
Бо ҳадафи пешгирии экстремизм дар байни ҷавонон дар чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Норак, Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Исфара, Варзоб ва Кӯлоб аксияҳои иттилоотӣ баргузор гардиданд.
Дар ин маъракаҳои иттилоотӣ, ки таҳти унвони “Исто! Экстремизм! Бо таҳаммул бош ва андешаи дигаронро эҳтиром намо!” баргузор шуданд, ҷавонони зиёде дар марказҳои ноҳияҳо ва кӯчаю бозорҳо ва дигар ҷойҳои серодам дар бораи экстремизм ва хавфу хатарҳои он ба ҳаёти ҷавонон, фарҳанги таҳаммулгароӣ ва эҳтироми андешаҳои ҳамдигар огоҳ шуданд.
Ин аксияҳои иттилоотӣ бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Насли нави Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои маҳаллии давлатӣ бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуда, дар онҳо ҷавонони синну соли гуногун ширкат намуданд.
Дар ин чорабиниҳои якрӯза мутахассисон ва волонтёрон бо ҷавонон вохӯрию суҳбатҳо намуда, ба онҳо дар бораи чӣ будани экстремизму терроризм, хавфу хатарҳои гурӯҳҳои экстремистӣ ва аҳамияти таҳаммулгароӣ ва эҳтироми андешаи дигарон барои пешгирӣ аз экстремизм маълумот доданд.
Ҷавонон дар маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ бевосита аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Онҳо аз волонтёрон буклету флайерҳо дар бораи экстремизму хатарҳои он ва роҳҳои пешгирии он дарёфт мекарданд.
Ҳангоми мулоқот бо ҷавонон зикр мешуд, ки экстремизм ҳоло ба яке аз проблемаҳои муҳими олам табдил ёфта, тамоми кишварҳои ҷаҳон бо он мубориза мебаранд. Афзоиши ҳодисаҳои террористӣ қариб тамоми сокинони сайёраро нигарон намудааст. Имрӯз аксари давлатҳои дунё барои пешгирии экстремизм мубориза мебаранд. Дар Тоҷикистон низ ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва барои пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб корҳои зиёде сурат мегирад.
Бинобар ин гузаронидани маъракаҳои иттилоотӣ барои эмин нигоҳ доштани аҳли ҷомеа ба хусус ҷавонон аз хатарҳои экстремизм мусоидат мекунанд.
Воқеаҳои террористии солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ омада, нишон медиҳад, ки сатҳи ифротгароӣ дар мамлакат боло рафтааст ва ин анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавононро зарур мегардонад. Тибқи таҳқиқоти анҷомёфта, яке аз сабабҳои болоравии сатҳи ифротгароӣ дар солҳои охир коҳиши сатҳи таҳаммулгароӣ мебошад. Ба вижа дар солҳои охир фарҳанги таҳаммулгароӣ дар байни ҷавонон коҳиш ёфта, ифротгароӣ то андозае, ҷойгузини он шудааст. Сабаби асосии ин пайдо шудани гурӯҳҳои ифротие дар замони истиқлолият мебошанд, ки бо ақидаҳои ифротии худ таҳаммули андешаи дигаронро надоранд ва мехоҳанд ҳама монанди онҳо ақида дошта бошад. Бо ин вуҷуд, ки фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҷониби давлат мамнӯъ шудааст, онҳо бо роҳҳои гуногун талош мекунанд, ки ба таври ноаён аксаран ҷавонони ноогоҳро маѓзшӯӣ намуда, монанди худ ифротгаро созанд ва онҳоро дар оянда барои мақсадҳои нопоки худ истифода баранд. Дар чунин вазъият ҷавонони ноогоҳ аз хатарҳои экстремизм, нохоста ба ҷинояткор табдил меёбанд ва ҳаёти худро барбод медиҳанд. Зеро қонунгузорӣ барои экстремистон ва террористон ҷазоҳои сахти маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.

Дар аксияҳои иттилоотӣ ба ҷавонон ин хавфу хатарҳо аз ҷониби мутахассисон фаҳмонида шуд ва ба онҳо маълумотномаҳо дар бораи экстремизм ва хатарҳои он ва роҳҳои пешгирии он ироа гардид.
Ба андешаи коршиносон огоҳ намудани ҷавонон аз хатарҳои экстремизм ва дар баробари ин афзоиши сатҳи таҳаммулгароӣ дар ҷомеа барои пешгирии экстремизм аз он ҷиҳат ҳам боаҳамият аст, ки афзоиши сатҳи таҳаммулгароӣ сатҳи ифротгароиро коҳиш дода, барои тақвияти сулҳу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад.
А. Ҷӯра