Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шохи наботи Ҳофиз ё шарҳи ғалат

Шохи наботи Ҳофиз ё шарҳи ғалат

12-07-2021, 09:49
Хабарро хонданд: 496 нафар
Назарҳо: 0
Шохи наботи Ҳофиз ё шарҳи ғалат
Шохи наботи Ҳофизро ба хомаи Маҳмуд Ризои Барзгар хонда, ба андешае расидам, ки он ҳама лофу газоф ва кӯшишу кашиши аз асли гуфтаҳои Ҳофиз дур кардани хонандаву донанда аст.
Зери пардаи мазмуну маҳанд ва чому чами ирфониву имонӣ шарҳ додани гуфтаҳои Ҳофиз ва дигар бузургони мо софу бегазанд нишон додани рою риёи худ ва ба андешаҳои тундравӣ кашидани мардум аст.
Хоҷа Ҳофиз ҳарчи гуфтааст, бе парда гуфтааст. Бебокона ва дар роҳи Худо гуфтааст. Мардум бинобар пурмазмуну пурчам, ширину дуруст ва росту равониаш гуфтаҳои онҳоро бегумон мехонанд, аз бар мекунанд ва мепазиранд. Ҳатто мардуми порсу тоҷик девони Ҳофизро ба ҷои Қурон ба зери болини фарзандонашон мегузоштанд. Гурӯҳе риёкор ва бадандеш чун диданд, ки ба Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Сайидо ва бузургони дигар, ки озодандешу тозагуфторанд, ҳамтарозу шуда наметавонанд, рӯбоҳиро пеша карданд ва ба шарҳи ғалати гуфтаҳои онҳо ба суди хеш оғоз карданд.
Ин тӯдаи ревгару риёкор даст ба таҳриру таҳрифи гуфтаҳои Хайёму Ҳофиз ва бузургони дигар зада, бархе мардуми ноогоҳу бозориро гумроҳ карданд ва ба доми худ кашиданд. Бадбахтона ин шева имрӯз ҳам аз сӯи онон идома дорад ва Шохи наботи Ҳофиз низ яке аз он “шоҳкориҳои “ ин тӯдаи гумроҳ аст.
Онҳо бузургони хираду фарҳанги мо, ба вижа Хоҷа Ҳофизро ҳамроҳу ҳамандеши худ пазируфта, бо ин корашон мардумони одиро гӯл мезананд ва ба сӯи худ кашишу хамиш медиҳанд. Чун дигар роҳ натавонистанд ёбанд, зеро гуфтаҳои ғазалсароёну нависандагон ва донишварону хирадмандони тоҷик хеле баланду боло ва бочаму рӯшан аст. Чун, агар онҳо кӯшиши инкори гуфтаҳои бузургони моро мекарданд ва мекунанд, ба ягон дастоварде комёб шуда наметавонистанд ва намешаванд, ба ҷуз шармсор кардани хеш. Аз он ки нахуст Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Сайидо, Бедил ва бузургони дигар дар хилоли мардум бас шинохтаву писандида буданд ва мардум гуфтаҳои онҳоро хуш мепазируфтанд, нисбат ба гуфтаву туфтаи ду - се бекаллаи хомхаёл.
Гуфтаҳои бузургони мо дар зоти худ раднопазиранд. Вале бархе аз тундравони каҷназару камтавон аз ночори афсона мехонанд. Ба гуфтаи Ҳофизи Шерозӣ:
“Чун надиданд ҳақиқат раҳи афсона заданд.”.
Ман борҳо ба асли мазмуни гуфтаҳои Ҳофиз сухан кардам, вале инҳо надонанд ва донистан нахоҳанд, гуноҳи ман чист. Ба гуфтаи Ҳофиз: “Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан гӯ сару хишт.”.
Бигзор ҳамин гуфтаи Хоҷаи бузургвор бошад. Дар ҳоли дигар бо ин каҷназарон як умр дар танишу пархош будан мумкин аст. Зеро агар сад бурҳони раднопазир пешниҳод кунӣ ҳам, онҳо донистан намехоҳанд.
Ин тӯда гуфтаҳои бузургони моро дар бораи зоту зиндагии инсон, бавижа дар бораи маю маъшуқа ба Худо мепайванданд.
Ман надидам ва нашнидам, ки шоире имрӯзу дирӯз ва ҳатто муллову эшон, гузашта аз ин Пайғамбарону Покон маю маъшуқаро ба Худо нисбат дода бошанд. Чунин нест ва нахоҳад буд. Гузашта аз ин май дар дини ислом нопок аст ва чизи нопокро ба Худо вобаста кардан гуноҳ ва дур аз донишу фарҳанг аст.
Ҳар чизу чора бояд ба аслу насли худ корбаст шавад. Ҳарчанд гоҳи боястӣ мумкин ин вожаҳоро ба мазмун ё тарзи намодӣ корбаст кард. Чунончӣ, Мавлои Балх гуфтаанд:
Мо масти сабӯҳем зи майхонаи тавҳид.
Ҳоҷат ба маю бодаи хаммор надорем.
Ин ҷо низ майро на ба Худо, балки ба меҳру Худо ва фармудаҳои ӯ, ки дар “Авесто” ва дигар нигебҳои осмонӣ омадааст, дар андеша ва ройи инсонҳои роҳи хираду фарҳанг аст, нисбат додааст. Вале рӯшану бепарда гуфтааст ва бубинед, ки гирди он таниш барнамехезад. Ин ҷо на ба Худо, балки ба майхонаи (фармуд, меҳр) Худо ишора рафтааст. Гузашта аз ин дар замони бузургони мо кишвару мардум бо низоми шариат идора карда мешуд, на бо қонунҳои зиддиисломӣ ё зиддишариатӣ, чун дар замони Шӯравӣ. Агар ин маю майхонаву ишқу маъшуқа дар замони Шӯравӣ навишта мешуд, ба тарзи ин хомсарон тафсир кардан мумкин буд, зеро дар замони Шӯравӣ ин гофторҳо мумкин буд боис ба падафр шаванд. Вале ин андешаҳо ё чому чамҳо дар замони ислом навишта шудаанд ва аз ин рӯ барои пардапӯш навиштани онҳо ҳеҷ бойаст набуд ва нест. Онҳо метавонистанд ва ҳатто бояд ишора ба Худо менавиштанд, чун Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар боло ишора рафт. Ва ҳар кадоме навишт, чунин ҳам навишт ва касеву хасе ӯро падафру накӯҳиш накард.
Чунон ки Шайх Саъдӣ гуфтаанд:

Эй мусалмонон бубинед, ин чи даврон омадаст.
Даври бадбахтиву нодонӣ ба халқон омадаст.
Ё Хоҷаи бузур гуфтаанд:
Ин чи шӯрест дар ин даври қамар мебинам.
Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам.
Ё Ҳаким Носири Хусрав гуфтаанд:
Худоё рост гӯям фитна аз туст...

Бубинед, ки бузургони мо ҳатто бо Худо пархош кардаст, шояд кори хуб накардаст, вале ӯ бузург буд ва ҳоло ҳам бузург аст ва хатто бар бузургон гирифтан хатост.
Дигар ин, ки Шайх Саъдӣ ё Хоҷаи бузург замони қамар ё даврони ислому шариатро зери дарра ё тозиёнаи накӯҳиш гирифтаанд ва дуруст ҳам кардаанд. Зеро замони қамар яке аз замонҳои бадтарин дар зиндагонии мардуми порсу тоҷик буд ва хуб шуд, ки ба даврони Шӯравӣ иваз шуд, чун мо аз балои шиаву суннӣ, ҷаҳлу нодониву нодорӣ ва турктозиву ғуломӣ раҳидем, гурӯҳе аз мо озодӣ ба даст овардем. Беш аз сӣ миллион мардуми тоҷик имрӯз ҳам бадбахтиҳои замони қамарро ба тану ҷони худ, ба дину имони худ, ба дороиву шаҳру рустову деҳи худ, забони худ ва дигар сазоҳои инсониву шаҳрвандии худ ҳис мекунанд.
Бузургони мо метавонистанд ин андешаҳоро пардапӯшона нависанд, аз касеву хасе натарсиданд. Вале онҳо озодандеш ва бебок буданд. Дар баробари ин ситоши Худоро метавонистанд озодона ва бепарда изҳор кунанд ва карданд. Бойаст ба пардапӯш гуфтани онҳо набуд ва ҳоло ҳам нест.
Бештар танишҳо гирди байтҳои:
“Киштӣ, нишастагонем, эй боди шурта бархез,
Бошад, ки боз бинем, он ёру (дидори) ошноро...
Ҳофиз ба худ бипӯшид ин хирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.” рӯ мезананд.

Ин гуфтаро ба асли худ ва намоди ҳам метавон ба риштаи мазмун кашид. Асли он шояд он бошад, ки Ҳофиз ба киштӣ нишастаст ва мехоҳад ба диёри ошно равад. Аз боди шурта (мусоид) мехоҳад, ки бивазад то киштиро ба гардиш орад ва ӯ дидори ошнои худро бубинад. Ва дар мазмуни ирфонӣ ё намодӣ шояд аз умр хоҳиш кардаст (ё фарорасии рӯзи растохезро), ки тез сипарӣ шавад, то ӯ ба дидори Худо бирасад. Ва гуфтаанд, ки:
“Хоҳи шикаста хонӣ, хоҳӣ нишаста хонӣ,
Чун нест Хоҷа Ҳофиз маъзур дор моро.

Дуруст аст, асли ин гуфтаҳоро худи шоир медонад ва дареғ, ки ӯ нест, то аз ӯ асли маъниро пурсон кунем. Вале онро ба аслаш корбастан хуб аст. Дигар он, ки рахҳои сарвода ё радаҳои он ҳамдигарро пурра мекунанд, онҳо ба ҳам аз нигоҳи сохту мазмун сахт пайвастанд. Ҳамчунин вобаста ба хирқапӯшии Хоҷаи бузург, мехоҳам ёдрас шавам, ки рахҳо ба ҳам сахт пайвастанд. Аз ин рӯ агар Хоҷаи бузург хирқаи майолудро намепӯшиданд, (ё дар коре аз нигоҳи қонуни шариат ба хато роҳ намедодан) аз шайхи покдоман пӯзиш намехостанд. Ё гуфтаанд:
Майхораву саргаштаву риндему назарбоз,
Ҳар кас, ки чу мо нест дар ин шаҳр кадом аст.

Ин навиштаро низ бояд ба аслаш донист, зеро чунин буд, ҳаст ва хоҳад буд. Дар ин ҷо Хоҷаи бузург худро ринду майхора хонданд.
Кадом муллоро дидед ё шунидед, ки худро ринду майпараст хонад. Ҳаргиз не. Дар Умари Хайём ва дигар бузургон низ дар бештари ҳол ба сухан ба асли мазмун омадааст. Гуфтаҳои раднопазир бисёранд.
Вобаста ба шохи наботи Хоҷа Ҳофиз бо ин гуфтаву навиштаҳо басанда мекунам ва мехоҳам, ки гуфтаҳои бузургони моро ба аслаш донанду хонанд. Мардумро ба гумроҳӣ накашанд.
Ба ростӣ Худоро ҳам безор кардем. Ҳар коре сар мезанад, чи нек ва чи бад кори Худо мегӯем, ё ба Аҳраман мепайвандем. Ягон ҷоро сел занад, ин корӣ Худо. Ягон одам ба балое гирифтор шавад, ин кори Худо. Наход Худо чунин бераҳм бошад, ки бадбахтии бандагони худро хоҳад, ҳаргиз не. Камтар андеша даркор. Дар ягон чому чам дӯст нависем, ба Худо мепайванданд ё май нависем ба Худо мепайванданд, маъшуқа нависем ба Худо мепайванданд. Ба ҷои ҳарзаву лофу газоф як кори савоб кунед. Ин чи гап аст, ин чи бехирадӣ ва гӯливу гумроҳӣ аст.
Моҷаро дар асл аз мову ман аст,
Кори не Яздону не аҳриман аст. Меҳмон Бахтӣ
Йо ин ки:
Ошиқ, ки худ бадгумон аст,
Ҳар лаҳза асири сад гумон аст. Мавлои Балх
Андешаву гумонҳои худро дидаву дониста мехоҳанд ба дигарон, бавижа ба касони камсавод бор кунанд. Хоҷаи Бузург дар ҷои дигар гуфтаанд:
Ман тарки ишқи шоҳиду соғар намекунам...
Дар ин хати чома ишқи маъшуқа ва ҷоми шароб нигошта шудааст. Ҳеҷ гоҳ одами бохирад, бавижа Хоҷаи Бузург, ки хирадмандтарин одам буданд, Худову фармуди Худоро шоҳиду шароб ном намебаранд.
Магар мо наметавонем дар зиндагӣ дӯст дошта бошем, маъшуқа дошта бошем, май нӯшем. Хоҷаи бузург низ дӯстони бисёр доштанд, май менӯшиданд ва шояд маъшуқа доштанд. Охир он кас ҳам одами хокӣ буданд, ҳарчанд гуфтори малакутӣ доштанд. Бояд аз офаридаҳои Худо чун дигарон баҳраманд бошанд. Ҳатто бисёре аз ин хомкаллаҳо дар гуфтор бодаро нораво мехонанд, вале дар кирдор бо газаку мазакош онро хуб корбаст мекунанд.
Хоҷа Ҳофиз гуфтаанд:
Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванду кори дигар мекунанд.

Чун дар боло гуфта шуд, ин судҷӯён намехоҳанд ба худ боре нигаранд ва андешаи дигарро бишнаванд. Пок аст, нопок аст, рост аст, норост аст, ҳарчи ҳаст кӯшиш мекунанд ба кори худ истифода кунанд ва аз он суд баранд. Ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз, чун қуръон ин гуфтаҳои бузургони моро доми тазвир мекунанд. Ё ба гуфтаи Фирдавсии Тӯсӣ:
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Ки дирӯз буду имрӯз низ ҳаст.

Боз як рубоии Хайёми бузургро мехоҳам намуна биёрам, то гуфтору рафтор дар ин самт равшантар бошад:
Э соҳиби фатвӣ зи ту пуркортарем.
Бо ин ҳама мастӣ зи ту ҳушёртарем.
Ту хуни касон хӯриву мо хуни касон,
Инсоф бидеҳ кадом хунхортарем.

Ин рубоии Хайём ба ягон тафсиру шарҳ ниёз надорад. Бемағ он ки дар ин рубоӣ шарҳ хоҳад. Дар асл он муҳтасибон хунхоранд. Одамонро заҷр мекунанд, гузашта аз ин хуни инсонро мерезанд.Хуб Хайём ва монанд ба Хайём бузугони дигар хуни разонро мехӯранд, аз лаби духтари раз бӯса мегиранд ва дигару дигарҳо. Ё ба гуфтаи бархе бародарони забондон ва ғайраву ғайраҳо, биё, ки дили ин забондонон намонанад ва ҳоказо.
Вобаста ба ин боз як гуфтаи Хоҷаи бузургро ба ин пароса мебахшам ва бо ҳамин ба он фарҷом мебахшам, ки он ин аст:
Ё Раб он сӯфии худбин, ки ба ҷуз айб надид,
Дуди оҳеш ба оинаи идрок андоз.
Бошад, ки бошад.


Содиқи Кашрӯдӣ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: