳукумати ноҳия ҳам омада, бо рафти овоздиҳӣ аз наздик шинос гардиданд.
Участкаи интихоботии №139 ҳам пуродам буд. Раиси участка, Саидакбар Асадов, ки аз ҷумлаи муаллимони ҷавони мактаб ва омӯзгори фанни физика аст, роҳбарии ин қитъаи овоздиҳиро бар уҳда дошт ва маро бо тавозӯъ ба дохили маҳали интихобот даъват кард. Ногуфта намонад, қи раисони ҳар ду участкаи интихоботӣ ҳам ҷавон буданд ва дар ташкили корашон ғайрату ҷасорати ҷавонӣ эҳсос мешуд. Бо гузашти лаҳзае аз шиносоӣ бо ҳар дуи онҳо андешаам дар бораи ин даргоҳи маърифат ба тамом тағйир ёфт ва дам ба дам боварам меафзуд, ки бо ин ҳама талошу ҷасорат аз иҷрои ҳам гуна масъулият мебароянд. Ва бузургтарин макони таълиму маърифати ноҳия ҳам дар дасти як ҷавони дорои неруи фаровони ҷавонист. Шумораи умумии интихобкунандагони ин участка 2100 нафар, ба шумули 110 мард ва 1006 зан буд ва тавре аз варақаи шарҳи интихобкунандагон маълум гардид, бори аввал 93 нафар ба синни ҳаждаҳсола расидаҳо, аз ҷумла 45 нафар занону духтарон ва 48 ҷавонписарон бояд дар ин рӯз овоз медоданд. Аз шумораи умумии интихобкунандаҳои ин китъа, 580 нафар (310 мард ва 20 зан) дар муҳочират будаанд.
Ин қитъаи интихоботӣ дар толори барҳавои варзишии мактаб ҷой гирифта, ба муносибати интихобот ба тозагӣ ба шакли муносиб ороиш ёфта буд.
Раиси участка, бо хушгӯйӣ ба ман муроҷиат намуд: - Муаллим, ҳарчанд дар рӯйихати овоздиҳандагони мо нестед, вале барои шумо китоби алоҳида дорем ва бемалол бошад, номи худро сабт кунед!
Ман ҳам бо майли том, дар китоби меҳмонону нозирони боздидкунанда аз ин участкаи интихоботӣ ному вазифаи худро навишта, ҳамроҳ бо раиси участка берун рафтам.
Вақте аз саҳни мактаб берун меомадам, назди даромадгоҳ яке аз интихобкунандагон, ки бо дастае аз ҳамроҳонаш овоз дода, берун мерафт, бо шӯхӣ ба мутасаддии фарҳангӣ муроҷиат карда, гуфт: - Муаллим, шогирдонро бигӯ, баландтар навозанд, мардуми хоболуд, аз интихобот дер намонанд!»
Ман ҳам, ки пас аз дидани фазову муҳити ҷашнии ин ду қитъаи интихоботӣ ва бо рӯҳи болида берун меомадам, барои овоздиҳӣ ба участкаи интихоботии деҳаи худ бояд мерафтам…
Участкаи интихоботии воқеъ дар МТМУ № 47, яки дигар аз қитъаҳои ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, №11 буд, ки дар он сокинони деҳа ва зодгоҳам - Нилкон овоз медоданд.
Баробари ба маҳали интихобот наздик шудан оҳангу хониши сурудҳои ватандӯстиву ҷашнӣ ба гӯш расид. Саҳни ин участкаи интихоботӣ ҳам зебо ороиш дода шуда, аллакай шумораи зиёде аз ҳамдеҳагонам омадаву рафта ва ҷамъе ҳам инҷо дар навбат буданд. Чун навбат расид, даъватномаро ба муаллимаи узви комиссия дароз кардам. ӯ бо нармӣ онро ба нафари канорӣ дароз кард, ки болои сараш дар таблое рӯйи девор шумораи аз .. то 1975 навишта шуда буданд. То он вақте ки ман варақаи овоздиҳиро гирифта, номзади худро интихоб кардаву пас аз овоз додан аз назди сандуқ дур мешудам, раиси участкаи интихоботи ва директори мактаб Мақсадулло Сангов чанде аз меҳмононро гусел намуда, маро ҳам хуш омадед, гуфт. Чун дар мавриди шумораи интихобкунандагон пурсидам, ба ҳамон рақами охири дар деворбуда ишора кард. Маълум гардид, ки участка ин бор қариб 2 ҳазор интихобкунанда дорад, ки аз интихоботи вакилон ба Маҷлиси намоянояндагони Маҷлиси Олии кишвар андаке зиёд аст.
Чӣ дар ду участкаи аввал ва чӣ дар инҷо бо ҳар интихобкунандае, ки ҳамсуҳбат мешудам, аксар мегуфтанд, ки ба хотири сулҳу оромӣ ва ободию пешрафти кишвар овоз додем. Он чӣ ки ман ҳам такопӯ ва иштироки фаъолонаи интихобкунандагонро инҷо дида, худ бовар мекардам ва ягона овозамро ҳам ба ҳамин умед дар ҷамъи ҳазорон,балки даҳҳо ҳазор раъйдиҳандагони ноҳия ба сандуқи интихоб гузоштам.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: