Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СОДИҚИ КАШРУДӢ Спитамен

СОДИҚИ КАШРУДӢ Спитамен

8-11-2018, 09:00
Хабарро хонданд: 1027 нафар
Назарҳо: 0
	СОДИҚИ КАШРУДӢ  Спитамен

Спитамен яке аз чеҳраҳои намоёни мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар бораи ӯ ва корнамоиҳояш гуфторҳои мардумӣ, навиштаҳои бостоншиносону нависандагон ва сарводаву чакомаи шоирон бисёр аст.

Спитамени суғдӣ ҷанговари диловар ва бемонанд буд. Искандари Мақдунӣ (румӣ) чунин ҳарифро дар умри кӯтоҳи худ ва набардҳои бисёраш шояд надидааст. Аз Сипитамен ба Искандар шикастҳои сахт расидааст. Спитамен-қаҳрамони мардуми тоҷик аст ва аз дасти ноҷавонмардону хоинон, ба вижа хиёнати занаш бо кӯшиши Искандар ва ёронаш кушта шуд. Дареғ.

Ба наздикӣ асари тозаэҷоди нависандаи шинохта ва жарфандеш Ато Ҳамдам “Спитамен”-ро ки бо Леонид Чигрин ном нависандаи рус навишта шудааст, хондам.
Дар он дар бораи корнамоиҳои Спитамен ба таври густурда сухан гуфта шудааст. Вожаҳои бисёр пурчаму зебо чун “хори шутур ва оташу хокистари он” ва монанд ба инҳо корбаст шудаанд. Он барои таърих ва хонандагони порсу тоҷик хеле гаронарзиш аст. Нодир ҳам ҳаст. Асари таърихиву ҳунарӣ аст. Дар пояи баланд навишта шудааст. Кани ҳунарманде, ки аз ин асари барҷаста, чун филми Рустаму Суҳроб филме биофарад ва бегумон филми ҷаҳонӣ хоҳад буд (бо истифода аз “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ). То ин асар низ ҷаҳониву ҷовидонӣ бошад ва Спитамен низ чун Искандар дар ҷаҳон шинохтатар бошад, албатта бо кирдори ҷавонмардиву меҳанпарастиаш, на ба куштору сӯхтору ғоратгарӣ. Ин ҳама ба мо вобаста аст.

Дар баробари ин хуб мебуд, ки нависандагон ҳангоми навишти ин асар аз “Шоҳнома”-и бемарг ё ҷовидонаи Фирдавсии Тӯсӣ баҳра мекарданд. Зеро “Шоҳнома” сарчашмаи бисёр жарфу шигарф ва дурусту боварибахш аст. Ва баҳра аз “Шоҳнома” метавонист чеҳраи аслии Искандарро ба хонанда бикушояд ва арзиши асарро бештар кунад. Ҳарчанд меҳвари асар Спитамен аст.
Чуноне, ки дар “Шоҳнома” навишта, пас аз шикаст дар ҷанг қайсари Рум дар баробари бисёр туҳфа ва армуғонҳои гаронарзиш ба Дороб-Шоҳаншоҳи Ирон духтари зебоеро пешкаш мекунад. Гоҳи ҳамхобагӣ аз даҳони он духтар ба димоғи Дороб бӯи нохуш мерасад. Ҳарчанд пизишкон ӯро бо гиёҳе, ки аз доманакӯҳҳои Мақдун оварда буданд, дармон карданд, вале Шоҳаншоҳ аз ӯ дил бардошт ва дигар ӯро ба назди худ нагузошт. Пас аз гоҳе ӯро ба хонадонаш фиристод. Ҳангоми рафтан ба Рум ӯ аз Дороб бордор буд. Дар Мақдун ба ӯ қайсари Рум-Филип хонадор мешавад. Пас аз он писаре аз ӯ зода мешавад ва ӯро Искандар (Александр) ном мениҳанд, бо номи он гиёҳе, ки даҳони он бонуро дармон карда буданд (гиёҳи талх, ки гӯё сирпиёз бошад).
Гиёҳе, ки сӯзандаи ком буд,
Ба Рум андар Искандараш ном буд.
Бимолид бар коми он зан пизишк,
Биборид ҳаме аз ду чашмаш сиришк. (“Шоҳнома” – ҳуҷҷати асосии бостоншиносӣ, бурҳони раднопазир аст).
Ин бону бо номи Олимпиадаи ҳарис шинохта аст. Дар Ирон ӯро Ноҳид ном мебурданд ва Искандар писари Доробшоҳ аст. Филмҳое, ки мо дар бораи Искандар мебинем, ба вижа муносибати падараш бо ӯ аз ин гуфтаҳои Ҳаким Фирдавсӣ гувоҳӣ медиҳад. Дар даврони наврасӣ Искандар аз ин кор огоҳ шуд ва дар пайи кини Дороб ба хоки поки Ирон тохт кард. Дар ин ҳангом писари Дороб - Доро шоҳаншоҳи Ирон буд, аз Искандар шикаст хӯрд ва дар дасти наздикону ёварони худ (Бесс) кушта шуд. Аз марги Доро Искандар хеле ғамгин шуд, зеро ӯ медонист, ки Доро бародари ӯ буд. Ва он кушандагони бародарро Сикандар низ ба куштан дод. Дар рӯ ба рӯи ҳамроҳонаш нисбат ба мардуми мо меҳр доштану ба духтари суғдӣ-Рухшона хонадор шудани ӯ низ гувоҳи ҳамин аст. Бояд дар зодномаи Искандар ин ҳол навишта мешуд ва он барои боз ҳам арзишмандтар гаштани ин асар хидмат мекард. Ба ҳар ҳол Искандар боиси нобасомониҳо дар Ирону Суғду Бохтар ва дигар гӯшаҳои ҷаҳон гардид. Ишора ба бархе сарчашмаҳо Искандар бисёр вазирон, додситонон, доноён ва мӯбадонро дар сарзамини Ирон ба куштан додааст. Гӯё Дороро ӯ куштааст. “Авесто”-ву “Занд”-ро, ки бо хати зар дар пӯсти гов навишта, дар диже бо номи “Набишт” нигоҳ дошта мешуд, ба оташ кашидааст. Инчунин ба оташ кашидани тахти Ҷамшед яке аз ин бадкориҳои ӯ буд. Ва ба бадкору хунхор будани ӯ гумоне нест. Ҳамчунин вожаҳои бегонаи гӯшхарош чун мақтул, қабл, аҷсод, аз муҳоҷимин тахлия карданд (аз бегонагон тоза карданд, ҳеҷ не аз ҳуҷумкунандагон холӣ карданд) ва монанд ба инҳо дар асар корбаст шудаанд. Ҳол он ки вожаҳои тозаи тоҷикӣ ҳастанд. Дар асар вожаҳои “форси манфурро” (саҳни 155) истифода шудааст, ки арзиши асарро метавонад кам кунад. Дуруст мебуд агар “Бесси манфурро” навишта мешуд. Курдҳо ва эзадиҳо низ бародарони мо ҳастанд ва накукор ҳам ҳастанд. Чунин вожаҳои нокораро нисбати он мардумоне, ки ба мо аз андоза берун ситам карда, боис ба бадбахтии мо, ба вижа нопок шудани забон, аз даст рафтану шаҳру рустоҳо, гум шудани кешу оин ва дигар арзишҳои моддиву фарҳангии мо шудаанд, шояд кор бурдан раво бошад. Гузашта аз ин онҳо хӯи мо, симову пайкари моро дигар карданд, моро чорпора карданд. Мардуми порс ба ҳукумати имрӯзаи Ирон, ки дар дасти бегонагони тундраву бимафган аст, ягон нисбате надорад. Ва онон аз ин ҳукумат безоранд. Аслан бунёдгузору парчамбардори Ирон дар гузашта мардуми тоҷик буд. Порс асосан аз вожаи порсо (орӣ, покиза) гирифта шудааст ва дар хоки Ирони имрӯза бо ин ном як барзан низ ҳаст. Дар ҳама санадҳо вожаи Ирону тоҷик корбаст шудааст, на порсу тоҷик. (Араб дидаву турку тоҷику Рум (ин гуфтаҳои Шайхи бузургвор бурҳони он аст, ки тоҷик дар баробари мардумони дар ҳамон рӯзгор аз нигоҳи сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ неруманд, чун арабу турку фаранг шинохта будааст, варна Бузургвор ҳеҷ гоҳ тоҷикро ба ин мардумон баробар намекарданд. Зеро дар заминҳои беканор низ зиндагӣ мекарданд. Кишварҳои имрӯзаи Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Хуросон... макони зисти тоҷикон буду ҳаст ва сершумор низ буданд. Шаҳру рустоҳои обод доштанд. Гузашта аз ин барои ин маснади баланд мардум ё вожаи порсро истифода накарданд). Тоҷик лабшакар аст, рӯи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш... (тоҷикон на танҳо ширинсухан, балки зебо ҳам ҳастанд. Масалан, Э чеҳраи зебои ту, рашки бутони озарӣ,) Ишқ бар тоҷики (тоҷику) саргаштаи Ирон додаст, шояд Саъдии бузургвор худро дар назар доранд, лек гуфтори дарӣ ширинтар аст ва монанди инҳо. Албатта “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ ё ба порсӣ накӯ гардон” ва навиштаҳои монанд ба инҳо моро ба андеша водор мекунад. Вале ҳамаи бузургон ба забони тоҷикӣ эҷод кардаанд). Бе назардошти бародарони порсу курду балуҷ ва дигар порсизабонон имрӯз дар ҷаҳон беш аз панҷоҳ миллион, аз ин наздики чил миллион дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон тоҷик ҳаст. Чи хел ин мардум забони худро надорад. Чунин буданаш номумкин аст. Дар боло ба гуфтаҳои Саъдии бузургвор “Тоҷик лабшакар аст” ишора рафт. Бештар дарии тоҷикӣ ва ё порсии тоҷикӣ мегӯянд, на тоҷикии дарӣ ва ё тоҷикии порсӣ. (Бод ҷовид порсиву тоҷикиву ҳам дарӣ). Ба корҳои беҳуда овора нашуда, дар пайи пок сохтани забон бояд шуд. (“Забон ҳастии миллат аст” Эмомалӣ Раҳмон).
Мо забони худро пурра аз забони бегона наметавонем тоза кунем. Вале мо он вожаҳоро бояд корбаст кунем, ки дар забони мо нестанд ва беҳтарину хубтарини вожаҳои бегонаро бояд гирифт (Мо зи қуръон мағзро бардоштем). Вақте ки ман дегу коса дорам, чаро ба назди ҳамсоя рафта, аз ӯ дегу коса пурсам. Дигар ин ки аз корбасти (истифода) вожаҳои дағали бегонагон бояд даст кашид. Пайваста барои пок сохтани забон кор кард. Дар ин роҳ бояд Бунёд ва ё Ниҳоди кишвар оид ба забон ва иттиҳоди адибон ё Адибгирд пештоз бошанд. Дар ин роҳ ба вежа бо мардумони одӣ бо воситаи симову садо бештар кор кард.
Дар бисёр баромадҳо ва навиштаҳоям дар бораи Сипитамен, Деваштич, Темурмалик ва дигар ҷавонмардони мардуми тоҷик, ки сарҳои худро барои нигаҳбонии ному номус ва кӯю барзани тоҷик зери теғи тези барбариёну бадавиён ва кӯчиҳои ёбоӣ гузоштанд, ёдрас шудам ва хоҳам шуд. Бадбахтона касе аз онҳо ёд намекард ва ҳоло ҳам намекунад, ба ҷуз устод Айнӣ ва ду се шогирдонашон. Вале Пешвои бузурги миллат-Президенти гиромии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи ин абармардонро зинда карданд. Ба номи онҳо шаҳру рустоҳоро гузоштанд ва ба номи Спитамен ордени ҷасорат таъсис доданд. Мо умедворем, ки бо номи Деваштич низ чунин нишон ҳаст хоҳад шуд, зеро Деваштич чун Спитамен бар зидди он аҳриманону кофарон мардона набард кард. Дар пайкари нопоки онон бим афканд ва захми ҷонкоҳ зад. Ӯ қаҳрамони мардуми мо ҳаст.
Бадбахтона бисёриҳо ба вежа фарҳангиёни мо, аҳли дониш аз ноогоҳи номи душманони тоҷик, номи ононе, ки боис ба бадбахтии мардуми порсу тоҷик ва ҳатто дигар мардумони ҷаҳон шуданд, ба вижа Искандари хунхорро гирди забон мекунанд ва ба фарзандони худ номи онҳоро мегузоранд, ба онҳо сипосу офарин мехонанд, онҳоро ситоиш мекунанд. Шояд ин нишони нангу номус ва хештаншиносии “баланди мо” бошад. Дареғ. Ин хатои бузург аст. Ҳатто хиёнат аст. Шояд аз даҳшати онҳо огоҳ нестанд ё огоҳ будан намехоҳанд. Бойад ба фарзандони худ номи шермардони мардуми тоҷик-чун Спитамену Деваштич ва дигар қаҳрамонони худро гузорем. Ба фарзандони худ номҳои ҷуҳудӣ, чун Иброҳим, Ёқуб, Юсуф, Мӯсо, Довуд, Сулаймон, Исо ва монанд ба инҳо мегузорем, боке нест. Зеро мо аз онҳо озоре надидем ва номҳои хубу хуш низ ҳастанд. Мо ба ягон мардум кин надорем, танҳо аз фарҳанги бобоии худ, аз асли худ пуштибонӣ мекунем. Зеро бисёр унсурҳои фарҳанги мо, ба вежа номҳои тоҷикӣ ва вожаҳои тоҷикӣ гум шуда, ҷойгоҳи худро ба забону номи бегона додаст (бисёр филолог дорем, ҳатто номзад ва доктор, академик, забоншинос. Дар гуфтори онҳо барои пайдо кардани вожаи тоҷикӣ одам душворӣ мекашад, ба ҷуз пасванду пешвандҳо). Кор то ҷое расидаст, ки бегонагон бузургони моро бешармона аз худ мехонанд, ҳатто ононеро, ки дар кору осораш ба ҷуз сухани ширини тоҷикӣ як сухани бегона пайдо нест.
Мароканд (Самарқанд), Пайканд ва Бухоро офаридаи шоҳзода Сиёвуш аст. Дар диёри мо ба номи Искандари бадкор будани кӯл (гум, рӯдхона) хуб нест, беҳ аст, ки онро ба номи Спитамен гузорем.
Боис ба ёдоварист, ки худшиносии на танҳо мардуми одӣ, балки бисёре аз хомабадастони мо хеле паст аст. Дареғ. Нафароне, ки худро сарводахону нависанда ва донишвару пажӯҳишгар медонанду мехонанд, гуфтор ё забони хеле олуда доранд. Шармашон бод. Мардумони одӣ аз вожаҳои пазируфташудаи бегона, ба монанди фол, маҳфил, маҷлис, масҷид истифода мекунанд, (ҳарчанд ин ҳам раво нест) вале “доноёни мо” бошанд, чунин вожаҳоро таҳофул, тағофул, маҷолис, маҳофил, масоҷид, тафриқа, мутафарриқа, тасбит, аъмоқ, умқ, бо “донотараш” таъмиқ ва монанд ба инҳо ба забон мебаранд (чун гоҳи ҷавонии ман, ки бо истифода аз чунин вожаҳои подарҳаво барҳам дарҳам тӯтивор сухан мекардам ва гумон мебурдам, ки ман забондон ҳастам. Пасон донистам, ки аз забони модариам-тоҷикӣ хеле дурам). Аз он мардум чи мехоҳӣ (меҷӯӣ), ки муллояш асои кӯр медуздад. Шояд пешрафти бегонапарсатону хоинон ва гумроҳии бархе мардумони бедониш ва наврасону ҷавонони мо низ ҳам дар ҳамин бошад. Бисёре аз мо бегонапарастӣ мекунем ва аз мардумони бедонишу бозорӣ хештаншиносӣ ва тозагии забон мехоҳем (Ростӣ дар ҷӯи каҷ аз об меҷӯем мо. Соиб). Пешравиҳо дар роҳи худшиносӣ кори Ҳукумати кишвар, дурусттараш кори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Варна ба умеди ин “доноён”-у унвондорон ба гуфтаи Хоҷа Ҳофиз: “..... маъшуқа ба ..... дигарон хоҳад буд”. Шояд чунин ҳам бошад. Зеро чор тангае, ки бо ранҷу фиреб пайдо мекунем ба ҷои дармони тану ҷон, истироҳат ва беҳдошти рӯзгори худу фарзандон ба бегонагон медиҳем. Хубони ин ҷаҳон назар сӯи зар кунанд, Бар ошиқе, ки зар надорад кай назар кунанд. Дареғ. Пас аз беҷогардии бархе бонувон, дардмандиву нодорӣ ва дармондагиву нотавонии хеш шиква мекунем. Тан, ки дуруст нест, дар киса арз нест, пас кор ба ҳамин мекашад.

