Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз узвият дар ҲХДТ барои худ ҳеҷ манфиате намеҷӯям

Аз узвият дар ҲХДТ барои худ ҳеҷ манфиате намеҷӯям

15-02-2017, 14:28
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
Суҳбати телефонӣ бо аъзои нави ҲХДТ Абдуфаттоҳ Абдухолиқов
Чандест, ки баъзе расонаҳои электронии хориҷӣ дар атрофи муаллими мактаби рақами 17-и ноҳияи Восеъ Абдуфаттоҳ Абдухолиқов, ки аз узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қабл аз террористќва мамнӯъ эълон шудани ин созмон хориҷ шуда, ба қавли худи муаллим, ба хотири ҳаёти осоишта ва ояндаи дурахшон Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро пазируфта ба узвияти он пайвастааст, ҳангома хезондаанд ва ҳатто ӯро ба таври бофтаю сохта аз номи ҳамсафони собиқаш «хиёнаткор» ҳам унвон кардаанд. Мурод аз ин хангомахезонию наҳзаданҳои баъзе расонаҳои хориҷӣ перомуни иваз кардани ҳизбияти худ аз ҷониби як шахси дар ҷомеа оддӣ, ки кирои гап ҳам надорад, чист? Пуштибонӣ аз ҳизби террористӣ эълоншуда ва ё ҳасрати бозгашт ба гирудорҳои пешин дар ҷумҳурӣ?
Бо ин мулоҳиза «Минбари халқ» тасмим гирифт бо худи аъзои нави ҲХДТ Абдуфаттоҳ Абдухолиқов телефонӣ суҳбате дошта бошад. Инак, ба ӯ занг мезанем.
- Муаллим, узр, хеле бо дермонӣ ҳам бошад, сараввал Шуморо ба муносибати пайвастан ба Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон самимона табрик мегӯем ва мехостем, ки ба чанд саволи мо ҷавоб гӯед.
- Марҳамат, бо ҷону дил. Мушкиле нест. Ман ҳамин ҳоло аз дарс фориѓ шудам. Ба бачаҳо дар мактаби рақами 17-и ноҳия аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегӯям.
- Мегуфтед, ки шинохти Шумо аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон чигуна аст? Ин ҳизбро чихела тасаввур мекардед ва чигуна дарёфтед?
- Дар гузашта ҳам, замоне ки раисии бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ будам, дар бораи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар сар ягон хел андешаи нопоке надоштам. Балки мо ҳама аъзои ҳизбҳои сиёсӣ дар ноҳия таҳти шиори ободонию созандагӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ, пешрафти диёр, ояндаи дурахшони мардуми кишвар паҳлу ба паҳлу ҳамкорӣ мекардам. Дар ин боб мо ҳама якмаром будем. Бо шӯъбаи маънавиёти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки мудирияти онро феълан муовини раиси ноҳия Лола Ғуломова бар уҳда дошт, ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои муҳим, ҳама мушкилоти дар ноҳия пешомадаро якҷоя муҳокима ва ҳал мекардем.
- Мо қаблан фаҳмидем, ки Шумо омӯзгор ҳастед. Дар ин пеша мувофиқи Барномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон чӣ ниятҳоро амалӣ карданиед?
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон кардаанд. Мо омӯзгорон аз рӯзҳои аввали сол бо ҳама маҳорату малакае, ки дорем, кӯшиш мекунем ҷавононро бо донишҳои замонавӣ ва ахлоқи ҳамида мусаллаҳ намуда, дар онҳо ҳиссиёти волои ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум ва халқи Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва итминони комил ба ояндаи дурахшони халқу миллати хешро бедор ва тарбия намоем.
- Баъзеҳо дар расонаҳои хабарии электронии хориҷӣ ҳадс мезананд, ки гӯё Шумо ва дигар аъзоёни собиқи ҲНИТ ба хотири он, ки шояд дар пайи террористӣ ва мамнӯъ эълон шудани ин ҳизб дар қаламрави мамлакат, таъқиб шавед ва атрофиён аз шумо бадгумонӣ кунанд, худро ба паноҳи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон кашидаед. Ин то кадом андоза ба ҳақиқат наздик аст?
- Не, ин тавр нест. Мо дар ноҳияи Восеъ то мамнӯ эълон шудани ҲНИТ, ҳанӯз 29 апрели соли 2015 фаъолияти ин ҳизбро қат кардем. Рости гап, баъди сар задани ҳодисаҳо дар Сурия диламон аз ин ҳизб сард шуда буд ва аз узвияти он даст кашида будем. Азбаски мувофиқи қонун ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо хоҳиши худ барои дохил шудан ба узвияти ин ё он ҳизби дар қаламрави мамлакат фаъолияташ мамнӯънашуда ҳуқуқ дорад, ман ҳам аз ин ҳуқуқам истифода кардам. Барои қабул шудан ба узвияти ҲХДТ ба ташкилоти ибтидоии он ариза додам ва муддате зиёде нагузашта моҳи августи соли 2015 ба узвият пазируфта шудам. Маро касе ба ин амал талқин накардааст. Ман созандагию бунёдкории ин ҳизб, ҷаҳду талошҳои ин ҳизбро ба хотири ояндаи дурахшони тамоми мардуми Тоҷикистон ва дар симои сарвари дар арсаи байналхалқӣ ташаббускори он барои ояндаи тамоми инсоният дида, ба он эътимоду эътиқод ҳосил кардам. Ман аз ин ҳизб барои худ ҳеҷ як манфиате намеҷӯям, балки мехоҳам дар сафи созандагону бунёдкорони Ватан, дар муҳити осоишта ва боадолатонае, ки дар мамлакат бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукмфармост, тенҷу осоишта кору зиндагӣ карда, дар пешрафти ҷомеа, бунёди як Ватани ободу зебо саҳмгузор бошам.
- Баъди дар қаламрави мамлакат террористӣ ва мамнӯъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шумо ҳамчун аъзо ва раиси он ҳизб дар ноҳия ба таъқибу фишоре дучор шудаед?
- Не, ҳеҷ гуна таъқибу фишор надидаам. Гуфтам ку, мо қабл аз мамнуъ эълон шудани ҲНИТ фаъолияти бахши онро дар ноҳия қат карда, аз пайи кори худ шудем. Рисолати омӯзгориамро дар мактаби деҳа осудаҳолона давом медодам.
- Ҷиҳати муаррифии худ ба хонандагони «Минбари халқ» боз чӣ гуфтан мехоҳед?
- Чӣ гӯям? 53 – солаам, соҳиби оилаи обод, шаш фарзанд, дар деҳаи Гулистони ноҳия зиндагӣ мекунам. Солҳои зиёде муаллими забону адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 17 мебошам. Марҳамат, гузаратон ба ин сӯ афтод, меҳмон шавед. Аз наздик шинос мешавем.
Мусоҳиб Н. Худойбахшов







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: