Содиқи Кашрудӣ Ҳаме дод хоҳанд гетӣ ба бод17-08-2017, 16:00
Хабарро хонданд: 469 нафар
Назарҳо: 0
Худои бузург гетиро бо тамоми нозукиҳо офаридааст, то ин ки инсонҳо дар он озодона дур аз ғаму андӯҳ ва хушунату дилтангӣ умр ба сар баранд, зиндагӣ бикунанд. Воқеан ҳам гетӣ бо ҳама шириниву талхӣ, шодиву андӯҳ, пастиву баландӣ, сардиву гармӣ, каму беши худ ва дигар паҳнову паҳлуҳояш хубу хушу зебо, пазируфтанӣ ва шоистаи ситоиш аст. Ва арзанда барои зиндагист. Инсонҳо бояд ба ягонагии Худои бузург бовар дошта бошанд, рисолати инсонии худро ба ҷо оранд, барои худ ва дигарон корҳои судманд кунанд, бихӯранду бинӯшанд, бипӯшанд ва бахшоиш кунанд, роҳатрасон бошанд, зиён накунанд. Созандаву бунйодкор бошанд ва гетиро обод кунанд, на ба бод диҳанд. Барои ин ҳама обу хок ва боду оташ, ки боис ба ҳастии ҷаҳон ва рӯзгори рангину ширин аст, аз Худои бузург сипосгузор бошанд. Вале аз он баёну айоне, ки мо дар даст дорем, на ҳама одамон ин расолати инсонии худро ба ҷо меоранд, гузашта аз ин баъзе қавму қабоил, миллату мардумон, ҳатто шахсони алоҳидаи неруманд пайравӣ аз Аҳраман мекунанд. Марзу буми дигаронро зӯран мегиранд ва ройу равиши худро ба дӯши дигарон бор мекунанд, ба куштору ғорат ва мардумозорӣ даст мезананд, бо ҳар роҳу восита дар байни як мардум тухми кину нифоқ мекоранд. Говону харони борбардор, Беҳ з-одамийони мардумозор. Саъдӣ Бо ин рафтори ноинсонии худ гардиши чархи гардандаро дигар мекунанд, ки боис ба нобасомонию харобиҳо мегардад, монанд ба он селе, ки ҳар чи дар роҳаш аст, ба нобудӣ мебарад. Чунин ҳолатҳоро таърих ниҳоят бисёр йод дорад. Таърих ин ҷаҳонкитоб аст, ки дар он ҳама кору кирдор аз баду нек навишта шудааст ё оинаест, ки ҳама рӯйдодҳоро ба асли худ нишон медиҳад, ҳарчанд баъзеҳо мехоҳанд симои каҷи онҳоро рост нишон диҳад. Имрӯза бедодиҳои Давлати ба ном исломӣ давоми шева ва ё набардҳои даҳшатбори садаи ҳафту ҳашт аст. Яке аз чунин кирдор ва ё даҳшату ваҳшате, ки пеш омад, дурусттараш пеш оварданд, ин тохти араб ба хоки поки порсу тоҷик буд, ки боис ба пайомадҳои даҳшатбор, аз ҷумлаи тохту този муғул ва дигарон ба кишвари порсу тоҷик шуд ва равиши ҷаҳонро низ дигар кард. Гузашта аз ин дунёи моро хароб кард. Чи тавре, ки шоир Баҳор гуфтааст: Аслиҳа аз Порс араб кард дур, Омада Чингиз бикушташ ба зур. Ҳарчанд, ки даҳшати араб нисбат ба мардуми порсу тоҷик берун аз андозаи хираду тавони инсонӣ буд, вале ваҳшати муғул аз он бадтар буд. Гарчи араб буд ба ваҳшат чу саг, Пеши муғул буд араб, чун малак. (Ин байт низ эҳтимолан моли Баҳор аст. муаллиф) Ба соли 636 Саъди Ваққос бо супориши халифаи тозиён ба хоки поки порсу тоҷик тохт кард. Чи тавре, ки Ҳаким Фирдавсӣ гуфтаанд: Чу бишнид Саъд-он фурумоя мард. Пазира шудаш бо сипоҳе чу гард. Ҷанг дар Қодсӣ, назди Арвандрӯд (Даҷла) се рӯз давом кард. Сипоҳи порсро Рустами Фаррухзод (Хуросонӣ) - марди донишвару ҳушманд ва ситорашинос, пилтану неруманд сарвар буд. Бидонист Рустам шумори сипеҳр, Ситорашумар буду бо доду меҳр. Ҳаким Фирдавсӣ Ӯ шикасти сипоҳи порсро пешгӯӣ кард ва дар ин бора ба бародари худ нома кард. Биёвард суллобу ахтар гирифт. Зи рӯзи бало даст бар сар гирифт. Ба Ирон шикаст ояд аз тозиён, Ситора нагардад магар бар зиён. Ҳаким Фирдавсӣ Ҳамчунин гуфта: Сухан ҳарчи гуфтам ба модар бигӯй, Набинад ҳамоно маро низ рӯй. Ки ин Қодсӣ гӯргоҳи ман аст, Кафан ҷавшану хун кулоҳи ман аст. Ҳамчунин аз бародар ҷиҳати ҳимоят аз Яздгирди ҷавон – Шоҳи Сосониён ба бародар дастур додааст. Ту пирӯз бошу ҷаҳондор бош, Зи баҳри тани шаҳ батимор бош. Зи Сосониён он якест ёдгор, Ки мар ӯро бояд будан ғамгусор. Дигар менависад: Чу бар тахт минбар баробар шавад, Ҳама ном Бӯбакру Уммар шавад. Бипӯшанд аз эшон гурӯҳе сиёҳ…(Дар нигориши ман дар ин бора пурра гуфта шудааст. Рӯзномаи Минбари халқ, 11октябр, соли 2012, №41(864). Ба гуфтаи Рустам пас аз чирагии тозиён мардум ҳамчунин нопаймон мегарданд, писар бо падар, духтар бо модар дар ғирев мешавад, бародар бародарро мефиребад, ҷойи ростиро кажживу костӣ мегирад ва чунину чунон хоҳад буд. Ва чунин ҳам шуд. Ба гетӣ касеро намонад вафо, Равону забонҳо шавад пурҷафо. Зи паймон бигарданду аз ростӣ, Гиромӣ шавад кажживу костӣ. Бадандеш гардад писар бар падар, Падар ҳамчунин бар писар чорагар… Ҳамчунин гуфта: Диндорон ба хотири суди хеш ҳар гуна ривоят пеш меоранд ва мардумро мебифребанд. Зиёни касон аз пайи суди хеш, Биҷӯянду дин андароранд пеш. Ки дирӯз буду имрӯз низ ҳаст. Гар ҳама Исост дар фикри хару бори худ аст (Соиб). Ё ба гуфтаи хоҷа Ҳофиз Қуръонро доми тазвир мекунанд. Кӯшиши Рустами Фаррухзод бо роҳи осоишта ҳал кардани ин пароса ё ситези араб тавассути нома ба Саъди Ваққос самар надод. Дар посух: Зи ҷинӣ сухан гуфту аз одамӣ, Зи гуфтори пайғамбари ҳошамӣ. Зи тавҳиду Қуръону ваъду ваъид, Зи тобиду аз расмҳои ҷадид. Зи қатрону оташ ва аз замҳарир, Зи Фирдавсу ҷӯйи маю ҷӯйи шир. Зи кофури маншуру моъи маъин, Дарахти биҳишту маю ангубин…. Ва пазироии ислом ё ҷангро пешниҳод кард. Дар посух Рустам гуфт: Бигӯйаш, ки дар ҷанг мурдан ба ном, Беҳ аз зинда душман ба ӯ шодком. Чи тавре, ки дар боло ёдрас шуд, пас аз он гуфтугӯи бесамар ҷанги порсу тозӣ (мусулмонон - тозиву ҳабаш, зангӣ ва дигарон…) дар назди Арвандрӯд сар шуд ва бо зарбае Рустам Саъдро аз асп ба зер овард. Рустам аз асп фаромада дар он гарду ғубор (ҳамон рӯз шамоли сахт вазида, боиси чангу ғубор шудаст) пӯёи Саъд мешавад. Вале Саъд ноҷавонмардона аз пушт ба тарки сари Рустам мезанад. Рустам ба замин меафтад ва марги Рустам ба шикасти порсиён боис мегардад. Чу дидори Рустам зи хун тира гашт, Ҷаҳонҷӯи тозӣ ба ӯ чира гашт. Дигар теғ зад бар сару гарданаш, Ба хок андар афканд ҷангӣ танаш. Ба дасти яке Саъди Ваққос ном, На буму на зоду на дониш, на ком. Бишуд кушта Рустам ба майдони ҷанг, Зи тимор бар мо ҷаҳон гашт танг. Яздгирди ҷавон (дар вақти ба тахт нишастан ҳамагӣ 22 сол дошт, ки ба ҷанги Қодисия рост омад) барои гирд овардани лашкар дар набард бо тозиён ба сӯи Марв меравад ва ҳамчунин гуфтааст: Чу Рустам саворе ба гетӣ набуд. На гӯши хирадманд ҳаргиз шунуд. Ба дасти яке зоғсар кушта шуд, Ба мо бар чунин рӯз баргашта шуд. Ки Яздон варо ҷойи некон диҳад, Сияҳзоғро дарди пайкон диҳад…. Вале бо хиёнати Моҳии Сурӣ - остондори Марв бо супориши Бежан аз Бухоро сипоҳи гарон бо роҳбарии Барсом ба Марв омада, ба Яздигурд мешӯрад. Шаҳаншоҳ дар ҷанг мардӣ намуд, Далериву тундиву гурдӣ намуд… Ҳарчанд Яздигурд бо сипоҳи андаке дар ҷанг бисёр гурдиву мардӣ мекунад, вале ночор аз Барсом гурехта дар Оссо паноҳ мебарад ва дар он ҷо бо дастури Моҳу аз тарафи хусрави Осиёбон кушта мешавад. Тоҷу нигин, пӯшоки шоҳӣ ва зарринкафши ӯро гирифта, танашро ба рӯди Зарқ мепартояд. Одамони нек аз гирдоби Зарқ тани ӯро гирифта, дар яке аз боғҳои он бум ба хок месупоранд. Ҳарчанд хирадмандону мубадон Моҳуро аз куштани Шоҳ Яздигурд бозмедоранд, вале гуфтори онон ба ӯ кор намекунад. Дар он ҳангом Зоруй ном мӯбад ба Моҳу гуфтааст: Чунон дон, ки шоҳиву пайғамбарӣ, Ду гавҳар бувад дар як ангуштарӣ… Ту гар бандаи хуни шоҳон марез, Шавӣ рӯсияҳ то дами растахез. Зи хуни шаҳон шарм дорад наҳанг, Агар кушта бинад, надаррад паланг. Касе кӯ барад бар хуни шоҳ даст, Бидонад, ки кинхоҳи шаҳ Эзад аст… Воқеан ҳам чунин аст ва таърих ба ин гувоҳ аст. Пас аз он, ин худовандкуш ва се писарашро Бежан бо сахттарин ранҷ кушта, танашро ба оташ афканд. Ҳамон ҷо баланд оташе барфурӯхт, Падар бо писар ҳар се бо ҳам бисӯхт. Аз он тухма кас дар замона намонд, В-агар монд, ҳар кас ки дидаш биронд. Саъди Ваққос низ девона шуд ва фарҷом худро бикушт. Бежан низ ба чунин руз аз ҷаҳон гузашт. Кушандагони Доро ва бисёр дигар ҳолатҳои ба ин монанд ба гуфтаҳои Ҳаким Фирдавсӣ далел буда метавонад. Тозийон Тайсафун ва дигар шаҳру рустои Иронро хароб карданд ва мардумро ғорат намуданд. Миллионҳо одамони бегуноҳро куштанд ва хуни ун бегуноҳон ба гардани ун аҳрамонон аст. Ҳангоми ғорати Кохи Кисро (нахустин Кохи сапед дар ҷаҳон) Парчами Ковийонро, ки аз ду рӯ дурру гавҳар ва сангҳои гаронбаҳо дошт, он дурру гавҳар ва сангҳои гаронбаҳоро гирифта, худи парчамро сузонданд. Инчунин пойандоз ва ё қолини бисйор гаронбаҳои айвони Кохи сапедро, ки андозааш 60х60 газ буд, ба ғорат бурда, саркардагони ин тӯда, ки мусулмонон бо номи онҳо мефахранд, онро пор-пора карда байни худ ҳис карданд. Дареғ. Магар ин диндорист. Танҳо йобоӣ метавонад ба ин кор даст занад. Инҳо ба чунин шева мардумро ба роҳи рост ва ба сӯи Худо мебаранд. Паноҳ ба Худо аз чунин роҳу чунин инсонҳо. Воқеан ҳам бегонагон тоҷу тахт ва бахту парчами мардуми порсу тоҷикро рабуданд. Вале тоҷик каме ҳам бошад аз нав соҳибтоҷ ва соҳибтахту соҳиббахт шуд. Парчами худро баланду боло устувор кард. Пас аз забти шаҳру рустои Ирон ин дошийон шаҳри Марвро, ки бисйор ободу пешрафт буд, забт карданд, мардумонашро кушта, дороиашро ғорат карданд ва дар он маскан гирфта, барои тохт ба Суғду Бохтар ва дигар шаҳру рустои Осиёи Марказӣ омодагии сахт гирифтанд. То соли 709 гоҳ – гоҳ гургтозӣ (тохтҳои ғоратгарона) мекарданд. Вале соли 709 ҷиддан ба забти Суғду Бохтар оғоз карданд. Нахуст ба Пайканд, пасон ба Бухорову Самарканд ва дигар шаҳру рустои мардуми тоҷик тохт карданд. Ун корҳое, ки онҳо карданд, одами баҳуш намекард, танҳо девона ба чунин даҳшату ваҳшат даст мезанад. Ҳама шаҳру русторо хароб карда одамони бисйорро куштанд ва молу амволи мардумро ба йағмо бурданд. Дареғи он ҷонҳои ба обу оташ рафтаи мардуми мо (бисйор бонувони мо худро ба дарйои Ому партофтанд, то ин ки ба он регзорҳои тасфон нараванд ва бо ин аҳраманпешагон набошанд, аз бо онҳо будан марги сангинро беҳ донистанд). Дареғи ун марзу бум ва ун шаҳру деҳаҳои ободу зебо, ки хароби хатир ва аз даст рафта, нишемангаҳи бегонагон шуданд. Дареғ, он сари тоҷу он тахту дод, Дареғ, он бузургиву фарру нажод. Ҳаким Фирдавсӣ Дареғи ин хоки пок, ки ба хуни нопоки бегонагон олуда шуд. Майдони набард ва тохту този аҳраманпешагон гашт. Аз рӯи асарҳои таърихӣ ва мушоҳидаҳо ҳатто кор то ҷое расидаст, ки имрӯз шойад хато накунем, агар бигӯем: Хоки Ирон монду ё Раб, марди иронӣ (порсу тоҷик) намонд. Ба ҷуз ин бадбахтиву харобиҳо мардуми порсу тоҷик аз мусулмону мусулмонӣ чизе нагирифтанд. Чунин аст мусулмон ва мусулмонӣ. Чунин аст фарҷоми диноварӣ. Ғорат бикуниву моли мардум бибарӣ, Кофар бошам агар мусалмон бошӣ. Ҳилолӣ. Пас аз забти Суғду Бохтар ва дигар гирду атроф ба зиндагии мардум қоидаҳои исломро ҷорӣ карданд. Мардуми тоҷикро ба худ хизматгор карда, ба корҳои сангину вазнин истифода бурданд. Ҳатто онҳоро ба диёри худ бурда бо нерӯи онҳо ба худ шаҳр ва роҳу пулҳо рост мекарданд. Яке аз ин ситамгарон Саид ибни Усмон буд, ки ҷавонмардони Бухориро ба гарав бурда, ба регзорҳои тасфон бо ситаму ранҷи гарон ва бо зарби дарраву теғ, гушнаву ташна кор мефармуд. Онҳо ба чунин вазнинӣ тоб наоварда, ӯро куштанд ва аз он ҷо фирор карданд. Зиёд ибни Убайдуллоҳ ва дошиёни дигар низ нисбати порсу тоҷику курд, эзадӣ ва дигар порсигӯён даҳшату ваҳшати чашмнодиду гушношунид карданд. Сад дареғ, ки ин мардуми озоду соҳибфарҳанг ба ин бадавиёни морхор дастнигару хидматгор шуданд. Бишуд хор ҳар кас ки буд арҷманд, Фурӯмоя гардид азизу баланд. Ҳаким Фирдавсӣ Онҳо ҳама китобҳо ва ҳама урфу одатҳои неки тоҷикиро нест карданд. Ва имрӯз фарҷоми бади онро дар гуфтору рафтори бисёре аз ҳамдиёронамон (ба вижа қутайбазодаҳо) мебинем. Зи май нашъаву нағма аз чанг рафт. Зи гул бӯйу маънӣ зи фарҳанг рафт. Адаб хор шуд, ҳунар шуд вабол, Буриданд андешаро парру бол. Кунун беғамонро чи ҳоҷат ба май, Каронро чи суде зи овози най. Ки дар базми ин ҳарзагӯёни хом, Гуноҳ аст, бар гардиш овард ҷом. Дигар нӯшидани май, рақсу бозӣ, хуррамиву шодӣ ва хондани сурудро ин тудаи гарданзан нораво доштанд. Дигар мардуми боадаб ва ҳунарманд беқадр шуд. Танҳо онҳое, обрӯю иззат доштанд, ки ба куштану ғорат даст доштанд. Онҳое, ки ба хоки поки мо пои нопок гузоштанд, дузду роҳзан буданд. Ва ин хӯю хислати онҳо рӯҳан, ҷисман ва маънаван ба мардуми порсу тоҷик таъсири бад кард. Ҷаҳон пур шуд аз хӯи аҳриманӣ, Забон меҳр варзида, дил душманӣ. Ҳаким Фирдавсӣ Аксар мардум чун дошийон хӯ гирифтанд ва имрӯз ин куштор, дуздиву нопокие, ки дар зиндагии мо дида мешавад, фарҷоми тохти ун аҳриманон аст. Пароканда гардид бадӣ дар ҷаҳон, Газанд ошкоро шуду хуб ниҳон. Дар гузашта мардуми тоҷик некпиндор ва некгуфтору некрафтору буд. Донишвару пешавар ва созандаву бунёдкор буд. Дареғ, бисёре чун аҳраманон хӯ гирифтанд. Ба фарҷом як мардум (порсу тоҷик) ба суннию шиа ва ба зергурӯҳҳои динӣ, ба монанди ваҳобиву ҳанбаливу ҳанафиву шофеӣ ва ғайраву ҳоказо ҷудо гардида, то ба имрӯз хуни ҳамдигарро мерезанд. Ҳатто ҳангоми намоз масҷидҳои ҳамдигарро метарконанд. Олами беранг андар ранг шуд, Исавӣ бо Мусавӣ дар ҷанг шуд. Ҷалолиддини Балхӣ То замони шӯравӣ оромиву осоиш на танҳо ба мардуми порсу тоҷик, балки ба ун кафандузду ватандуздон ва аҳраманпешагон низ набуд. Мардум ба гурӯҳҳо ҷудо шуда ҳамдигарро мекуштанд. Имрӯз ин бало дар дигар кишварҳо давом дорад. Шӯравӣ муддате моро аз ин бало раҳонид. Пас аз парокандашавии Шӯравӣ ин қӯтайбазодаҳо боз сар боло карданд. Мардуми бисёрро куштанд ва кишварро хароб карданд. Андаке буд, ки кишвару миллат аз байн равад. Бо кӯшиши фарзандони фарзона, хосса ҷонбозиҳои шабонрӯзии Пешвои миллат-Президенти гиромии Кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷанг хомӯш шуд ва Кишвар аз нав бо ҳама арконҳояш пойдор гардид. Оромии сиёсиву, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ барпо шуд. Вале ун нобасомониҳо ба баъзе ҳамдиёрони мо, ба унҳое, ки то ҳол хуни нопоки ғуломӣ дар рагҳояшон ҷӯш мезанад, дарси ибрат нашуд. Ҳамоно ба сар андешаи барпо кардани зиндагонии замони ваҳшоният ва ба дасти бегонагон додани сарнавишти мардуму меҳани худро доранд. Ва онон омодаанд барои ин кор мардумро кушанд, кишварро аз нав хароб кунанд. Сайди худ сайёдро гӯяд бигир, Алъамон аз бандаи фармонпазир. Аллома Иқболи Лоҳурӣ Бояд бо роҳи ихтийориву маҷбурӣ онҳоро ба андешаҳои ҷаҳони имрӯза созгор кард. Зеро онҳо ҳоло ҳам хатарноканд. Гоҳо ба андеша меравад кас, Худо нохоста онҳо ягон пешравӣ кунанд, ба чи корҳои даҳшатбор даст мезананд. Мо шоҳид ҳам будем. Гурбаи мискин агар пар доштӣ, Тухми гунҷишк аз ҷаҳон бардоштӣ. В-он ду шохи гов агар хар доштӣ, Одамиро пеши худ нагзоштӣ. Саъдӣ Ҳодисаҳои солҳои охир дар кишварҳои араб бо иштироки бевоситаи пасмондаҳои ун аҳраманпешагон рух дод, далели ин гуфтаҳост. Тарроҳони ин бадбахтиҳо албатта кишварҳои неруманди ҷаҳон аст. Яке мехоҳад ҷойи дигареро дар кишварҳои араб ва дигар кишварҳо танг кунад. Вале дигаре намехоҳад мавқеи ӯ танг шавад ва барои ҳимояи худ аз чунин тундравону аҳраманзодагон ва роҳгумзадагону зархаридон истифода мекунад. Ҳатто бунёдгарони ин бадбахтӣ - кишварҳои пешрафт, мардумоне, ки худро фарҳангӣ мехонанд, аз нирӯи тундравони исломӣ истифода мекунанд. Вале самари талхи корҳои бади худро чашиданд ва чашида истодаанд. Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ, Чун яке хашм оварад кайфар барӣ. Саъдӣ Ҳодисаҳои пай дар пай сар задани бимангезиҳо дар кишварҳои ободу зебо ва пешрафт самари ҳамон бадкориҳои сардорони худи ин кишварҳо, кайфари ҳамон парвариши тундравони исломӣ мебошад. Онҳо гумон карданд, ки бо дасти ин девонагон кори худро ба сомон мерасонанд. Хато карданд. Инҳо на танҳо ба хоҷагони худ, балки ба падару модар ва меҳану мардуми худ дустӣ намекунанд. Ҳар кас, ки ба аҳли худ вафо накард, Нашавад дӯстрӯю давлатманд. Саъдӣ Чодарпӯшиву дар гардан тӯрбакашии баъзе бонувони мо, ба вижа мардумони бозорӣ хизмати хирсонаи ҳамин қориҳо аст. Ҳатто ҷинояткорону хоинони миллати мо аксар дар Туркистон ва баъзе кишварҳои дигар зери ҳимояти онон умр ба сар мебаранд. Барои он ки тундравӣ дар байни мардум кам шавад, ҳамдиёрони мо ба Шому Ироқ нараванд, пеш аз ҳама сохторҳои давлатиро аз чунин бешуурон пок бояд кард. Аз он мардум чи меҷӯӣ, ки муллойаш асои кӯр медуздад. Агар мо пеш аз ҳама андешаи инҳоро дигар накунем, бо мардуми оддӣ кор кардани мо самари хуб нахоҳад дод. Борҳо гуфта шуд, ки хондани намоз ва адои ҳамаи маросими динӣ бояд ба забонӣ тоҷикӣ анҷом дода шавад. Ин яке аз роҳҳои босамари мубориза бо ин бадбахтӣ аст. Шаст ё шохи ин тундравонро рус ва мардумони дигар шикастанд. Чун диданд, ки гарм кардани бозори ин девонагон ба худашон хатарнок аст. Дар гузашта низ мардумони сақлобу рум тавонистанд худро аз ин бардагон нигаҳ доранд, дареғ, ки мо натавонистем. Ойингарони тундрав ва ҳатто баъзе ҳамдийорони мо, ки корманд ҳастанд, ҳама ин куштору ғоратро, ки дар боло ёд карда шуд, фатҳу диноварӣ мехонанд ва аз он ғосибон пуштибонӣ мекунанд. Ҳар коре, ки ба куштору ғорат ва нооромиву ноҷӯрии мардум боис аст, хато ва гузашта аз он гуноҳи сангину вазнин аст, яъне ҷинояти махсусан вазнин аст. Дар ин росто мехоҳам баён кунам, ки ҳама гуна ҷиноят бахшиданист, вале хиёнат нобахшиданист. Наход, ки як бегона ба хоки ту даромада, гузаштагони туро кушад, дороиашро барад, мардумашро барда кунад, шаҳру деҳашро бисӯзад ва хок яксон кунад, бо духтаракони хурдсол ҳамхоба шавад, ту онро фотеҳу ғолибу мансур бихонӣ ва ин ҷиноятро фатҳу нусрат бидонӣ, сипосу сано бигӯӣ. Барои ин танҳо девона ё хоин бояд буд. Нафароне, ки ин ҷинояти сахтро дуруст мехонанд, дастгирӣ мекунанд, гумоне нест, ки имрӯз барпокунандагони Хилофатро низ дастгирӣ кунанд. Мо як бор хатои сахт кардем. Мардумро пароканда кардем, кишварро аз по задем. Мардуми парокандаро ба ҳам овардану кишвари аз по афтодаро ба по мондан, на кори осон буд. Воқеан ҳам мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асои миллату давлат шуданд. Ҷонфидоӣ, бехобӣ дар солҳои нооромӣ, ҳатто солҳои пас аз 2000-ум сапедадам ба кор пайвастан ва кӯшишу ранҷҳои беандозаи Пешвои бузурги миллат-мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барои сулҳу оромӣ ба ҷоҳои хатарноктарини даруну беруни кишвар рафтан ба ин боис шуд, ки имрӯз дар баробари ин ҳама тазоду чолишҳои ҷаҳонсӯз орому осуда ва серу пур зиндагӣ мекунем. Ба мусулмон гуфтан одам, одам намешавад, ба биҳишт намеравад ё хушбахт намешавад. Чи тавре, ки гуфтори мардумӣ ҳаст: Бо шакар гуфтан даҳон ширин намешавад. Барои ба биҳишт рафтану аз ранҷи дӯзах растан некпиндору некгуфтору некрафтор бояд буд. Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ, Қабули Ҳақ нашавад, гар диле бийозорӣ. Чи тавре, ки дар нигориши Саидмурод Фаттоҳзода – ҷониши якуми Раиси ҲХДТ гуфта шуд: «Аз мусулмонӣ ҳазор сол то ҳадди инсонӣ». То инсон набошӣ, мусулмонии ту бекора аст. Ай одам. Имрӯз, рафтори ин тундравонро мебинӣ, ба ин даҳшату ваҳшат ва харобиҳои гетӣ менигарӣ ҳамон гуфтаҳои Ҳаким Фирдавсии бузург аз забони Рустами Фаррухзод ёдрас мешавад. На ганҷу на тахту на ному нажод, Ҳаме дод хоҳанд гетӣ ба бод. Барои он ки онон гетиро ба бод надиҳанд, имрӯз кӯшиши муштараки мардумони неку накӯкор даркор аст, то ин ки ҷаҳон аз ин бадкорону аҳраманпешагон ва андешаву корҳои сӯзандаи онҳо пок шавад. Ба гуфтаи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ: Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем. Ба кӯшиш ҳама дасти неку барем. Тоҷикистон яке аз кишварҳои оромтарини рӯи Замин аст. Зиндагӣ низ хубу хуш аст. Танҳо софдилона кор кунему Меҳанро ободтар намоем. Ҷашни бистсолагии Ваҳдати миллиро ба хушиву хуррамӣ пешвоз гирифтем. Мо ба он кӯшем, ки Ваҳдати мо ҷовидонӣ бошад. Умед аст, ки дар солҳои бист Тоҷикистон аз имрӯза дида, боз ҳам пешрафтаву зебо мегардад. Пойтахти он-шаҳри Душанбе зеботарин шаҳри дунё хоҳад шуд. Имсол - Соли ҷавонон аст. Ба вижа ҷавонони мо бояд ростраву росткор ва ҷонфидои Меҳану Миллат бошанд. Хоку Об, Озодӣ, Тоҷу Тахт, Нишону Парчам, Забону Конститутсия, Пешвову Президент ва фарҳангу ҳунари дирӯзаву имрӯзаи худро гиромӣ доранд ва онҳоро нигаҳбониву меҳрубонӣ кунанд ва азиз бидоранд. Ин кори ҳар як Тоҷику Тоҷикистонӣ аст. Он ваҳшонияте, ки дар ин нигориш ёдрас шуд, самари кори мардумони даврони ҷоҳилият буд. Душманӣ варзидан, озори кас ҷустан кори хирадманд нест. Садаи бист одамонро дигар кард. Ва ҷаҳишу пешравиҳое, ки дар ин сада рӯи кор омад, дар рӯзгори гузаштаи одам дида намешуд.Пеш аз ҳама фарҳангу фаҳмиши одамонро дигар кард, ҳарчанд баъзе одамон боз ба ҳамон асли худ рӯ мекунанд. Партави некон нагирад ҳар, ки бунёдаш ба даст. Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст. Саъдӣ. Мо дар садаи бистуяк зери Партаву Парчами сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Кишвари азиз-Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ мекунем. Сиёосати дарҳои кушод. Бо ҳама мардум ва кишварҳо некхоҳу некбин ҳастем, равобити дӯстона дорем ва мо дар пайи онем, ки муносибатҳои худро дар риштаҳои гуногун оянда низ густариш бахшем. Зиндагӣ дар рушду нуму аст. Ҳар рою рафтори неку ҷонбахшро аз мардумони пешрафт бояд пазируфт. Мо зи Қуръон баргузидем мағзро, Пӯстро пеши сагон андохтем. Саъдӣ. ар чи боис ба ноҷуриву ноамнӣ аст, аз он сарфи назар бояд кард. Чунин бодо. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.