Пешвои бузургу гиромиамон дар сухангӯиҳо ва нибегу наску навиштаҳои худ пайваста аз тозагии забон ёдрас мешаванд. (Китобе низ навиштан бо номи “Забони миллат-ҳастии миллат”). Бархе аз ҳаммеҳанони мо ин дастурро пок сохтани забон аз забонҳои русиву фарангӣ медонанд. Ин андеша хатост. Зеро забони онҳо бо забони мо ҳамреша ва наздик аст. Луғати фарҳангӣ (“Вожанома” ё “Занди вожаҳои тоҷикӣ”) забони тоҷикӣ бознигарӣ карда шавад, зеро дар он вожаҳои тоҷикиро пайдо кардан душвор аст. Онро луғати фарҳанги забони тоҷикӣ гуфтан хатост ва забон намеравад, агар кас андак хуни тоҷикӣ дошта бошад. Вожаҳои бегонаро ба мо боз ба ҳамон забони бегона, ҳатто чандин забони бегона баргардон кардааст. Бархе вожаҳои тоҷикиро арабӣ шинохт кардааст. Дар фарҳанг бояд тоза вожаҳои тоҷикӣ бошад ва аз забони бегона ҳамон вожаҳоро гирифтан даркор, ки ба забони мо нест. Масалан, вожаи “баъд”-ро ба луғат ҷо набояд кард, зеро вожаи зебои тоҷикии “пас, пасон, вопас, вопасин...” ҳаст. Гузашта аз ин вожаҳои содаи бегонаро бояд гирифт. Қоидаи имлои (навишти) забони тоҷикӣ низ дар ҳамин ҳол аст. Мо дигар ба ягон мардум ғулом нестем, мо мардуми озодем.
Мо каман то андозае забонро тоза кунем, ки дар гуфтору навишт корбасти он аз вожаҳои бегона бештар бошад. Забоне, ки беш аз шаст дар сади онро вожаҳои бегона ва навад дар сади номҳои мардумонашро номҳои бегона фарогир аст, он забон озодии худро зери нестӣ мегузорад. Ё кишваре, ки беш аз нисфи бошандагонаш бегона аст, чи гуна метавонад кишварашро ба номи мардумаш ном барад. Ҳатто ҳастии як мардуми озодро зери гумон мебарад. Мо гулзореро, ки дар он ҷо аз гул дида хор бештар аст, наметавонем гулзор ном барем. Ё метавонем, ин хорҳоро ҳамчун гул пазируфта бошем. Ҳаргиз на. Хубтар он хорҳоро барканд. Чомахонону нависандагон ва дигар хомабадастону рӯшанандешон дар ин бора бояд кор кунанд. Мо дар ин кор дер кардем ва агар кӯшиш накунем боз ҳам дертар мешавад. Ояндагон моро намебахшанд. Ин кор дар замони Шӯравӣ бояд оғоз мешуд, зеро он замон барои ин кор созгор буд. Ҳарчанд бо роҳбарии устод Айнӣ хеле корҳои бузург дар ин роҳ ба анҷом расид. Ҳоло ҳам гоҳи хуб аст. Шебу фароз низ дорад. Пешвои бузургамон моро дар ин роҳ дастгирӣ мекунанд. Бадбахтона забони порсӣ - тоҷикӣ берун аз кишвар низ дар чунин ҳол аст, ҳатто бадтар аст. Соли 2010 ба Ирон рафтам. Пасон як бори дигар ҳам рафтам. Аз ҳавопаймо фаромада ҳангоми ба парвозгоҳ даромаданам чашмам ба вожаи “вуруд” ва ҳангоми баромад аз он ба вожаи “хуруҷ” (бо хати порсии арабиасос) афтод. Магар мумкин нест, ки “даромадгоҳ ва баромадгоҳ” ё “гузаргоҳ” нависанд. Ман ин ва дигар паросаҳои забонро дар нигориши худ бо номи “Суханҳо ба кирдори бозӣ бувад” соли 2011 (Рӯзномаи “Минбари халқ”) навишта будам. Ё дар Афғонистон барномаи телевизон бо номи “Тулӯъ” рӯи кор аст. Бас гушхарош аст. Магар мумкин нест, ки “Фурӯғ”, “Падида” ё ба ин монанд номи зебои тоҷикӣ гузоранд. Дар мо низ бо номи “Субҳ” ҳаст. Оё мумкин нест, ки “Бомдод”, “Сапеда”, “Саҳар”(ҳарчанд саҳарро низ ба арабӣ нисбат медиҳанд) ба ин монанд номҳои хубу хушу зебои тоҷикӣ гузорем. Дареғ. Як вожаномае бояд кор кард, ки он дастури тоҷикони Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Ирон ва тоҷикони ҷаҳон бошад. Дар забони расмӣ барои баёни як чам вожаи якгун ё якранг ва ё якном истифода шавад. Хушбахтона забони расмии Тоҷикистон забони адабӣ, шево ва гӯёву хуб аст. Забони тоҷикони кишвари Ӯзбекистон низ хуб аст. Бадбахтона забони расмии тоҷикони Афғонистон ва Ирон (дар радио, телевизион, синамо...) лаҳҷавӣ ва бозорӣ аст. Онон бояд забони расмиро аз мо омӯзанд ва дар рӯзгори худ корбаст кунанд. Ягон ҷои шарм нест. Зеро Тоҷикистон меҳвар, марказ ва ё мадори ҷаҳони порсу тоҷик аст. Зиндакунанда ва ҳимоякунандаи фарҳангу ёдгориҳои ин мардум аст. Чун бархе бародарони мо бегонапарастӣ намекунанд. Аз нажоди куҳанбунёдаш сарфароз аст.

Бархе донишварон беҳдошти забонро дар баргаштан ба хати бобоӣ медонанд. Вале ин худфиребист ва ин кор самаре нахоҳад дод. Ҳарчанд ба ҷорӣ шудани ин хат ман зид нестам. Ман дар боло ишора кардам дар Ирон забон чи ҳол дорад ва дар Афғонистон низ. Дар ин кишварҳои бародар бо хати бобоӣ кор мекунанд. Дар Тоҷикистон нисбат ба ин кишварҳо ҳоли забон хеле хуб аст, ҳарчанд хат сриллик аст. “Баъд”, “манъ”, “қаллоб”, “қишлоқ”, “қобил”, “қабул” ва ба инҳо монанд вожаву вокҳои бегонаро ба хати сриллик, лотинӣ, ингилисӣ, немисӣ ва ё бобоӣ нависем ҳам, ба ҳамин сохту ба ҳамин чам менависем. Он тоҷикӣ намешавад. Онҳоро “пасон, пас аз ин”, “фиребгар, ревгар”, “деҳа” ва ё бошад ба дигар сохти тоҷикӣ навишт. Агар хоҳем, ки забони мо тоза шавад, теша ба решаи бадбахтии он бояд зад. Албатта давра ба давра. Даври нахуст аз хати тоҷикӣ ҳарфҳои “ъ” ва “қ”-ро бояд берун кард (Саъдӣ, Масъуд, Лоиқ, Содиқ..., проблем ҳаст, вале ҳалшаванда). Рӯзи “Ҷумъа” не, рӯзи “Одина” бояд гуфт. Абӯалӣ ибни Сино не, Бӯалӣ Сино ё Абӯалӣ Сино гуфт ва навишт, зеро ӯ тоҷик буд ва ҳаст. Тоҷикро ҳеҷ гоҳ бо “ибн” ном намегузоранд ва ном намебаранд. Мо худ ба дасти худ тоҷик будани ӯро зери гумон мегузорем. Дар гуфтору навишти расмӣ онҳоро набояд корбаст кард. Кор сахт рӯ ба беҳбудӣ хоҳад кард. Агар тавонем солшумории хуршедиро роҳандозӣ кунем ва онро ба ҷойгоҳи куҳанаш нишонем, хеле хуб мебуд ва Наврӯз бештар гоҳи ҷаҳонӣ мегирифт. Чунин андешаҳо бисёранд. Вале ҳамбастӣ даркор аст. (Саъдӣ ба лаби дарё дурдона чи мекобӣ, Бар коми наҳангон рав, гар металаби коме). Ҳарфҳои я, ю, ё, ӣ низ дар забони мо чандон даркор нест. Агар коре кардан мехоҳед бунёдӣ бикунед. Дар ин роҳ як Барномаи давлатӣ ё гурӯҳи корӣ даркор аст. Ба танҳоӣ ё парокандагӣ мо наметавонем ба кушоиши бузурге комёб шавем. Моро ҳамбастагӣ мебояд. (Тоҷик ва ё порс ва ё аҳли дарием, Дар ҳастиву ҳамбастагии якдигарием).

Вобаста ба нимпайкараи Спитамен бояд гуфт, ки шояд чунин ҳолатҳо ҷой дошта бошад. Ба ҷуз аз дороиҳои молӣ (бозёфтҳои Амударё) бисёр дороиҳои маҳанди таърихиву фарҳангии мо аз сӯи бегонагон ба берун бурда шудааст. Бояд дар роҳи пайдо кардану баҳравар шудан аз онҳо бо кишварҳои беруна ҳамкорӣ кард. Чанде пеш номаи Умар ба Яздгурд ва посухи Яздгурд ба Умар аз китобхонаи Ингилистон ба забони паҳлавӣ пайдо карда шуд, ки он бо андаке дигаргунии гуфтор чунин аст:

«Номаи Умар ба Яздгурди се ва Посухи Яздгурд ба ӯ»

Аз Умар ибни Хаттоб Халифаи
муслимин ба Шоҳаншоҳи Порс Яздгурди се

Ман ояндаи рӯшане барои ту ва мардуми ту намебинам, магар ин ки пешниҳоди маро бипазирӣ ва ба ман паймон бикунӣ. Ту дар гузашта ба нисфи ҷаҳон фармонраво будӣ. Акнун, ки сипоҳи ту дар нахустхати набард шикаст хӯрд ва мардуми ту дар ҳоли фурӯпошист, ман ба ту роҳеро пешниҳод мекунам то ҷонатро раҳо кунӣ. Оғоз кун ба яктопарастӣ, ба парастиши Худои якто, ки ҳама чизро ӯ офаридаст. Мо ба ту ва дигарон паёми ӯро овардем, ӯ ки Худои ростин аст. Аз парастиши оташ даст бардор ва ба мардуми худ фармон бидеҳ, то онон низ аз парастиши оташ, ки хатост даст бардоранд. Ба мо бипайванд, Худои бузургро парастиш кун, ки Худои ростин ва офарандаи ҷаҳон аст. Худоро парастиш кун ва исломро ба унвони роҳи растгорӣ бипазир, ба роҳи хатои худ поён бидеҳ ва ислом бийовар. Ва Худои бузургро ситораи худ бидон ва инро барои худ бипазир ва сулҳро барои порсиён ба даст ор.
Агар беҳтарин пазираро мехоҳӣ барои аҷамиён, номе, ки арабҳо ба порсиён додаанд, ба он чам, ки «кавдан ва лол» анҷом диҳӣ, ба ман паймон бикун. Худо бузург аст. Халифаи муслимин Умар ибни Хаттоб.

Аз Шоҳи шоҳон, Шоҳи порс, шоҳи сарзаминҳои пуршумор, шоҳи ориёиҳо ва ғайриориёиҳо, шоҳи порсиён ва нажодҳои дигар, аз он шумора арабҳо

Шоҳи фармонравои Порс - Яздгурди сеи Сосонӣ ба Умар ибни Хаттоб Халифаи тозиён номе, ки порсҳо ба арабҳо додаанд, ба он чам, ки саги тозӣ, шикорӣ.
Ту дар номаат навиштаи, ки мехоҳӣ моро ба роҳи рост ҳидоят кунӣ, ба роҳи Оллоҳи ростинат, Аллоҳи Акбар. Бидуни он, ки ҳеҷ гуна огоҳӣ дошта бошӣ, ки мо кӣ ҳастем ва чиро мепарастем. Ин бисёр шигифтангез аст, ки ту номи фармонравои арабҳоро аз худ кардаӣ. Огоҳӣ ва дониши ту нисбат ба кори ҷаҳон ба ҳамон андозаи арабҳои пасту ҳарзагӯ ва саргардон дар биёбонҳои Арабистон ва инсонҳои пасмондаи биёбонгард аст.

Ту ба ман пешниҳод мекунӣ, ки Худованди якторо парастам, дар ҳоле, ки ту намедонӣ ҳазорон сол аст, ки ирониён Худои якторо мепарастанд ва панҷ бор ба даргоҳи ӯ намоз мегузоранд. Ҳазорон сол аст, ки дар Ирон сарзамини фарҳангу ҳунар, ин равияи зиндагии рӯзмарраи мост. Замоне, ки мо доштем, меҳрубонӣ ва кирдори некро дар ҷаҳон мепарваронидем ва парчами пиндори нек, гуфтори нек, рафтори некро дар дастҳоямон боло мекардем, ту ва падарони ту сусмор мехӯрдед, духтаронатонро зиндабагӯр мекардед. Шумо тозиён, ки дам аз Худо мезанед, ба офаридаҳои Худо ҳеҷ арзише намегузоред. Шумо фарзандони Худоро гардан мезанед, ҷангиёни бандиро мекушед, занонро таҷовуз мекунед, духтарони худро зинда ба гӯр мекунед, ба корвонҳо шабехун мезанед, даста-даста мардумро мекушед, занони мардумро медуздед ва дороии онҳоро аз худ мекунед. Дилҳои Шумо аз санг аст, мо ҳамаи ин кирдори аҳрамание, ки Шумо анҷом медиҳед, маҳкум мекунем. Ҳол бо ин ҳама корҳои зишт, ки анҷом медиҳед, чи гуна мехоҳед ба мо дарси худошиносӣ бидиҳед.

Ту ба ман мегӯӣ, ки аз парастиши оташ даст бардорам. Мо Ирониён, меҳр ба Офаридгор ва неруи офарандагии ӯро дар нури Хуршед ва оташ мебинем. Гармии Хуршед ва оташ моро тавон мебахшад, ки партави ростиро бубинем ва дилҳоямон барои наздики ба Офаридгор гарм шавад. Ин ба мо кумак мекунад, то ба ҳамдигар меҳрубонтар бошем ва ин партави Аҳуроиро дар дилҳоямон рӯшан созем. Худои мо Аҳурмаздост ва бисёр шигифтангез аст, ки шумо тозӣ ӯро кашф кардед ва ба ӯ «Оллоҳ» ном гузоштед. Аммо мо бо шумо баробар нестем. Мо ба ҳама кумак мекунем. Мо дар андаруни одамон меҳрро паҳн мекунем. Мо пиндори некро дар андаруни инсонҳо паҳн мекунем. Мо ҳазорон сол аст, ки фарҳанги пешрафтаи худро бо арҷгузорӣ ба фарҳангҳои дигар дар рӯи замин мегустаронем. Дар ҳоле, ки Шумо ба номи Оллоҳ ба заминҳои дигар тохт мекунед, мардумро даста-даста мекушед. Оё Аллоҳ ба Шумо дастур додааст, кушед, ғорат кунед ва берун кунед. Ё ин ки пайравони Аллоҳ аз номи ӯ ин корҳоро анҷом медиҳанд ва ё ҳар ду. Шумо мехоҳед меҳр ба Худоро бо лашкаркашӣ ва зури шамшерҳотон ба мардум ёд бидиҳед. Шумо биёбонгардҳои ёбоӣ мехоҳед ба мардуми бофарҳанг монанди мо, дарси худошиносӣ бидиҳед. Мо фарҳанги ҳазоронсола дар пушти сари худ дорем. Ту ба ҷуз лашкаркашӣ, даррандагӣ, куштору ғорат чи чизеро ба артиши арабҳо ёд додӣ. Чи донишу кореро ба мусалмонон ёд додаӣ, ки ҳоло мехоҳӣ ба номусалмонон ёд бидиҳӣ. Чи донишу фарҳангеро аз Аллоҳат омӯхтӣ, ки имрӯз мехоҳӣ ба зӯр ба дигарон биомӯзӣ. Дареғ, ки артиши порсиёни мо аз артиши шумо шикаст хурд. Ва ҳоло мардуми мо ночор аст ҳамон Худои худашро бо номи Аллоҳ парастиш кунад ва ҳамон панҷ вақт намозро бихонад, вале ин бор бо зӯри шамшер арабӣ намоз бихонад. Гӯё Аллоҳи шумо танҳо арабӣ медонад.

Ман пешниҳод мекунам, ки ту ва ҳамдастонат ба ҳамон биёбонҳое, ки зиндагӣ мекардед, баргардед. Онҳоро баргардон, ба ҳамон ҷойҳое, ки мезистед ва он ҷо дурахши Офтоб аз гармо бисӯзад. Ба ҳамон зиндагии тудавӣ, ба ҳамон сусморхӯрданҳо ва шири шутурхӯрданҳо. Ман туро наҳ намезанам, аз он ки ин тӯдаҳои дуздро бо номи артиши тозиён дар сарзамини ободи мо раҳо кардӣ, дар шаҳрҳои фарҳангии мо, ба андаруни мардуми покизаи мо. Вале ин чорпоёни сангдилро озод магузор, то мардуми моро бикушанд, занону фарзандони моро бирабоянд ва ба занони мо дасти зӯрӣ дароз бикунанд. Духтаронамонро ба канизи ба Макка бибаранд. Магузор ин корҳои бадро аз номи Худо анҷом диҳанд. Ба ин корҳои зишт поён бидеҳ. Ориё иҳо бахшанда, хунгарм ва меҳмоннавозанд. Инсонҳои пок ба ҳар куҷое бираванд тухми дӯстӣ, меҳр, огоҳӣ ва ростиро хоҳанд кошт. Бинобар ин онҳо ту ва мардумони туро барои ин кирдорҳои бадат падафр нахоҳанд кард.
Ман аз ту мехоҳам, ки бо Аллоҳу акбарат ба ҳамон биёбонҳои Арабистон бимонӣ, ба он регзорҳои тафсон бимонӣ, ба шаҳрҳои ободу бофарҳанги мо наздик нашавӣ, ба хотири андешаҳои бимнокат ва ба хотири хӯи ёбоигариат.
Яздгурди севвуми Сосонӣ, Шоҳаншоҳи Иронзамин. Поянда бод Ирон ва Иронӣ».

Ёдрас бояд шуд, ки ҳангоми баргардон кардани ин асар - романи “Спитамен” ба забонҳои бегона бо корбурд аз “Шоҳнома” метавон зиндагиномаи Искандарро пурра кард.
Кӯшидам, ин нигоришро то андозае бе корбасти вожаҳои бегона ба забони тоҷикӣ нависам.
Поянда бод Тоҷику Тоҷикистон.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: